Шогирдони имом Абуҳанифа ва ноқилони фиқҳи ӯ

Донистани фиқҳ ва манҳаљи Имом Абуҳанифа барои наслҳои баъдӣ танҳо ба воситаи кору фаъолият ва таълифу тадвини шогирдони ӯ имконпазир гаштааст. Ёрони Имом дар ҳалқаи дарс бо ӯ масоили мухталифро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, пас аз расидан ба як раъйи муайян онро китобат мекарданд. Ба ин муносибат лозим аст, то дар се маврид мулоҳиза ва ибрози назар шавад.

Якум, дар ҳақиқат он чи шогирдони Имом љамъоварӣ кардаанд, ҳаргиз љои он чиро, ки Абуҳанифа худ менавишт, пур намекунад. Зеро агар фақеҳ худ нависад, андешаву афкори тозаву зиндае дар зеҳнаш пайдо шуда, таваљљуҳи нав ҳосил мегардад. Дар воқеъ рисолаҳои Абуҳанифа, ки худ навиштааст, дастрас кардем ва хулоса баровардем, ки Имом фиқҳашро худ бо услуби ҳамин рисолаҳо менавишт. Лекин ҳамаи он чизеро, ки инсон таманно мекунад, ба даст оварда наметавонад.

Дуюм, ҳамоно қавлҳое, ки ёрони ӯ нақл кардаанд, холӣ аз далел аст, магар он чизҳое, ки мувофиқ ба асари нақлшуда ё хабари машҳур бошад, ё ба фатвои саҳоба ё ба раъйи тобеин расида бошад. Зикри қиёс ё эътимод ба истеҳсон кам мушоҳида мешавад, ки он ҳам дар китобҳои Абуюсуф буда ва хеле кам аст. Бешак аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки он чи дар бораи Абуҳанифа мухолифонаш мегӯянд, ки ӯ дар қиёс бисёр иғроқ карда, ҳатто гумон кардаанд, ки аз суннат људо ва аз роҳи дуруст иљтиҳод берун рафтааст, дурӯғ аст. 

Сеюм, хидмату иҳтимоми ёрони Абуҳанифа дар нақли мазҳабу манҳаљи ӯ барои асрҳои баъдӣ ба шакли таҳрирёфта ва баёнгардида, мақому манзалати Имомро баланд бардошт. Зеро ҳар як аз онҳо шахсан дар фиқҳ имому пешво буд. Масалан, Абуюсуф имоми љалилулқадр, соҳиби шаъну мақоми баланд ва қозиюлқузоте, ки солҳои зиёд дар ин мансаби давлатӣ фаъолият карда буд. Муҳаммад ибни Ҳасан ҳам имоме буд, ки мисли Абуюсуф миёни фиқҳи раъй ва фиқҳи ҳадис љамъ карда, ровии «Муваттаъ»-и Молик, ҳамчунин ровии фиқҳи Ироқ буд. Тамоми мадорики Абуҳанифа дар ин ду имом љамъ гашта, ҳардуро сазовори ривоят ва нақлу густариши фиқҳи ӯ барои наслҳои баъдӣ сохта буд. Инчунин мақому манзалати илмии Абуҳанифа дар асарҳову наслҳои оянда тавассути чунин шогирдони тарбиятёфта дар мактаби фиқҳии ӯ баланд гашт.

Воқеан, баъзе донишмандони аврупоӣ, ки ин масъалаҳоро омӯхтаанд, онро рад карда, дар раъйи нақлшудаи Абуҳанифа шак кардаанд. Зеро фикррониҳои ғаразнокашон онҳоро ба ин андеша водор сохтааст, ки баъзе аз он чи ки ба Абуҳанифа нисбат дода шудааст, саҳеҳ намебошад. Ин ба он хотир аст, ки назди онҳо ба љуз сарчашмаҳои андаке, ки ғайри қобили эътимод ҳастанд, манбаи дигаре надоранд, то ҳаёту замони Абуҳанифа ва шароите, ки умр ба сар бурдааст шарҳ диҳанд. Модоме, ки чунин аст, нисбат додани ин афрод ба ӯ љои баҳс дорад. 

Ҳамин тавр, ҳар он чи аз фиқҳи Абуҳанифа барои наслҳои оянда расидааст, аз ҳамин шогирдон боқӣ мондааст. Зеро барои гирифтани фиқҳи Абуҳанифа ғайри ин роҳ, роҳи дигаре вуљуд надорад. Бинобар ин лозим аст, ба таври муљаз дар бораи чанд нафар аз ёрони Абуҳанифа, ки дар миёни шогирдони ӯ аз ҳама бештар маъруфу машҳур буданд, маълумоте пешниҳод намоем.

Имом Абуҳанифа шогирдони зиёде доштанд. Баъзе аз онҳо аз шаҳрҳои дур ба назди ӯ омада, мудате дар ҳалқаи дарсаш ба ҳайси шунаванда истифода мекарданд ва баъд аз омӯхтану гирифтани равишу манҳаљ ва фиқҳи ӯ ба ватани худ бармегаштанд. Баъзеи дигар то охир ба ӯ шогирдӣ намудаанд, ки Имом дар ҳаққашон борҳо гуфта буд: «Инҳо сию шаш нафар ҳастанд, ки бисту ҳашт нафарашон барои қазо (иљрои вазифаи қозӣ), шаш нафар барои фатво ва ду нафар Абуюсуф ва Зуфар барои тарбияти қозиҳо ва аҳли фатво салоҳият доранд» . Бидуни шак, он шогирдоне, ки Абуҳанифа салоҳияти онҳоро барои қазо, фатво ва тарбияти қозиҳо исбот кардааст, дар замони ҳаёти ӯ мақоми илмии онҳо ба ҳадде расида буд, ки чунин корҳои бузургеро ба ӯҳдаи онҳо гузоштаанд. 

Лекин гуфтани ин матлаб бамаврид аст, ки Муҳаммад ибни Ҳасан аз ин гуфтаҳо истисност, зеро ӯ ҳанӯз ҳангоми вафоти Имом ҳаждаҳсола буд ва ин сину сол имкони анљоми чунин масъулиятро ба шахс намедиҳад. Зимнан масъулияти қозигиро дар чунин синну сол ба шахс намедоданд. Аммо бо вуљуди ин мушоҳада мекунем, ки фиқҳи Абуҳанифа ба таври хос ва фиқҳи Ироқ ба таври умум мадюни китобҳои Муҳаммад ҳастанд. Ӯ буд, ки мазҳабро ҳифз намуда, ба наслҳои баъдӣ мерос гузоштааст. Барои равшанӣ андохтан ба ин матлаб, мо бояд ҳаёту фаъолияти баъзе аз шогирдони Имомро, ки дар тадвини фиқҳи ӯ нақш доранд, мавриди баррасӣ қарор диҳем. 

 

Исоев Н. - мутахассиси пешбари шӯъбаи 

пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ.

 

 

Яндекс.Метрика