Фиқҳи тақдирӣ ва Абӯҳанифа

        Идомаи мақолаи қаблӣ...
Ҳаҷавӣ андеша дорад, ки Абӯҳанифа (р) аввалин муассиси фиқҳи тақдирӣ набуд. Лекин ӯ ин фиқҳро бо қиёсу масъалаҳои ҷузъӣ ривоҷу равнақ додааст. Ман андеша дорам, ки пеш аз Абӯҳанифа (р) миёни фақиҳони раъй ин навъи фиқҳ низ вуҷуд дошт. Агарчанде, ки Иброҳими Нахаъӣ аз фиқҳи тақдирӣ худдорӣ мекард ё дурусттараш дар ин ҷода ба ниҳояти он нарасида буд, танҳо масъалаҳоеро ҷавоб медод, ки пурсида мешуд, аммо аз пеши худ масъалаеро тафриъ намекард.
Ривоят аст, ки Шаъбӣ аз он шикоят мекард, ки баъзе фақиҳон дар аснои дарсҳояшон мегӯянд: «Оё надидӣ, агар чунин бошад ин навъ мешавад». Ин худ сухани тақдирӣ ва фаразӣ аст. Шаъбӣ ингуна фақиҳонро «Араайтаин» («Оё надидед?») меномид. Дар «Муваофақот»-и Шотибӣ омадааст, ки Шаъбӣ бархе аз шогирдонашро васият намуда гуфтааст: «Се чиз аз ман ҳифз намо», аввал, ин ки ҳаргоҳ аз масъалае пурсида шавӣ танҳо ҳамон масъаларо ҷавоб деҳ ва дунболи сухани «Оё намебинед» нарав! Худованд дар Қуръон фармудааст: «Оё надидед шахсеро, ки ҳавояшро Худо қарор додаст». Дуюм, ҳаргоҳ аз масъалае пурсида шавӣ чизеро бо чизи дигар қиёс накун, ки шояд ҳаромро ҳалол ё ҳалолро ҳаром ҳукм кунӣ. Сеюм, ҳаргоҳ аз масъалае пурсида шавӣ, ки онро намедонӣ бигӯ, ки намедонам».
         Аз Шаъбӣ ривоят аст, ки мегуфт: «Савганд ба Худо, ин қавм дар назари ман ба масҷид рафтанро бад кардаанд». Пурсидаанд: «Он қавм кистанд?» Гуфт: «Араайтаин». Вақте, ки Шаъбӣ соли 109 ҳиҷрӣ аз дунё гузашт, Абӯҳанифа (р) ҳанӯз дар назди Ҳаммод шогирд буд ва фиқҳи тақдирӣ дар Куфа машҳур буд. Пас маълум мешавад, ки дар замони Абӯҳанифа (р) фиқҳи тақдирӣ вуҷуд дошт ва Имом (р) ин фиқҳро ривоҷу равнақ доданд.
Баъди Абӯҳанифа фақиҳон пайраҳаҳои фиқҳи тақдириро паймуданд, агарчанде ба андозаҳои гуногун. Лайсу Шофеъӣ ва дигар фақиҳон масъалаҳои фарзӣ ва тақдириро ҳал намуда, фатво медоданд ва ин барои пешрафти фиқҳ, донистани аҳком, омода шудан ба фатвои он масъалаҳое, ки ба вуқӯъ напайвастааст, аҳамияту нақши арзандае дошт. Бо вуҷуди ин, ки донишмандон ва муҷтаҳидон ба фиқҳи тақдирӣ таваҷҷӯҳ мекарданд, аммо дар ҷоиз будани ин навъи фиқҳ андешаҳои гуногун доштанд. Баъзеашон ҷоиз медонистанд ва баъзеашон ҷоиз намешумориданд.
Ибни Қайим ботафсил ин масъаларо баён намуда, гуфтааст: «Агар дар масъалаи фарзие насси оят ё ҳадис ё ривояти саҳобагон бошад, сухан дар ин маврид макрӯҳ нест. Аммо агар масъала имконнопазир ё ба вуқуъпайвастанаш дур бошад, сухан гуфтан дар ин боб хуб нест. Инчунин агар масъала нодир набошаду мақсади суолкунанда фаро гирифтани илм бошад, ба қадри тавоноӣ ҷавоб гуфтани ин масъала мустаҳаб аст, ба хусус агар суолкунанда кӯшиши фақиҳ шуданро дошта бошад».
Дар ҳақиқат масъалае, ки ба вуқӯъ наомадаасту ба вуқуъпайвастани он байни мардум мумкин бошад, омӯзиши ин гуна масъалаҳои фарзӣ барои омӯзандаи илми фиқҳ зарур аст. Балки ин мағзу рӯҳи илм аст. Аз замоне, ки фиқҳ ҳамчун илм байни мардум дар партави Қуръону Суннат омӯхта мешуд, масъалаҳои тақдирӣ ё фаразӣ ҳамзамон омӯхта шуда, ҳукми онҳо баён мегардид. Ба ҳамин роҳ фиқҳ навишта шуда, фатвоҳои пешиниён ҳифз шудааст. Чун фақиҳони раъй дар ин гуна масъалаҳои собиқае доштанд, ин сабқат барои ба некиҳои зиёде ноил шудан, ба мардум манфиати бузурге расонид. Агар ин кӯшиши фақиҳон ва таъсири андешаҳои онҳо намешуд, баъди фавти уламо илм аз байн мерафт ва сарвати бойи фиқҳӣ боқӣ намемонд.
Аммо баъди асри сеюми ҳиҷрӣ баъзе фақиҳон дар фиқҳи тақдирӣ ба тарҳи масъалаҳое машғул шуданд, ки вуқӯи онҳо тасаввурнопазир буда, ба ақл рост намеомад. Пас,фақиҳони бузург дар ин масъалаҳо назари ҷиддӣ карда, онро написандиданд. Бархе аз онҳо, ки инро дида, тамоми анвоъи фиқҳи тақдириро ноҷоиз шуморида, бидъате дар дин гуфтаанд.
Аммо ба андешаи мо фиқҳи тақдирӣ амри зарурӣ аст ва бояд усулу қоидаҳои онро дурусттар истифода намуд, хусусан дар андозаи он масалаҳое, ки вуқӯи онҳо иҳтимол дошта бошад, на дар он масалаҳое, ки вуқӯи онҳо номумкин бошад.
Мутахассиси пешбари шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ                        Исоев Насимҷон
 
          

Яндекс.Метрика