Дунявият ва роҳҳои пешгирии сиёсисозии дин дар давлати миллӣ

Дар таърихи 31.05.2022 Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Дунявият ва роҳҳои пешгирии сиёсисозии дин дар давлати миллӣ» конфронси илмӣ- амалӣ барпо намуд. Дар кори корнфронс  мудири Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Одинашоҳ иштирок намуда суханронӣ намуданд. 

ТАЪЛИМОТИ МУҲАММАДИ ҒАЗОЛӢ ОИД БА ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ДАБИРОН

ТАЪЛИМОТИ МУҲАММАДИ ҒАЗОЛӢ
ОИД БА ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ДАБИРОН

ЭЪЛОН

Муассисаи давлатии "Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таърихи 31,05,2022 аз соати 09:00 дар бинои Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам конфренсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «ДУНЯВИЯТ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ СИЁСИСОЗИИ ДИН ДАР ДАВЛАТИ МИЛЛӢ» баргузор менамояд.
БАРНОМАИ
КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ- АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ «ДУНЯВИЯТ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ СИЁСИСОЗИИ ДИН ДАР ДАВЛАТИ МИЛЛӢ»

Проблема исламского фактора в политической жизни

По сути, это стало отражением общемировой тенденции, проявившейся в результате распада СССР, когда вместо противостояния двух социально-политических и социально-экономических систем пришла политика глобализации.1 Ее базовой основой стало теоретическое обоснование однополярного мира, в котором доминирующую роль играют США и их союзники, навязывающие безальтернативную либеральную модель демократии во всех других странах.

ФУРӮ НИШОНДАНИ ҒАЗАБ ВА БАХШОИШ

Марде назди Расули акрам (с.) омада гуфт: “-Ё Расуллаллох, маро васияте кун  кореро, ки чун он кор кунам, аз оташи дӯзах халос ёбам?”. Расули акрам (с.) гуфтанд, ки дар ғазаб машав. Он мард борҳо мегуфт: “– Ё Расулаллох, маро васият кун”. Расули акрам (с.) ҳамин мегуфт, ки ғазаб макун.
Маро коре биёмӯз, ки бад-он ба биҳишт равам.
Гуфт: Хашмгин машав, биҳишт турост (Аҳмади Дониш).
Ҳар касе фуру хурад хашмро ва қодир бошад бар рондани он хашм Худованди таъоло дили ӯро пурамну имон гардонад (ҳадис).

Вохуриҳои судманд

Сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ, Сайфуллоҳ Муллоҷонов рӯҳои 24-28-уми майи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода ва Шаҳринав бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муаллимони мактабҳои миёна мулоқот доир намуд. Дар рафти суҳбат атрофи арзишҳои миллӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа, аз ҷумла ифротгароӣ ва инчунин наши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар худшиносӣ ва бедории тоҷикон сухан ба миён омад. Дар ҷараёни мулоқот дар хусуси ҳифзи арзишҳои миллӣ ва истиқлоли кишвар дар шароити ноороми минтақа ва ҷаҳон низ таъкид гардид.

Абдураҳим Холиқзода: «Нафароне, ки ҳодисаҳои ВМКБ-ро тобиши динӣ додан мехоҳанд, нисбат ба дину мазҳаб хизмати хирсона мекунанд»

ДУШАНБЕ, 25.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳодисаҳое, ки дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба амал омаданд, ягон иртибот ба пайравии мардум ба мазҳаб, дин ё оине надорад. Ва иддае аз нафароне, ки онро тобиши динӣ додан мехоҳанд, бояд бидонанд, ки нисбат ба дин, мазҳаб ва миллати худ хизмати хирсона карда, обурӯ ва мақому манзалати имону эътиқоди инсониро назди мардум ва ҷомеаҳо коста мегардонанд». Ин нуктаро имрӯз Директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим ХОЛИҚЗОДА ба АМИТ «Ховар» баён дошт.

Тарғиби арзишҳои миллӣ ва давлатдории дунявӣ

Имрӯз дар асоси нақшачорабиниҳои Маркази исломшиносӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндаи марказ Анварзода Маҳрамбек бо ҳайати омӯзгорон, хонандагон ва волидайни мактаби рақами 60-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавзӯъҳои тарғиби арзишҳои миллӣ, зарурат ва қиммати давлатдории дунявӣ, пешгири аз зуҳуроти номатлуби ҳаракатҳои ифротӣ доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ Анварзода М. дар мавриди таълиму тарбияи насли наврас, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва роҳ надодан ба ҳар гуна андешаҳои бегона сӯҳбат намуданд.

Страницы

Яндекс.Метрика