Ҷаҳони оянда ҷаҳони " ҳувиятҳо" аст!

Миллате, ки дар асри ҷаҳонишавӣ дар ҷустуҷӯи ҳувият аст ва Сулҳро беҳтар аз ҷанг медонад ва иттиҳоду дӯстӣ ва ҳамбастагиро дар радифи Истиқлолият ва Иди Ғалаба таҷлил мекунад шикаснопазир аст!

Ваҳдати ману ту поянда бод!

Абдуллоҳи Қодирӣ - мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Гавҳари пинҳон

Рӯзе ҳазрати Мӯсо ба Офаридгор гуфт:
- Эй Худои донову тавоно! Ҳикмати ин кор чист, ки мавҷудотро меофарӣ ва боз ҳамаро хароб мекунӣ?
Худованд фармуд:
- Эй Мӯсо! Хуб медонам, ки ин саволи ту аз рӯйи нодонӣ нест. Вагарна туро ба хотири ин савол сарзаниш мекардам. Аммо медонам, ки ту мехоҳӣ розу ҳикмати ин рафторро бидонӣ ва аз асрори офариниши одам огоҳ шуда, мардумро аз он хабардор кунӣ. Ин савол аз илм бармехезад. Ҳам савол аз илм бармеояду ҳам ҷавоб. Ҳам гумроҳӣ аз илм оғоз мешавад ва ҳам ҳидояту наҷот. Чуноне ки дӯстӣ ва душманӣ аз ошноӣ бармехезад.

Гавҳари пинҳон

Рӯзе ҳазрати Мусо ба Офаридгор гуфт:
- Эй Худои донову тавоно! Ҳикмати ин кор чист, ки мавҷудотро меофарӣ ва боз ҳамаро хароб мекунӣ?
Худованд фармуд:
- Эй Мусо! Хуб медонам, ки ин саволи ту аз рӯйи нодонӣ нест. Вагарна туро ба хотири ин савол сарзаниш мекардам. Аммо медонам, ки ту мехоҳӣ розу ҳикмати ин рафторро бидонӣ ва аз асрори офариниши одам огоҳ шуда, мардумро аз он хабардор кунӣ. Ин савол аз илм бармехезад. Ҳам савол аз илм бармеояду ҳам ҷавоб. Ҳам гумроҳӣ аз илм оғоз мешавад ва ҳам ҳидояту наҷот. Чуноне ки дӯстӣ ва душманӣ аз ошноӣ бармехезад.

Таманниёти директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқ, Холиқзода Абдурраҳим бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Устодону шогирдон ва ҳамкорони гиромӣ, Шуморо ба муносибати ҷашни 25 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки он дар таърих бо номи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сабт шудааст, аз номи худ ва Маркази исломшиносӣ самимона шодбош мегӯям. Воқеан ҳам, Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон, ки ҳар сол 27-уми июн ҷашн гирифта мешавад, на танҳо рӯйдоди муҳиму беназир барои тоҷикистониён, балки тавре таъқид мегардад, бо бисёр ҷиҳатҳои хосаш таваҷҷуҳи созмонҳои бонуфузи байналмилалиро ба худ ҷалб намудааст.

Хониши идоравӣ оид ба омӯзиши дастаҷамъонаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар Маркази қонунгузорӣ

 
Ҳафтаи равон, Сайфуллоҳи Муллоҷон - сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ, доктори илмҳои таърих дар Маркази миллии қонунгузорӣ силсилаи хониши идоравӣ оид ба омӯзиши дастаҷамъонаи китоби «Тоҷикон» - и Бобоҷон Ғафуровро баргузор намуд.
Дар рафти баргузории хонишҳои илмӣ ба чанд масъала таваҷҷуҳ карда шуд. Нахуст С. Муллоҷон дар хусуси заминаҳои таърихии ба вуҷудомадани китоби «Тоҷикон» ва нақши он дар худогоҳии миллӣ суханронӣ кард. Пас аз суханронӣ ба суолҳои кормандон посух дода шуд.
Лозим ба ёддоварист, ки дар давоми як моҳ чаҳор ҷаласа баргузор карда шуд.

Фиқҳи тақдирӣ ва Абӯҳанифа

        Идомаи мақолаи қаблӣ...
Ҳаҷавӣ андеша дорад, ки Абӯҳанифа (р) аввалин муассиси фиқҳи тақдирӣ набуд. Лекин ӯ ин фиқҳро бо қиёсу масъалаҳои ҷузъӣ ривоҷу равнақ додааст. Ман андеша дорам, ки пеш аз Абӯҳанифа (р) миёни фақиҳони раъй ин навъи фиқҳ низ вуҷуд дошт. Агарчанде, ки Иброҳими Нахаъӣ аз фиқҳи тақдирӣ худдорӣ мекард ё дурусттараш дар ин ҷода ба ниҳояти он нарасида буд, танҳо масъалаҳоеро ҷавоб медод, ки пурсида мешуд, аммо аз пеши худ масъалаеро тафриъ намекард.

Ҷашни Ваҳдати миллиро тақдир бояд кард!

            Фазилати таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар ҷашнҳои расмӣ ва миллии мо дар он аст, ки тавассути баргузор кардани чунин чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ хотираи таърихӣ, ифтихори миллӣ, ҳиссиёти ватандӯстӣ, якдиливу ҳамгироӣ ва арзишҳои дигари давлати соҳибистиқлол ва миллати мутамаддину сулҳдӯсти Тоҷикистон таҳким ва такомул ёфта, ба ин васила амнияту ваҳдати милливу давлатии Тоҷикистон ва тамоми қавму халқиятҳои маскуни он таъмин мешавад.

Истиқлолият самараи ваҳдат

    
Таҳлили муқоисавии мафҳуми ваҳдат дар адабиёти муосири илмӣ нишон медиҳад, ки таҳти ин мафҳум назария ва таҷрибаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва иҷтимоии таъминкунандаи иттиҳоду якпорчагии халқу миллатҳо ва қишру табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ фаҳмида мешавад.                     
Аввалин дастоварди бузурге, ки аз ҷониби Сарвари мамлакат ба таври пайгирона ва хирадмандона тарғибу татбиқ шудани ғояи Ваҳдати миллӣ ба даст оварда шуд, фурў нишонидани ҷанги дохилӣ, истиқрори сулҳу ризоияти умумимиллӣ мебошад, ки ба шарофати ин дастоварди бузург якпорчагии мамлакат ҳифз карда шуд.

Страницы

Яндекс.Метрика