Густариши фиқҳи ҳанафӣ

Аз Абӯҳанифа (р) китобе дар фиқҳ , ки муназзам аз бобҳо бевосита ба дасти худи ӯ таълиф шуда  бошад, маъруф нест. Зеро таълифи китоб ва нашри он дар охири ҳаёти ӯ ва ё баъд аз вафоташ ривоҷ ёфта буд. Бояд гуфт, ки муҷтаҳидон дар замони саҳоба аз тадвину ҷамъоварии фатвоҳо ва иҷтиҳодашон худдорӣ менамуданд. Ҳатто аз тадвини суннат (аҳодиси набавӣ) худдорӣ мекарданд, то ки танҳо китоби Худо китоби тадвинёфта дар усули дин боқӣ монад. Баъд аз он олимон ночор аз рӯи зарурат ба тадвини суннат ва фатвоҳову фиқҳ пардохтанд.

Унсурҳои ҳувияти миллии тоҷикон

Рӯзи 1-уми марти соли 2022 сардори шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ, доктори илмҳои таърих Сайфуллоҳи Муллоҷон дар семинари илмии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит таҳти унвони «Унсурҳои ҳувияти миллии тоҷикон», суханронӣ намуд. 

АЗ СИЛСИЛАИ ПАНДҲОИ СУДМАНД

 

Девонае, ки Шайх Ҷунайдро таълим дод. Яке аз азизони Худо, орифи машҳур Шайх Ҷунайди Бағдодӣ, ки зикраш дар осори Аттору Саноиву Мавлоно ва дигар тазкиранависон омадааст, ба нияти сафар аз шаҳри Бағдод берун рафт. Муридони Шайх низ дар ин сафар ӯро ҳамроҳӣ намуданд. Шайх зимни дамгирӣ аз аҳволи Баҳлул ном шахс (ки зоҳиран хешро девона вонамуд мекард) пурсон шуд. 

Муридон хандида, гуфтанд: Эй Шайх, Баҳлул марди девонаест. Шумо ба ӯ чӣ кор доред?

Ҷунайд гуфт: Ӯро пурсон карда, назди ман оред, ки кори муҳиме дорам. 

Хурофотро танҳо илму дониш решакан менамояд!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маљлиси Олӣ тамоми дастовардҳои кишварро дар тӯли сӣ соли истиқлолияти давлатӣ воқеъбинона ва ба таври муътамад таҳлилу баррасӣ намуда, вазифаҳои панљсоли ояндаро мушаххасан нишон доданд. Аллакай дар оғози баромади хеш Пешвои миллат таъкид намуданд, ки роҳи пешгирифтаи кишвар роҳи дунявӣ буда, он дар моддаи якуми Конститутсия дарљ ёфтааст ва  аз тарафи тамоми мардуми кишвар якдилона тавассути референдум қабул шудааст. 

Нақши маориф дар мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм

Нақши маориф дар мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм

Андешаҳо дар мавриди «Дидгоҳи давлатмеҳвар»

Имрӯз 24-уми феврал дар Маркази исломшиносӣ семинари илмӣ бахшида ба муаррифии китоби нави сиёсатшиноси шинохта Абдуллоҳи Раҳнамо доир гардид. Семинарро муаллифи китоб оғоз намуда, сабаби «Дидгоҳи давлатмеҳвар» ном ниҳодани китобро шарҳ дод ва ҳамчунин муҳтавои асосии онро бо забони фасеҳу равшан  мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён гардонд.

Ҳикояи «Мусо (а) ва чӯпон».

 
Дид Мусо як шубонеро ба роҳ,
К-ӯҳамегуфт:- Эй Худову эй Илоҳ!
Мусо алайҳиссалом дар биёбон мегузашт, ба чӯпоне бархӯрд содадилу содаандеша, бо диле оганда аз ишқу сафо ва муҳаббат ба Худо. Аз Худо тасвире инсонгуна дошт, мепиндошт, ки Худо низ монанди мо одамон ҳайкале дорад, саре дораду мӯй ва дасту пойе, бо чунин Худое муноҷот мекарду мегуфт:
Ту куҷоӣ, то шавам ман чокарат
Чоруқат дӯзам, кунам шона сарат.
Ҷомаат шӯям, шапушҳоят кушам,
Шир пешат оварам,эй муҳташам!
Дастакат бӯсам, бимолам поякат,
Вақти хоб ояд, бирӯбам ҷоякат.

«Ихвон-ул – муслимин»: идеология ва амалияи сиёсӣ

«Ихвон-ул-муслимин» яке аз қадимтарин ва паҳншудатарин созмони радикалии исломи муосир мебошад. Он ибтидо дар Миср соли 1928 бо ташаббуси муаллими мактаби миёна Ҳасан ал-Банно ташкил шудааст. Дар аввал ба як навъ маҳфили дӯстдорони ислом монанд буд, ки аз ҳаёти гуногунранги шаҳрӣ канорачӯӣ мекард. Ба маҷлиси суфиён монандӣ дошт, ки ба хамин сабаб онхоро аз ахли тасаввуф хондаанд. Азбаски Ҳасан ал-Банно дар оилаи диндори мутаассиб ба воя расида буд, таассубу ифрот барояш хос буд.

Страницы

Яндекс.Метрика