
Фазилати таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар ҷашнҳои расмӣ ва миллии мо дар он аст, ки тавассути баргузор кардани чунин чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ хотираи таърихӣ, ифтихори миллӣ, ҳиссиёти ватандӯстӣ, якдиливу ҳамгироӣ ва арзишҳои дигари давлати соҳибистиқлол ва миллати мутамаддину сулҳдӯсти Тоҷикистон таҳким ва такомул ёфта, ба ин васила амнияту ваҳдати милливу давлатии Тоҷикистон ва тамоми қавму халқиятҳои маскуни он таъмин мешавад. Аз ҷумлаи анъанаҳои неки фарҳангии олимону мутафаккирон ва адибони классикии мо - тасвирҳои фалсафию бадеии ҷомеаи ормонӣ ё худ “мадинаи фозила” мебошанд, ки имрӯз низ арзиши иҷтимоиву тарбиявии худро аз даст надодаанд ва барои такмили ѓояи ваҳдати миллӣ мисли як сарчашма ё дастурамали беѓараз хизмат карда метавонанд. Дар арафаи таҷлили ин ҷашни бузург конфронсу симпозиумҳо, барномаҳои гуногуни телевизионӣ ва чорабиниҳои дигари илмиву фарҳангӣ баргузор карда мешаванд, ки тавассути онҳо мардум, алалхусус наслҳои ҷавону наврас аз таърих ва саргузашт, дастовардҳо ва бурду бохти мардуми шарифи кишварамон дар замони Истиқлол огоҳ шуда, зарурияти ҳифзи иттиҳоду ягонагӣ, ҳамзистиву осоиштагии миллиро амиқ дарк карда, ин неъмати бузургро чун гавҳараки чашм эҳтиёт менамоянд.
Яке аз омилҳои таҳкимбахшандаи ваҳдати миллӣ эҳёи ифтихор ва худшиносии миллӣ аз тариқи танзими ҷашну маросимҳо ва суннатҳои миллӣ, шиносоӣ бо осори безаволи фарҳанги ноби беш аз чорҳазорсолаи ниёгон, таҷлили чеҳраҳои маъруфи фарҳангию сиёсии гузаштаву муосири миллат, табъу нашри сарчашмаҳои динӣ ва шоҳасарҳои илмиву адабии ниёгон ва дигар иқдомҳои наҷибе мебошанд, ки бевосита бо ташаббуси Сарвари давлатамон дар замони Истиқлол ба ҳукми анъана даромада, барои такмили ахлоқу маънавиёт ва ҷаҳонбинии наслҳои имрӯза нақши басо бузургро ба иҷро расонида истодаанд .
Умуман, метавон гуфт, ки таъмин ва таҳкими ваҳдати миллӣ яке аз ормонҳои азалӣ ва ҷамъиятии мардуми мутамаддину бунёдкори Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Чӣ тавре ки Президенти мамлакат дар яке аз суханрониҳои худ ин нуктаро таъкид кардаанд, “Ваҳдати миллӣ маҳсули андешаи миллии мост. Зеро маҳз андеша ва ҳуввияти миллӣ мардуми соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷикро водор сохт, ки сулҳу ваҳдатро барқарор карда, якпорчагии марзу буми кишварро ҳифз намояд ва миллатро аз парокандагӣ эмин дошта, барои рушди давлати соҳибихтиёри худ шароити мусоид фароҳам оварад».
Хусусияти хоси ин таҷлил аз он иборат аст, ки наслҳои муосир ба таърих ва мероси ғании маънавии ниёгони худ ба чашми ибрат назар карда, аз осори илмию фарҳангии аҷдоди бузурги худ дар роҳи хештаншиносии миллӣ, инкишофи тафаккур, шуури таърихӣ ва давлатдории миллӣ ҳарчӣ беҳтару бештар баҳраманд мешаванд.
Мудири шуъбаи
пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ Наботов М.А.