Зӯровари алайҳи фарзанд як шакли тарбия?
Муҳимтарин вазифаи волидон таълим ва тарбияи фарзандон аст. Ба ҷиҳати назофату покӣ, иффат ва истиқомати ҷомеа, нақши модар дар боби тарбияи фарзандон ва ба воя расонидани насли нерўманду солим муассир ва салоҳу истиқомати ҷомеа ва саодати афрод ба он вобаста мебошад, ки гувоҳи нақши меҳварӣ доштани мавқеи зан дар маркази доираи иҷтимоъ аст. Аз сўйи дигар, тарбияи дурусти фарзандон дар ҳаёти минбаъдаи хонадон аҳамияти махсус дорад, ки бисёре аз ташвишҳои фикрӣ, парешонии аҳли хонадон ба иллати хуб ба роҳ намондани тарбияи онон мебошад. Ҳамчунин, фарзандон бар падару модар ҳуқуқ доранд. Падарро нашояд, ки фарзандонро зоеъ намояд, дар тарбияи онҳо сустӣ ва саҳлангорӣ намояд ва ба масолеҳи онҳо қоим набошад. То ҷое, ки агар байни падару модар ҳамдигарнофаҳмӣ бошад, ҳаққи фарзандон ҳаргиз ва ба ҳеҷ ваҷҳ соқит нагардад. Масъулияти фарзандонро бояд азим шуморид, зеро фарзанд амонати Худои таолост назди падару модар ва Худованд адои ҳуқуқи ин амонатро дар маҷмааи қиёмат дархост хоҳад кард: «Эй муъминон, хештан ва аҳли хонаи худро аз оташе, ки оташафрўзи он мардум ва сангҳо бошанд, нигоҳ доред! Фариштагони дуруштхў,сахтрў ба он оташ муваккаланд, Худоро дар он чӣ ба онҳо фармудааст, нофаромонӣ намекунанд ва он чиро мекунанд, ки ба онҳо ҳукм мешавад. (Сураи Таҳрим, ояти 6).
Дар ҳадисе омадааст:«Ҳаққи фарзанд бар падар он аст, ки ба ў номи нек биниҳад ва навиштан омўзад ва чун ба балоғат расад, ўро издивоҷ намояд» ё худ дар ҳадиси дигар мефармояд: «Падар ба фарзанд аз одоб беҳтар чиз набахшидааст».
Агар падару модар ва устод аз аҳли хайру салоҳ бошанд ва фарзанд дар муҳити хайру илм ба камолот расад, салоҳу тақво ва ахлоқи накў ва афъоли марғуб, илму дониш табиати он фарзанд бошад ва саодати ҳар ду ҷаҳон насиби ў гардад. Табиатан, фарзанд тарбияи падару модарро қабул менамояд, чунонки дар ҳадис гуфта шудааст: «Ҳар фарзанд, ки таваллуд шавад, дар асли офаришин бар имони сириштӣ таваллуд шавад. Сипас, падару модар ё ўро яҳудӣ ва ё насронӣ ва ё маҷусӣ гардонанд».
Аммо, агар падару модар аҳли хайру салоҳ набошанд ва ба тарбияи фарзанд ҷиддан машғул нашаванд, ниҳоли боғи умеди волидайн ба ҷуз лаънат самаре наоварад ва ҷаҳлу ғурур, ахлоқи нописандидаву афъоли ношоиста шеваи муқаррарии он фарзанд шавад ва хору бадбахт дар ҳар ду ҷаҳон гардад ва падару модар ва устод дар гуноҳи ў шарик ва рўзи қиёмат ба азоби алим гирифтор оянд. Падару модар бояд ба фарзандон мушфиқу ғамхор бошанд. Нақл аст, ки ҷамоае аз бодиянишон ба сўҳбати Пайғамбар (с) даррасида, пурсиданд:
Шумо фарзандони худро мебўсед? (Шояд, пас аз мушоҳида пурсида бошанд.) Расули акрам (с) фармуданд: Оре! Гуфтанд: Валекин мо онҳоро набўсидаем. Фармуд: Чун аз дили шумо Худованд раҳматро кашида бошад, ман натавонам ҷояш намоям.
Зўроварӣ нисбати зан ва кўдак танҳо аз шаллоқ задан ва таҳқир кардан иборат набуда, якчанд шаклҳои дигарро низ дар бар мегирад:
1.Хушунат ва сўйистифода;
2.Таҷовузи ҷисмонӣ ва ҷинсӣ;
3.Истисмори иқтисодӣ;
4.Бепарвоӣ ва саҳлангорӣ;
5.Рўй турш кардан ва пайваста сарзаниш кардан;
6.Истифодаи алфози носазо, пасту таҳқиркунанда ҳангоми хитоб ба кўдак;
7.Диққат надодан ба суханони кўдак ва камарзиш шумурдани фикру андешаи ў;
8.Маҳрум кардани кўдак аз иртибот бо дигарон – амале, ки бахусус кўдакони маъюб дар маърази он қарор дода мешаванд.
Таҷовузи равонӣ ва отифии кўдакон нақзи ҷиддии ҳуқуқҳое мебошад, ки ислом барои кўдак муқаррар намудааст. Падару модарон ва онҳое, ки бо кўдакон сару кор доранд, барои бо меҳрубонӣ, муҳаббат ва раҳму шафқат фаро гирифтани онҳо, дур кардани онҳо аз дағалӣ ё сарзаниши каломӣ ва ҷисмонӣ, масъул мебошанд. Паёмбар (с) дар робита ба муомила бо кўдакон мефармоянд: “Аз мо нест касе, ки ба кўдакон раҳму шафқат зоҳир накунад.” Ин ҳадис ба ҳамаи онҳое, ки алоқаманданд, нигаронида шудааст ва ба падару модарон маҳдуд намешавад. Паёмбар (с) дар муомила бо кўдакон муҳаббат ва раҳму шафқати зиёд зоҳир менамуданд.
Одоб омўзондани кўдак бояд бидуни истифода аз хушунат ё лафзи қабеҳ сурат гирад, вале кўдакон бояд бо шараф ва боварӣ ба худ тарбия ёбанд. Маҳз дар ҳамин партав мо ҳадиси Паёмбарро (с) мефаҳмем, ки фармуданд: “Худо раҳмат кунад он падару модарро, ки дар фарзанди худ рафтору муносибати некро нисбат ба волидайн тарбия менамояд. Ба ибораи дигар, падару модаре зери сояи раҳмат қарор мегиранд, ки фарзанди худро дар натиҷаи сўйистифода ва бепарвоӣ нисбат ба ўҳдадории худ дар баробари кўдак ба сўи ношукриву носипосӣ ва бемеҳрӣ намебаранд.
Бо назардошти ҷоиз набудани зараррасонӣ, ҳеҷ падару модар (ё муаллим ё корманд) ҳуқуқ надорад, ки кўдакро шаллоқ занад; ин боиси зарари равонӣ ва ҷисмонӣ мегардад. Шариати ислом ҳам зарари равонӣ ва ҳам ҷисмониро манъ кардааст. Дар рафтор бо кўдакон, шариат моро водор мекунад, ки мо онҳоро дар оғўш гирем ва нисбати онҳо меҳру муҳаббат зоҳир намоем. Мо бояд рушди табиии кўдак ва он чизҳоеро, ки ҳар як марҳалаи ташаккули он тақозо менамояд, ҳамвора бо эҳтиёҷоти мухталифе, ки фаҳмиш ва огоҳии моро ногузир месозад, ба инобат гирем. Интизор меравад, ки мо ба шахсияти кўдак эҳтиром гузорем ва хирадмандона боварӣ ба худ, қобилияти ба ҳаёт ворид шудан ва бо мушкилоти он рўбарў шуданро дар ў тақвият диҳем. Паёмбар (с) фармуданд: “Бо кўдак ҳафт сол бозӣ кунед; ҳафт соли дигар ўро ҳамроҳӣ кунед; баъд ўро ба ҳоли худ раҳо кунед, то ки зиндагии худро пеш барад.”
Намунаҳои хуб, подош ва ҷазо ҳама пояи асосии тарбияи солим маҳсуб меёбанд. Падару модарон, муаллимон ва ҳамаи онҳое, ки бо кўдакон дар марҳилаҳои мухталифи тарбия ва ташаккул кор мекунанд, барои кўдакон намунаи ибрат ва пайравӣ маҳсуб меёбанд. Паёмбар ба онҳо хитоб намуда, мефармоянд: “Ба касе, ки дар ислом роҳи хуберо оғоз мекунад ва баъд аз он дигарон аз он роҳ пайравӣ мекунанд, савобе мисли савоби тамоми онҳое, ки аз ин роҳ пайравӣ мекунанд, навишта мешавад ва подоши ҳеҷ кадоме аз онҳо заррае кам намешавад. Ба касе, ки дар ислом роҳи бадеро оғоз мекунад, ў бори гаронии ин гуноҳ ва гуноҳи онҳое, ки аз ин роҳ пайравӣ мекунанд бидуни заррае кам кардани ин бори масъулият ба дўш мегирад.”
Хонандаи гиромӣ!
Дар хонадоне, ки хушунат ва зўроварӣ ҳамчун «қоидаи зиндагӣ» қабул гаштааст, кўдакон бештар зарар мебинанд. Зеро аз як тараф шоҳиди зарбу лати модар аз ҷониби падар ва аз тарафи дигар «қурбон»-и аламгирии модар мегарданд.
Фарзанде ки дар чунин муҳит ба воя мерасад, аввалан маъюс ва рўҳафтода гашта, дар оянда як шахси беҷуръат ва тарсу мегардад. Сониян, чун ба воя бирасад дар ҳаёти оилавии худ аз ҳамон принсипҳое истифода менамояд, ки худ дар хурдӣ мушоҳида менамуд, яъне зўроварии хонаводагӣ барои ў низ «қоидаи зиндагӣ», яъне як амали муқаррарӣ маҳсуб меёбад.
Имрўз дар назди баъзеҳо чунин қабул шудааст, ки задани кўдак як шакли тарбия аст. Бояд дар хотир дошт, ки аз ҳама гуна ҷазои ҷисмонӣ ҳамчун воситаи одобомўзии кўдакон бояд дурӣ ҷуст. Падару модари кўдак, муаллим ё корманд ҳеҷ гоҳ набояд ба он рў оранд. Усулҳои зиёди дигари омўзонидани одоб даст кашидан аз додани ҳадяҳо, машварат додан ва насиҳат кардан, муваққатин инзиво кардан, ё шартан маҳрум кардан аз фароғат ва вақт барои бозиро дар бар мегиранд. Ин ва дигар усулҳо, ки кўдак онҳоро ҳамчун як шакли одобомўзӣ ё ҷазо мепиндорад, дар муқоиса бо ҷазои ҷисмонӣ барои расонидани матлаб ба кўдак, ба монанди таъкиди анҷоми амале ё дурӣ ҷустан аз он, самараи бештар доранд. Таҳқиқотҳои муосир алайҳи оқибатҳо ва таъсири манфии шаллоқзанӣ ҳамчун усули тарбиявӣ ҳушдор медиҳад, чунки он метавонад хоҳиши бо хушунат ва зўроварӣ вокуниш нишон доданро ба миён орад. Таҳқиқотҳо ба он далолат мекунанд, ки бештари калонсолоне, ки дар таълими одоб ба кўдакон ё муносибат бо онҳое, ки аз худашон заифтаранд, ба хушунату зўроварӣ рў меоранд, умуман дар кўдакӣ худашон қурбонии хушунат будаанд.
Роҳҳои пешгирии зўроварии хонаводагӣ
Зўроварии хонаводагӣ ба маънии томаш падидаи печида, ки зулми ҷисмонӣ, таҷовузи ҷинсӣ, озори каломӣ, зулми равонӣ, маҳрумияти отифӣ, беэътиноӣ ба эҳтиёҷоти моддӣ ва маънавии занон ва кўдакон, вогузории кўдакон бидуни диққат ба шахсе, ки бояд онҳоро нигоҳубин намояд, дар бар мегирад.
Сустӣ дар муқобилият бо хушунати оилавӣ ва иҷтимоӣ алайҳи кўдакон ва бепарвоӣ нисбат ба ўҳдадорӣ оид муҳофизати онҳо аз чунин хушунат метавонад боиси оқибатҳои нохуш гардад. Бояд ба ду нукта диққат дод:
Аввалан, меъёрҳои ҳукмфармои ҷомеа метавонанд ба ин чашм пўшанд ё ҳадди ақалл чизи нодурустеро дар ҳама ё баъзе одатҳои хушунатомез, ки пайдарпай ва зуд-зуд рух медиҳанд, пайдо накунанд. Вақте ки чунин ҳодиса рух медиҳад, зан ё кўдаки қурбонии хушунат наметавонанд дар бораи хушунат нисбат ба худ хабар диҳад. Сабаби он бовариест, ки ҳеҷ кас ба онҳо хоҳиши кўмак кардан надорад, чунки ҳар он чӣ рух медиҳад, метавонад ҳамчун як падидаи қобили қабул пиндошта шавад.
Баъдан, таъсири манфии ин одатҳо, бо ғайр аз мавридҳое, ки мустақиман боиси худкушии занон, марги кўдак ё расонидани осеби ҷиддӣ ба онҳо мегарданд, метавонад ноаён ё ғайри қобили эҳсос бошад ва пай бурдани он метавонад мушкил бошад. Чунин таъсирҳо, ба ҷуз дар муддати тўлонӣ, метавонанд зоҳир нашаванд. Зарари равонӣ метавонад бо ноумедӣ, набудани боварӣ ба худ, хониши начандон хуб дар мактаб, инзиво ва набудани шавқ ба иштирок дар ҳеҷ гуна машғулият, чӣ дар оила, чӣ дар мактаб ё чӣ дар ҷомеа шиддат гирад. Кўдаконе, ки мавриди чунин хушунат қарор мегиранд, имкон дорад ба одатҳои бад майлу рағбат пайдо намоянд, аз хона гурезанд ё ҳатто қасди худкушӣ кунанд. «Молу фарзандон ороиши зиндагонии дунё аст ва некиҳои пояндаи шоиста назди Парвардигори ту аз рўи савоб беҳтаранд ва аз рўи умед доштан хубтаранд». (Сураи Каҳф,ояти 46).
Паёмбари акрам (с) низ дар мавриди муҳаббати кўдакон ҳадисҳои зиёде фармудаанд. Аз ҷумла, он ҷаноб мефармоянд:
-«Фарзанд ҳафт сол сарвар, ҳафт сол фармонбардор ва ҳафт сол вазир аст» («Макорим ул ахлоқ» -и Табарсӣ, саҳ.222).
-«Бозии зиёди давраи кўдакӣ сабаби афзоиши ақл дар калонсолӣ» («Канз-ул- уммол», ҳадиси 3047).
«Фарзандони худро гиромӣ доред ва тарбияи хуб кунед, то гуноҳони шумо омурзида шаванд» («Сунан»-и Ибни Моҷа, ҷ.2 саҳ.1211).
«Адолатро байни фарзандонатон риоя кунед, ҳамон гуна, ки шумо низ дўст доред дар некӣ ва лутф ба худатон адолатро риоя кунанд» («Ҷомеъ- ус- сағир»- и Суютӣ, саҳ. 74).
«Ҳамоно ҳар дарахте мевае дорад ва меваи қалби инсон фарзанд аст» («Файз- ул- қадир»-и Мановӣ, ҷ.2, ҳадиси 2413).
«Касе фарзанди хурдсол дорад, бояд бо ў бозӣ кунад» («Канз- ул- уммол», ҷ.16, саҳ 457).
«Фарзанди шоиста ва хуб гуле аз гулҳои биҳишт аст» (Кофӣ, ҷ.6, ҳадиси 10).
Дар партави дастуроти боло моро зарур аст, ки нисбати зану фарзанд ғамхору меҳрубон бошем, зеро онҳо дар дасти мо амонатанд. Танҳо шахси фосиқ метавонад ба зану фарзанди худ даст бардорад ё онҳоро носазо гўяд. Занон барои мо ғизо тайёр мекунанд, либосҳоямонро мешўянд, фарзандонамонро шир медиҳанд, ҳол он ки онҳо шаръан ба ин корҳо вазифадор нестанд.
Мутмаин бар онам, ки пас аз мутолиаи мақола муносибати хонандагон нисбати зану фарзанд беҳтар мегардад, зеро риояи одоб рукни бузургтарини Ислом аст. Мақсад аз намоз адаб аст, мақсад аз рўза адаб аст, мақсад аз имон адаб аст. Дар ин маврид Мавлавии Румӣ чунин фармудаанд:
Кардам аз ақл суоле, ки бигў имон чист?
Ақл бар гўши дилам гуфт, ки имон адаб аст.
Абдураҳмон Ваҳобзода - муовини директори Маркази исломшиносӣ