Ҳафтаи равон, Сайфуллоҳи Муллоҷон - сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ, доктори илмҳои таърих дар Маркази миллии қонунгузорӣ силсилаи хониши идоравӣ оид ба омӯзиши дастаҷамъонаи китоби «Тоҷикон» - и Бобоҷон Ғафуровро баргузор намуд.
Дар рафти баргузории хонишҳои илмӣ ба чанд масъала таваҷҷуҳ карда шуд. Нахуст С. Муллоҷон дар хусуси заминаҳои таърихии ба вуҷудомадани китоби «Тоҷикон» ва нақши он дар худогоҳии миллӣ суханронӣ кард. Пас аз суханронӣ ба суолҳои кормандон посух дода шуд.
Лозим ба ёддоварист, ки дар давоми як моҳ чаҳор ҷаласа баргузор карда шуд.
Дар ҷаласаи дуюми хониш перомуни консепсияи асосии «Тоҷикон»-и Ғафуров суҳбат ороста шуд. Қайд гардид, ки китоби «Тоҷикон» хулосаи беш аз панҷоҳ солаи таҳқиқоти донишмандони ҷаҳон перомуни давлатдорӣ, сарнавишти мардум ва тарақи иилму фарҳанги онҳо ба шумор меравад.
Дар ҷаласаи сеюм дар хусуси ба мавзуъҳое чун нахустин давлатҳо, паҳншавии ислом дар миёни тоҷикон ва оқибатҳои он, ташаккули халқи тоҷик, забони форсӣ ва ҷойгоҳи он дар рушди таъриху фарҳанги тоҷикон ва нақши тамаддунофари тоҷикон дар асрҳои миёна суолу ҷавоб сурат гирифт.
Дар ҷалсаи чорум ва ниҳоӣ мувофиқи дархости кормандони Марказ дар хусуси инъикоси сохтори идории давлатҳо ва масъалаҳои моликияту ҷунбишҳои халқӣ дар асари «Тоҷикон» матраҳ карда шуд.
Дар поёни хониш ба суолу ҷавоб ва пешниҳодҳои кормандони марказ ҷавоб дода шуд.
Сайфуллоҳи Муллоҷон - сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ