РАМАЗОН - МОҲИ ХАЙРУ САХОВАТ

Моҳи Рамазон моҳест, ки дар он барои ҳидояти мардум ба роҳи рост Қуръон фиристода шуд. Ҳамчунин ин моҳро нисбат ба дигар моҳҳо барои бандагонаш афзалтар шуморида, дарҳои биҳишт ва раҳмати Худованд ба рӯи инсоният кушода гардида, баракоти бепоёни ӯ бар вай фуруд омадааст.

Тибби Ғарб ва рӯзадорӣ

Тайи ним қарни гузашта таҳқиқоти зиёд ва гуногунабъоде аз сӯи марказҳои беҳдоштӣ ва клиникии баъзе кишварҳо дар бораи таъсири рӯза ва имсок ба саломатии ҷисмонӣ ва равонии инсон сурат гирифта ва баъзе донишмандони ғарбӣ онро ҳам ба ҳайси тибби беҳдоштӣ тавсия ва ҳам ба унвони усули дармонӣ барои анвое аз бемориҳо ба кор бурдаанд. Дар кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) низ натавонистаанд аз осор ва фавоиди беҳдоштӣ ва равонии имсок ва гуруснагӣ сарфи назар намоянд, балки Вазорати тандурустии СССР соли 1952 ба таври расмӣ онро ба унвони яке аз усулҳои дармонӣ таъйид намуд.

Чанд андеша дар ҳошияи «Паёми шодбошии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон»

Тавре ҳамагон огоҳ ҳастем, мову шумо дар моҳи мубораки Рамазон қарор дорем. Моҳи шарифи Рамазон ба худ фазилату раҳмати зиёд дорад. Дар баробари раҳматаш аз мо масъулияти баландро низ талаб менамояд. Ҳар як бандаи мусулмон, дар баробари худдорӣ кардан аз хӯрдану ошомидан, ба корҳои хайру савоб, мисли додани садақа, дастгирии оилаҳои ниёзманд, аёдати беморон ва амсоли инҳо масъул гардидааст.

Шогирдони имом Абуҳанифа ва ноқилони фиқҳи ӯ

Донистани фиқҳ ва манҳаљи Имом Абуҳанифа барои наслҳои баъдӣ танҳо ба воситаи кору фаъолият ва таълифу тадвини шогирдони ӯ имконпазир гаштааст. Ёрони Имом дар ҳалқаи дарс бо ӯ масоили мухталифро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, пас аз расидан ба як раъйи муайян онро китобат мекарданд. Ба ин муносибат лозим аст, то дар се маврид мулоҳиза ва ибрози назар шавад.

С какого возраста можно поститься детям и как правильно питаться в Рамазан?

«Священный месяц Рамазан как один из столпов священной религии Ислам является испытанием человеческого духа и тела, призывает людей к терпению, уважению друг к другу, милости и оказанию помощи нуждающимся и бедным».
Эмомали Рахмон
 

Моҳият ва зарурати таҳаммулпазирӣ

Дар шароити авҷ гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ ва тезутунд гардидани бархӯрди арзишҳо, махсусан арзишҳои дунявию динии бунёдгаро мақом ва нақши фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар таъмини сулҳу субот ва оромии ҷомеа ниҳоят бузург арзёбӣ мегардад. Ногузирии ҳамзистии фарҳангҳои гуногун ва зарурати пешбурди ҳаёт инсонро водор  сохтааст, ки роҳи созишу муросо ва сабру таҳаммулро коркард намояд ва ба зиндагӣ бо нигоҳи нав – некбинонаю хайрхоҳона назар кунад.  

Худшиносии миллӣ ва риояи талаботи қонунҳои миллӣ

Имрӯз 11 уми апрел тибқи нақша-чорабиниҳои Маркази исломшиносӣ бо Кумитаи кор бо занон роҷеъ ба мавзӯи худшиносии миллӣ ва риояи талаботи қонунҳои миллӣ ҳамчун гарави рушди маънавии давлатдории миллӣ директори Марказ Холиқзода А.Ғ. бо устодон, шогирдон ва раисони маҳалли атрофи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохўрӣ анҷом доданд. Дар вохӯрӣ Холиқзода А.

Мазмуну муҳтавои Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Санаи 7-уми апрели соли 2022 дар доираи нақша-чорабиниҳои муштараки Маркази исломшиносӣ бо Вазорати маоириф ва илми ҶТ Директори муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ” дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода А.Ғ. бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар мавзӯи мазмуну муҳтавои Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохӯрӣ анҷом дод.

Страницы

Яндекс.Метрика