
Таҳлили муқоисавии мафҳуми ваҳдат дар адабиёти муосири илмӣ нишон медиҳад, ки таҳти ин мафҳум назария ва таҷрибаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва иҷтимоии таъминкунандаи иттиҳоду якпорчагии халқу миллатҳо ва қишру табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ фаҳмида мешавад.
Аввалин дастоварди бузурге, ки аз ҷониби Сарвари мамлакат ба таври пайгирона ва хирадмандона тарғибу татбиқ шудани ғояи Ваҳдати миллӣ ба даст оварда шуд, фурў нишонидани ҷанги дохилӣ, истиқрори сулҳу ризоияти умумимиллӣ мебошад, ки ба шарофати ин дастоварди бузург якпорчагии мамлакат ҳифз карда шуд.
Таъмини ваҳдату якдилии миллӣ ва якпорчагии кишвари маҳбубамон бешубҳа яке аз муҳимтарин дастовардҳои сиёсиву иҷтимоии мо мебошад, ки барои ноил шудан ба ин неъмати бузург мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлатамон мушкилоту монеаҳои сахти айёми мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ва даврони гузаришро мардонавор ва сарбаландона паси сар кардааст.
Гузашта аз ин, тибқи андешаҳое, ки дар адабиёти муосири ғарбӣ ифода ёфтаанд, Ваҳдати миллӣ на танҳо барои амнияту рушди ин ё он давлати ҷудогона муфид мебошад, балки барои ҳамгироӣ ва рушди муштараки давлатҳо ва ҷомеаҳои гуногуни миллӣ, таъсиси созмонҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ ва тавсеаи ҳамкории муштараки давлатҳо ва ҷомеаҳои гуногуни миллӣ низ нақши аввалиндараҷаро иҷро мекунад.
Ваҳдати миллӣ барои ҳамаи кишварҳое, ки дар ҳудуди онҳо халқу миллатҳои гуногун маскун мебошанд, яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба шумор меравад.
Дар замони Истиқлол ба шарофати саъю кўшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Сарвари мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи Ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт.
Тарғибу татбиқи пайвастаи ғояи Ваҳдати миллӣ боиси болоравии камолоти маънавии мардум ва боз ҳам мустаҳкам гаштани пояҳои давлатдории миллии мо мегардад.
Дар марҳилаи муосири рушди Тоҷикистон ғояи Ваҳдати миллӣ ба ҳайси як омили созандаву таҳкимбахш, мардуми шарифи Тоҷикистонро дар атрофи Пешвои хирадманду маҳбуби худ муттаҳид гардонидааст.
Ва ҳар як шаҳрванди баору номуси Тоҷикистонро баҳри ободӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии Ватан ҳидоят мекунад.
Давр фарҷоми сухан, таъкид кардан зарур аст, ки ғояи Ваҳдати миллӣ ки аз сарчашмаҳои ноби фарҳанги қадимаю тамаддунсози тоҷикон маншаъ гирифтаанд, ҳамчун маҳсули бебаҳои таҷрибаи инсонӣ дар роҳи инсондўстию инсонпарварӣ мо - ворисон ва барандагони ин меросро сўйи шоҳроҳи саодату созандагӣ дар рушди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ҳидоят менамояд.
Мудири шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломӣ Наботов М.