
Нархгузорӣ, қимматфурӯшӣ ва вобаста ба мавсим гарон фурӯхтани молу ашё, ба хусус маводи ғизоӣ яке аз масъалаи баҳсталаб дар шариати исломист, ки дар истилоҳи фиқҳӣ "эҳтикор" ба маънои нигоҳдории маводи зарурӣ дар сурати камёб шудани он дар бозор ва бо нархи гарон фурӯхтани онро медонанд. Чунин амал аз ҷониби ҷомеаи имрӯзаи мо, ки бештарашон мусулмонанд, ба назар мерасад ва эътиқоди динии касро ба шакку шубҳа мегузорад. Тавре аз сарчашмаҳои исломӣ, алалхусус аз Қуръону ҳадис маълум аст, шариати исломӣ ҳамеша хайру эҳсон, некию кӯмакрасонӣ ва сарфаю сариштакориро талқин менамояд. Масъалаи баланд кардани нарху наво ва вобаста ба мавсим ба фурӯш баровардани молу маводи ғизоӣ нигаронкунанда аст, ки ин дар аҳодиси паёмбари Ислом ба истилоҳи "эҳтикор" маълум гаштааст. Шариати исломӣ, ки тамоми қонуну қоидаҳои дини Исломро дар бар мегирад, масъалаи мазкурро ба таври васеъ равшан сохта, дар ҳадисҳои паёмбари Ислом борҳо таъкид гардидааст. Дар ҳадисе Паёмбари Ислом мегӯяд: "Ҷуз хиёнаткорон, касе эҳтикор намекунад", "Ба ҷуз гунаҳкорон касе ба эҳтикор даст намезанад", "Муҳтакир малъун (лаънатшуда) аст", "Касе, ки дар бозори мо даст ба эҳтикор занад, ба манзалаи касест, ки китоби Худоро инкор кардааст", "Ҳар кас хӯрокеро бар уммати ман чил рӯз эҳтикор кунад, агар ҳамаи онро ҳам садақа диҳад, аз ӯ қабул намешавад". Агарчӣ масъалаи баланд бардоштани нарху наво дар ҳадисҳои Паёмбари Ислом ба таври қатъӣ таъкид гардида бошад ҳам, вале чунин амал дар баъзе мавридҳо ба назар мерасад.
Некӯкорӣ, эҳсонкорӣ, саховатмандӣ ва каримӣ мағзи шариати исломӣ буда, сарчашмаҳои муътамади исломӣ аз каломи раббонию аҳодиси набавӣ то дақиқтарин кутубу осори донишмандон ҳамагӣ ба хайру сахо ва некию эҳсон ишора мекунанд. Дар китоби Худо, ки пояи асосии шариати исломист, омадааст: "Худо некӯкоронро дӯст медорад". (Бақара, 148). Ҳамзамон дар Сураҳои Бақара, 254, 267; Оли Имрон, 92; Тағобун, 16; Ҳадид, 18; Зилзол, 7 ин масъала возеҳу равшан баёни худро ёфтааст. Хайру садақот инчунин дар ҳадисҳои Паёмбар (с) бисёр ба назар мерасад, аз ҷумла: "Беҳтарин садақа ин об додан аст", "Ҳар инсон дар зери сояи садақааш аст, то ин ки дар байни мардум аст", "Маризҳоятонро бо садақа табобат кунед". Аз он ҷо ки хайру эҳсон, накӯкорӣ ва саховатмандӣ аз амалҳои шоистаи мусулмон ба ҳисоб меравад, пас чаро ин гуна рафтор бештар дар ҷомеаи мусулмонишин ба миён меояд. Нуктаи асосӣ дар ин масъала ин аст, ки баланд бардоштани нарху наво вобаста ба мавсим (эҳтикор) хилофи шариати исломӣ ва хилофи виҷдон аст.
...Ҳар кӣ мегӯяд, ки ин хайр-ул-башар,
Бо чунин коре ҷиноят мекунад...
Муҳаммад Ҷовид
Шуъбаи пажӯҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ