ЧАНД АНДЕША ПЕРОМУНИ МОҲИЯТИ ФАЛСАФИИ НАВРӮЗ

Серҷанбагии мазмуни ҷашни Наврӯзи хуҷастапай, ки мо дар арафаи таҷлили он қарор дорем, ба ҳамаи муҳақкикон хуб маълум мебошад. Метавон гуфт, дар ин ҷашни бостонӣ тамоми арзишҳо ва ормонҳои фарҳангии мардумони ориёитабор, ки аҷдодони таърихии миллати муосири тоҷик маҳсуб мешаванд, то ин ё он дараҷа инъикос ва таҷассум ёфтаанд. 

Башардӯстӣ аз зумраи ҳамин гуна арзишҳои фарҳангӣ, ки дар мазмуни Наврӯз нуҳуфтаву чун хуршеди дурахшон зимни таҷлили он бозтоб ва муҷалло мешавад, башардӯстӣ  мебошад. Ин арзиш мағз андар мағзи фарҳанг ва фалсафаи наврӯзро фаро гирифта ва тамоми тору пуди зиндагии мардуми ориёитабори бостон бо он бофта шудаанд. 

Равшан аст, ки барои дарки дурусти моҳият ва арзиши аслии ин ё он ҷашн, анъана ва умуман дилхоҳ одати миллӣ ё умумибашарӣ таҳқиқ ва ташхиси ҳадафи аслии пайдоишу густариш ва пайомадҳои иҷтимоии он зарур мебошад. Аз ин нуқтаи назар, мо дар ин мақола кӯшиш мекунем, башардӯстиро ҳамчун арзиши аслии моҳиятии Наврӯзи хуҷастапай аз тариқи таҳқиқу арзёбии ҳадафҳои ин одати неки фарҳангии ниёгон собит ва асоснок кунем. 

Яке аз ҳадафҳои Наврӯзи хуҷастапай, мутаваҷҷеҳ ва дилгарм сохтани  инсон ба зиндагӣ ва талошу мубориза барои тантанаи некиву адолат дар ҷаҳон  мебошад. Ин ҷашн – ҷашни пирӯзии ҳастӣ бар нестӣ, ҳаёт бар марг, нур бар зулмат ва некӣ бар бадӣ мебошад.

Тибқи эътиқоди динӣ ва афкори фалсафии тоисломии мардуми ориёинажод муборизаи байни некӣ ва бадӣ дар чанд сатҳ - дар табиат; дар ҷомеа; дар вуҷуди худи инсон - мунтазам идома меёбад ва пирӯзии некӣ бар бадӣ дар ҳар кадоми ин сатҳҳо низ нишонаҳои хоси худро дорад.

Дар олами табиӣ, ки офаридаи Худост, муборизаи байни қувваҳои неки ҳаётофар ва бади марговар бе иштироки инсонҳо ва ба таври стихиявӣ сурат мегирад. Вале, ҳамчун нек ё бад эътироф шудани ин ё он падида, ҳодиса ё қувваи табиӣ танҳо бо дарназдошти арзишҳо ва манфиатҳои ҳаётии инсоният, яъне аз мавқеи башардӯстона дуруст ва муҳим ба назар мерасад. Ба назари мо, маҳз аз ҳамин мавқеъ Наврӯзи хуҷастапай ҳанӯз дар замонҳои қадимтарин аз ҷониби мардуми бостонии ориёитабор ҳамчун як падида ё ҳодисаи қонунманду табиӣ ва мабдаи ҳаёт дар рӯйи замин ба таври интуитивӣ эҳсос ва дарк шуда, мавриди эътиқоду бузургдошт ва таҷлилу пешвозгирии онҳо қарор гирифтааст.  Яъне, мо гуфтанӣ ҳастем, ки Наврӯз ҳамчун як ҳодисаи муттасили табиӣ воқеан ҳам вуҷуд дорад ва воқеан ҳам «оғози гардиши навбатии чархи фалак», аз хоб бедор шудан ва «рӯзи нав»-и табиати зинда мебошад. Агар таваҷчуҳ кунем, мушоҳида мекунем, ки ҳатто набототу ҳайвонот, бо ҳамон ақли наботӣ ва ҳайвонии худ, ки доранд, таъсири неку созандаи нерӯи ҳаётбахши айёми наврӯзӣ ва мавсими баҳорро, дарк намуда, омадани онро ба таври худ бо шодиву нишот таҷлил мекунанд.  Маҳз дар баҳорон тамоюли ҳайвоноти ваҳшӣ ба ҳамбастагии ҷинсӣ  шиддат гирифта,  боиси тавлиди насл ва бақои ҳар кадоме аз навъи онҳо мешавад. Шоирону адибони классикиву муосири тоҷик аз шодиву нишоти табиати зинда дар ин айём манзараҳои дилнишинеро дар ашъору осори худ тасвир кардаанд. Аз ин нуқтаи назар, метавон гуфт, Наврӯз айёми мавриди таҷлили на танҳо инсонҳо, балки умуман як падида ё ҳодисаи мунтазами мавсими баҳорист, ки онро кулли мавҷудоти табиати зинда ба таври худ «ҷашн» мегиранд.

Давом дорад

Шоев Зиёвиддин – н.и.ф. мудири шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ

Яндекс.Метрика