Эҳтикор хилофи дину виҷдон аст!

Нархгузорӣ, қимматфурӯшӣ ва вобаста ба мавсим гарон фурӯхтани молу ашё, ба хусус маводи ғизоӣ яке аз масъалаи баҳсталаб дар шариати исломист, ки дар истилоҳи фиқҳӣ "эҳтикор" ба маънои нигоҳдории маводи зарурӣ дар сурати камёб шудани он дар бозор ва бо нархи гарон фурӯхтани онро медонанд. Чунин амал аз ҷониби ҷомеаи имрӯзаи мо, ки бештарашон мусулмонанд, ба назар мерасад ва эътиқоди динии касро ба шакку шубҳа мегузорад. Тавре аз сарчашмаҳои исломӣ, алалхусус аз Қуръону ҳадис маълум аст, шариати исломӣ ҳамеша хайру эҳсон, некию кӯмакрасонӣ ва сарфаю сариштакориро талқин менамояд.

Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати моҳи шарифи Рамазон, ки фардо фаро мерасад, самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар файзу баракат, рӯзгори ободу осуда ва сулҳу оромӣ орзу менамоям.

Моҳи Рамазон инсонро ба сабру таҳаммул, қаноату парҳезкорӣ, раҳму шафқат ва некиву накӯкорӣ ҳидоят карда, имони ӯро комил, иродаашро қавӣ ва зоҳиру ботинашро пок мегардонад.

Вохурӣ бо ҳайати донишҷӯён ва устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

Имрӯз, 31.03.22, тибқи нақшачорабиниҳои муштараки Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 21 декабри соли 2021 баён гардидаанд, котиби илмии Маркази исломшиносӣ Анварзода М ва мудири шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир Баҳромбеков В.

Поймолкунии суннат ё бидъати рамазонӣ

Баъд аз чанд рӯз моҳи Рамазон фаро мерасаду хондани намози таровиҳ, ки суннат аст, оғоз мегардад. Чун анъана дар оғози таровиҳ масҷидҳо аз намозгузорон пур мегардаду баъд аз ҳафтае ба сабаби ғайб задани иддае аз онҳо  чанд сафашон холӣ мегардад.  Чаро? Ҳар шахс зимни ҷавоб ба саволи мазкур ин ё он андешаеро изҳор менамояд. Аммо ба назар чунин мерасад, ки мавзӯи муколамаи аксарияти ҷавонони намозгузор, ки баъд аз таровиҳ матраҳ мегардад, худ посух ба саволи гузошташуда аст.

Наврӯз бимонед, ки айём шумоед!

Наврӯз тамоми паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоию табииро дар худ таҷассум намудааст. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки ниёгони мо чунин замони солро рӯзи нав эълон намудаанд, ки дар байни тамоми соли навҳои миллатҳову халқиятҳои гуногун беҳтарин интихоб аст. Ва ин аз завқ ва дониши волои эшон гувоҳӣ медиҳад. Ин ҷашн дили инсониятро боз ба зиндагӣ гарм намуда, дар замири ӯ ҳисси умедро мекорад. Ноумедиҳоро аз байн мебарад.

ЧАНД АНДЕША ПЕРОМУНИ МОҲИЯТИ ФАЛСАФИИ НАВРӮЗ

Қисми II

Ин рӯзи фирӯзӣ бувад аз даврони Ҷамшеди ҷам

Осори беҳрӯзӣ бувад ойини Наврӯзи аҷам,

Ин рӯзи фирӯзӣ бувад аз даврони Ҷамшеди ҷам.

Наврӯз дар замони Сосониён

Нарӯз дар луғат ба маънои рӯзи нав ва дар истилоҳ ҷашне аст, ки дар оғози Фарвардинмоҳ гирифта мешавад. Ва дар адабиёти форсӣ гоҳ бо номи ҷашни фарвардин ва гоҳ бономи ҷашни баҳор хонда мешавад.

Абурайҳони Берунӣ дар китоби «ат-Тафҳим» овардааст; аз расмҳои порсиён наврӯз чист? Нахуст рӯзаст аз фарвардинмоҳ ва з-ин ҷиҳат рӯзи нав ном кардаанд, зеро ки соли нав аст. Наврӯз нахустин рӯзи соли Хуршедӣ баробар ба якуми Фарвардинмоҳ,ҷашни оғози соли нав ва яке аз куҳантарин ҷашнҳои баҷо монда аст. 

Страницы

Яндекс.Метрика