Суфён ибни Уяйна ривоят мекунад ва мегўяд, ки аввалин шахсе, ки ўро ба ҳифзи ҳадис ташвиқ кардааст, Абуҳанифа аст, зеро Абуҳанифа ба дигар донишмандон эълон кардааст, ки аз Суфён ҳадис бигиранд. Суфён ибни Уяйна ривоят мекунад, ки: «Чун ба Куфа расидам, Абуҳанифа ба мардум гуфт, ки ин Суфён дар хадис аз Амр ибни Динор донишмандтар аст». Яъне, Суфён ибни Уяйна на танҳо имоми ҷарҳу таъдил, балки аз донишманди бузурги ҳадис буд ва Абуҳанифа донишмандест, ки дар ташаккули Суфён ибни Уяйна ба унвони яке аз муҳаддиси бузург саҳм гузоштааст.
Аз ин бармеояд, ки имом Абуҳанифа на танҳо муҳаддис, балки шахсияти донишманди мухаддис тарбия кардааст. Ҳасан ибни Солех, ровии Саҳеҳ ал Бухорӣ гуфтааст: «Абуҳанифа, ки бо садоқати худ ба роҳи пайравони ҷамоат барҷаста буд, аз илми носих ва мансух бохабар буд, аҳодиси сокинони Куфаро хеле хуб медонист, тамоми аҳодис ва асарро, ки ба сарзамини он расида буд, омухта буд».
Ҳамчунон, ки шоҳидӣ медиҳад суханони муаллифи Ал-Ҷавҳар-ул Музийя: «Абуҳанифа дар масъалаи ҷарҳ ва таъдил яке аз олимоне буд, ки суханаш қурби махсус дошт, ҳамон тавре, ки муаллиф мегӯяд, ҳамчун дигар олимон ба монанди Имом Аҳмад, Бухорӣ, Ибни Муин ва дигарон, ки ҳуҷҷат меоварданд ва такя бар далелҳои худ амал карданд. " Муҳаққиқони мазҳаби Абуҳанифа бешак пай хоҳанд бурд, ки иҷтиҳодҳои ӯ ба ҳадиси саҳеҳ мухолиф нестанд. Муаллифи китоби «ал-Қомус».
Муртазо аз-Зобидӣ дар асаре бо номи «Уқудул-чавҳар-ул мунифа фи адиллати Абу ҳанифа» ҳадисҳоеро гирд овардааст, ки Абуҳанифа ба онҳо такя карда ва аз ҷониби олимони муътабари қитобҳои ситта эътироф шудааст. Агар ба суханони онҳое, ки иддао доранд, ки Абуҳанифа танҳо 17 ё 50 ё 150 хадис медонист ва (ба гуфтаи онҳо) нисфи онҳо муътабар нестанд, бовар кунем, пас садҳо иҷтиҳоди имом чи гуна ба ҳадисҳои муътамад мувофиқат мекунанд? Табиист, ки ин бемаънист. Аксари ҳадисҳои он замонро медонист, баъдан саволҳои ба миён омадаро ҳал мекард. Яҳё ибни Муин мегӯяд, ки Вақеъ ибни Ҷарроҳ бар асоси ақидаи Абуҳанифа фатво додааст ва тамоми ҳадисҳоеро, ки аз Абуҳанифа шунида буд, аз ёд кардааст. Ва шахсан аз Абуҳанифа ҳадисҳои зиёде шунидааст.
Мо медонем, ки ҳам Яҳё ибни Муин ва ҳам Вақеъ ибни Ҷарроҳ аз муҳаддисҳои бузург будаанд. Ҳамчунин, Вақеъ ибни Ҷаррроҳ аз шайхҳои имом Шофеӣ буда, бар асоси фатовои Абуҳанифа фатво медод ва ҳадисҳои имомро ҳифз кардааст - ҳамаи инҳо аз мақоми баланди Абуҳанифа дар илми ҳадис далолат мекунад.
Ҳоким Абуабдуллоҳ ан-Нишопурӣ дар асари худ «Маърифат-ул-улум-ул-ҳадис» дар бахши чилу нуҳум бахшида ба «Ал-аимма ас-сиқатул-машҳурин» (мӯъмини маъруф) зикр кардааст: «Дар ин бахш илм ва дониши имомони маъруфи мӯътамад аз тобиин ва пайравони онҳост ва дар байни мардуми Куфа аз имом Абуҳанифа ёдовар шуд. Ва дар баробари ӯ имомони дигар низ зикр шудаанд, аз ҷумла Амир-аш Шаъбӣ, Саид ибни Ҷубайр, Иброҳим Нахай, Абу исҳоқ ас-Суютӣ, Мансур ибни Муътамир, Аъмаш, Суфёни Саврӣ ва бисёри дигарон. Таваҷҷуҳ кунед, ки ин баёнгари он аст, ки Ҳоким имоми Аъзам Абуҳанифаро аз муҳаддисҳои мӯътамади гузашта медонад.
Бузургии худи Абуҳанифаро шогирдонаш, инчунин аз олимони бузург - муҷтаҳидон метавон баҳо дод. Фақат чанде аз онҳоро номбар кардан кифоя аст: Абдуллоҳ ибни Муборак, Имом Молик ибни Анас, Абуюсуф, Муҳаммад-аш Шайбонӣ, Имом Зуфар ва дигарон.
Хусусиятҳои усули Имом Абуҳанифа
Усули Абуҳанифа дар интиқоли ҳадис аз усулу равиши классикӣ фарқ мекард. Аз баски вазифаи олимони классикии ҳадис (муҳадиссин) асосан дар ёд кардани ҳадисҳо ва интиқоли минбаъдаи онҳо буданд, онҳо ба масъалаҳои фиқҳӣ таваҷуҳ зоҳир намекарданд ва ба инобат намегирифтанд. Оид ба ин Абу ҳанифа гуфт: "Олими ҳадис, ки аз илми фиқҳ бархурдор нест, дорухонаест, ки ҳама намудҳои маводи дорувориро ҷамъоварӣ мекунад, аммо намедонад, ки кадоми онҳо бояд ба бемор таъин карда шавад. Ба ҳамин монанд, олимони ҳадис тамоми ҷанбаҳои илми ҳадисро намедонанд, то он даме ки олими фикҳ онро равшан намояд. ". Ва бояд қайд кард, ки ҷудо намудани олимон ба Асҳоби Раъй ва Асҳоби аҳли- Ҳадис ба он алоқаманд нест, ки оё қодиранд онҳо ба гуфтани ин ё он ҳадис ҳамчун ҳуҷҷат ва бурҳон, балки ин алоқаманд аст ба хусусиятҳои усули онҳо.
Абуюсуф гуфт: «Ман лоиқтаре аз Абуҳанифа, ки коршиноси илми ҳадис бошад надидам. Инчунин, дар мавзуи таъбири ҳадис касе ба ў баробар нест. Имом Заҳабӣ ва ибни Ҳаҷар ал-Маккӣ менависанд, ки имом Абуҳанифа як олими бузурге дар илми ҳадис буд. Ӯ аз 4 ҳазор коршиноси илми ҳадис ҳадисҳо қабул мекард, ки 300 нафарашон олимони насли тобиин буданд. Ибни Ҳаҷари ал-Маккӣ, донишманди мазҳаби Имом Шофеӣ дар китоби «Қавоъид» менависад, ки замоне як донишманди барҷастаи арсаи ҳадис Аъмаш, ки ҳофиз буд, яъне 100 ҳазор ҳадис бо иснод медонист, аз имоми Аъзам Абуҳанифа пурсид, ки дар баъзе масъалаҳо тавзеҳот диҳад. Имом дар бораи ҳар як савол қаблан ҳадис гуфта, посухҳои муфассал дод. Аъмаш дониши амиқи имомро дар ҳадис дида, ба шарҳи ҳайрат тоб оварда натавонист: «Шумо факеҳон мисли табибони касбӣ хастед. Мо, муҳаддисон, мисли дорусоз, назди шумоем. Мо ҳадисҳоро мерасонем ва дар бораи интиқолдиҳандагонашон сӯҳбат мекунем. Аммо танҳо шумо маънои аслии онҳоро мефаҳмед!».
Идома дорад…
Сармутахассиси шуъбаи пажўҳиши ҳуқуқи исломӣ Наботов М.А.