Тавсифи Наврӯз дар осори муаррихон, мутафаккирон ва шоирони асримиёнагии форсу тоҷик

Мардумони бостонии ориёитабор шод зистан ва шодмонӣ карданро амре нек ва аҳуроӣ медонистанд ва дар ҳар моҳ ба муносибате ҷашне барпо мекарданд. Аз миёни он ҷашнҳои сершумор бархе аз онҳо чун Наврӯз, Меҳргон ва Сада бо мурури замон ва ба тадриҷ аҳамияти бештаре ёфта, то имрӯз боқӣ мондааст. То кунун пажуҳишгарон дар ихтиёри худ доир ба маншаи аслӣ ва таърихи пайдоиши аксарияти ин гуна анъанаву маросимҳо ва ҷашнҳои қадима, алалхусус Наврӯз, ки пуршукӯҳтарин ҷашни қадимаи тоҷикон ва дигар мардуми ориёитабор мебошад, ба як хулосаи мушаххаси барои ҳамагон қобили қабул нарасидаанд.

ЧАНД АНДЕША ПЕРОМУНИ МОҲИЯТИ ФАЛСАФИИ НАВРӮЗ

Серҷанбагии мазмуни ҷашни Наврӯзи хуҷастапай, ки мо дар арафаи таҷлили он қарор дорем, ба ҳамаи муҳақкикон хуб маълум мебошад. Метавон гуфт, дар ин ҷашни бостонӣ тамоми арзишҳо ва ормонҳои фарҳангии мардумони ориёитабор, ки аҷдодони таърихии миллати муосири тоҷик маҳсуб мешаванд, то ин ё он дараҷа инъикос ва таҷассум ёфтаанд. 

«ИНЪИКОСИ МАСОИЛИ ДИНӢ-СИЁСӢ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ»

Дар баробари пайдоиши меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои иҷтимоӣ  худшиносии инфиродӣ нақши меҳварӣ  касб кардааст. Вале дар ҷомеаи  мусулмонӣ худшиносии инфиродӣ ҳамчун падидаи бегона ба таври зарурӣ ташаккул наёфт ва то ҳол ҳам таҷдиди назар нашудааст. Ин дар ҳолест, ки вазифаи ҳар як дин, аз ҷумла дини ислом берун овардан аз торикӣ ба равшанӣ, ислоҳи шуури фард, ислоҳи муносибати ӯ бо Худо ва тарбияи худи инсонҳо ифода меёбад. Мутаассифона, бо умеди ташаккули уммати исломӣ ҳамчун низоми идеологӣ-сиёсӣ тарбияи фард - инсони оқил канора шуд.

«Ихвон-ул – муслимин»: идеология ва амалияи сиёсӣ

Қисми II

Чорабинии варзишӣ бахшида ба Рӯзи Модарон

Роҳбарияти Маркази исломшиносӣ  сиёсати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро   дар самти оммавӣ намудани «Тарзи ҳаёти солим»  ба роҳбарӣ гирифта, дар  Марказ чорабинии варзишӣ ташкил намуд.

Чорабинии мазкур ба таҷлили Рӯзи 23-юми феврал ва 8-уми март - Рӯзи Модарон бахшида шуд. Дар таърихи 5-уми март зимни таҷлили Рӯзи модарон мусобиќа ҷамъбаст гардид ва ғолибонро роҳбарияти Марказ бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ сарфароз намуданд. Дар маросими ҷоизасупорӣ мудири шуъбаи дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Одинашоҳ Вализода низ  иштирок доштанд.

ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ АЗ ХУДШИНОСИИ ФАРДӢ САРЧАШМА МЕГИРАД

 Зи сад анҷом як оғоз беҳтар,

 Зи сад хомӯшӣ як овоз беҳтар.

 Худоро мешиносӣ, хамдулиллоҳ

Агар худро шиносӣ, боз беҳтар .

               Лоиқ Шералӣ

 Чи тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои  муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад». 

МОДАР - Фариштаи ҳаёт

 

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,

Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.

Он биҳиштеро, ки Қуръон мекунад тавсифи он,

Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.

Зан, модар - олиҳаи ҳаёт

 

Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра-қатра ҷамъ оварду зан офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

Страницы

Яндекс.Метрика