Амнияти миллӣ ҷузъи амнияти ҷаҳон аст (Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ (аз 28.12.2024)

Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.
Эмомалӣ Раҳмон
Солҳои охир ба масъалаи таъмини амнияти миллӣ ва нақши давлат дар ҳалли ин масъала диққати махсус дода мешавад.
Зимни ироаи Паём яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар он зикр гардид, масъалаи ҳифзи суботу амнияти миллӣ ба ҳисоб мерафт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои қаблиашон низ аз “мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав — терроризм ва экстремизм, вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра, инчунин шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам» изҳори нигаронӣ карда буданд”.
Бо дарназардошти вазъи имрӯза, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ 28 -уми декабри имсол низ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки “моҳи майи соли 2018 бо ташаббуси Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону кишварҳо дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки номи «Раванди Душанбе»-ро гирифтааст, баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш Тоҷикистон мавқеи устувори худро дар хусуси ба роҳ мондани ҳамкориҳои густурда ва ҳамоҳангшудаи байналмилалӣ иброз намуд”.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “дар ин ҷода, мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст”.
Пешвои миллат зимни ироаи Паём вазъи имрӯзаи ҷаҳонро чунин баён намуданд: “Вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доранд, ҳамоно боиси нигаронӣ мебошанд.
Вазъи муташанниҷи сиёсии ҷаҳон таҳдиду хатарро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, афзоиш бахшида истодааст.
Давлатҳое, ки аз ғояҳои террористӣ ҷонибдорӣ мекунанд дар оянда низ ҳамчун заминаи рушди терроризм баромад намуда, барои гузаронидани технологияҳои гуногуни «ҷангҳои омехта» ба монанди «ҷангҳои террористӣ», «ҷангҳои мухаддиротӣ», «ҷангҳои иттилоотӣ», «ҷангҳои киберӣ» ва ғайра бар зидди кишварҳои Осиёи Марказӣ, боқӣ хоҳад монд.
Ҳамин тариқ, маврид ба зикр аст, ки таҳдиду хатарҳои терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, аслиҳа ва ҷиноятҳои дигари фаромиллӣ, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баъзеи онҳо дар Паёми худ мутазаккир шуданд, ҳамоно ҷой доранд.
Аз муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки яке аз масъалаҳои асосӣ дар назди Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳури масъалаи таъмини амнияти миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти миллӣ чораҳои муассир меандешад.
Дар фароварди Паём Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватани аҷдодиамон ва мунтазам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳар рӯз ва ҳамеша саъю талош намоем.
Аз ин рӯ, дар таъмини амнияти миллӣ лозим аст, ки тамоми мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, дигар қишрҳои ҷомеа ва аҳолӣ муттаҳид шаванд. Дар ҳама вазъияти сиёсӣ чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳимоятгари манфиатҳои давлату миллат ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат бошем.
 
Абдуллоҳи Қодирӣ - сардори шуъбаи иттиллот ва ташхиси диншиносии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Яндекс.Метрика