
«Ихвон-ул-муслимин» яке аз қадимтарин ва паҳншудатарин созмони радикалии исломи муосир мебошад. Он ибтидо дар Миср соли 1928 бо ташаббуси муаллими мактаби миёна Ҳасан ал-Банно ташкил шудааст. Дар аввал ба як навъ маҳфили дӯстдорони ислом монанд буд, ки аз ҳаёти гуногунранги шаҳрӣ канорачӯӣ мекард. Ба маҷлиси суфиён монандӣ дошт, ки ба хамин сабаб онхоро аз ахли тасаввуф хондаанд. Азбаски Ҳасан ал-Банно дар оилаи диндори мутаассиб ба воя расида буд, таассубу ифрот барояш хос буд. Илова бар ин, ӯ дар руҳияи ҳанбалияи ифротӣ тарбия ёфта, муътакид бар фармудаҳои фикҳи имом Ҳанбал мешавад, ва падару худаш ордени суфиёнаи ҳанафия пайравӣ мекарданд. Ӯ вақте аз Александрия ба Қоҳира меояд, дар ин ҷо якбора ба се созмони ифротгаро, мисли созмони «Пешгирӣ аз амалҳои гунаҳкорӣ», « Созмони омилҳои савоб» аъзо мешавад. Ин ташкилотҳо, хусусан «Созмони амалҳои савоб» зидди мустамликадорон амал мекарданд ва барои истиқлоли Миср мубориза мебурданд.
Дар давраи таҳсил дар « Дор-ул-улум» дар Қоҳира ва баъди хатми он низ дар фаъолияти ҳаракату ҷунбишҳое, ки бар зидди мустамликадорон мубориза мебурданд, иштирок доштааст. Дар Қоҳира норасоиҳои у вестернизатсияи ҷомеаро мушохида карда, бо ин раванд бо нафрат назар карда, дар фикри он мешавад, ки ҳамватанонашро бар зидди ғарбишавии кишвар ва пок нигоҳ доштани ислом даъват намояд. Дар Қоҳира қаҳвахонаҳои зиёд буданд ва Хасан ал-Банно ҷавонони бо худ ҳамфикрро даъват менамояд, ки ба қаҳвахонаҳо нараванд. Чандин гурӯх аз ҷавонон пайдо шуданд, ки аз рафтан ба қаҳвахонаҳои аврупои худдорӣ мекарданд. Ӯ ба «Ҷомеаи мусулмонии ҷавон» дохил шуда, як гурӯҳ уламои иртиҷоиро атрофи худ чамъ мекунад. Ин ҷомеа маҷаллае бо номи « ал-Фатҳ» нашр мекард, ки исломи давраи аввалро васф менамуд. Баъди хатми «Дор-ул-улум» ба шаҳри Исмоилия ба кор меравад ва ҳузури сарбозони англисро дар минтақаи канали Суетс мебинад ва ба натиҷаи қатъие мерасад, ки бояд ба «исломи ибтидоӣ» баргашт, то аз мустамликадорони бадахлоки Ғарб кишварро озод кард. Албатта, ӯ озодиро аз рӯи андешаи исломгароёна ва таассуби динии худ мефаҳмид ва соли 1928 бо ҳамфикрони худ «Ҷомеаи ихвон-ул-муслимин»-ро ташкил мекунад. Ин ҷомеа аз аввал мавқеи зиддиғарбӣ, зиддиҷомеаи дунявӣ, зидди сохти сармоядориро ишғол мекунад ва бо шиори «Аллоҳу акбар» баромад менамояд. Дар марҳилаи аввал ҷомеаи мазкур бо тарғибу ташвиқи исломи давраи халифаҳои муршад ва сохтмони мактабу бемористонҳо машғул мешавад. «Ҷомеаи ихвон-ул-муслимин» ҳар чи бештар талош ба харҷ медихад, ки нуфузи худро дар байни ахолии шаҳри Исмоилия бештар созад. Ҳарчанд мукобили истифодаи арзишхои ғарби бошад ҳам, барои ташкили чамъомади бузургтар аз микрофон истифода мекарданд. Хасан ал-Банно ва пайравонаш нафакат барои зиёд кардани обурӯ ва нуфузи созмон талош карданд, хамчунин барои шухрати рохбари созмон Хасан ал-Бано кушиш намуданд. Хасан Банно дар масчидхо баромад мекард ва бештари мавъизахои ӯба таргиби «исломи ноб»-и давраи пайгамбар ва хулафои рошидин равона шуда буд. Вале фаъолияти Ҳасан ал-Банно ва ташкилоти ӯ фақат ба хутба ва мавъиза махдуд намешавад, балки онхо нашрияи худро бино мекунанд. Ба ғайр аз матбааи « Шарик ал-илоҳият ал-аубия» боз маҷаллаи «Ад-даъва»-ро доштанд. Махз дар даҳсолаи аввали вуҷудияти худ ин ташкилот сохтори худро бо низом дароварда интизоми қатъиро дар байни аъзоёнаш ҷорӣ намудааст ва дар сохтори он мақоми роҳбарии бо ном « ал-муршид-ул-омм»-ро мегирад. Маркази созмон «дор» ва қисматҳои он шуъба номида мешавад. Дар шуъбаҳо мактабҳои «шабона барои бародарон»-и бесавод ташкил шуда, онҳо ба омӯзиши илмҳо ва саводомӯзӣ ташкил меёбанд. Интизоми дохили чамъият тарзе ба рох монда шуда буд, ки аъзоён бе каму кост ба пешвою роҳбарашон итоат мекарданд, ба мисли ташкилотхои тариқат. Муносибати байни пир дар онҳо ҷорӣ буд ва роҳбари ташкилот ҳокими мутлақ ба шумор мерафт. Таълимоти муассисаро мазмуни асосии мазъизаҳои Ҳасан ал-Банно, тарғиби фиқҳи ҳанбалия ташкил медиҳад. Пайваста ташкилот қувват мегирад ва дар оғози ҷанги дуюми ҷаҳон ба созмони пурқувват дар Миср мубаддал мешавад. Олмони фашистӣ бо ин созмон робита барқарор месозад, ки он ба манфиати мустамликадорони англис, ки дар Миср нуфузи зиёд доштанд, ихтилоф дошт. Дар натиҷа ҳукумати Миср чун дастнишондодаи Британияи кабир фаъолияти «ихвон-ул муслимин»-ро қатъ мекунад. То поёни ҷанг дигар онҳо фаъолияти ошкор надоштанд ва танҳо баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон онҳо дубора фаъолияти худро аз сар гирифтанд.
То давраи ҷанги дуюми ҷаҳонро метавон марҳилаи аввали фаъолияти «ихвон-ул-муслимин» донист, ки дар ин давра онҳо ба созмондиҳӣ ва ташаккули созмони худ, ҳамчунин фаъолияти тарғиботи ва маърифатӣ машғул буданд. Мазмуни тарғиботи онҳо масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ, сиёсиро дар бар гирифтааст. Аз ҷумла, масъалаи барҳамхӯрдани хилофат, баъди хилофати арабӣ дар давраи Аббосиҳо, гузариши хилофат ба туркҳо, аз байн рафтани давлати мусулмонон дар шароити ҳозира, таҳрифи ислом ва омехташавии он ба ҳаргуна ақидаҳои ботил ва ғайра ташкил додаанд . Ҳарчанд салтанати султон Сулаймон ал-Конуниро (1520-15) то андозае динӣ ва мутобиқ ба ахлоқи динӣ донистаанд, бо вуҷуди ин салтанати туркҳои усмониро пурра давлатдории исломӣ намешуморанд. Ба қавли Ҳасан ал-Банно барҳамхӯрии хилофати усмонӣ ва эълони ҷумҳурӣ аз ҷониби Ататурк шикасти қатъии давлати исломӣ буд. Ба қавли Ҳасан ал-Банно барҳамхурии хилофати Усмонӣ ва эълони ҷумҳурӣ аз ҷониби Ота- Турк шикасти қатии давлати исломӣ буд, ки мустамликадорони ғарбӣ ва сионизм кишварҳои исломиро ишғол намуданд. Ба ақидаи ӯ ғарбиҳо боигариҳои асосии кишварҳои исломиро, махсусан Мисрро аз худ карда ва мардуми маҳаллиро аз ин боигариҳо маҳрум сохтанд. Шароити Миср бисёр фоиҷабор аст, ҳатто заминҳо дар байни аҳолӣ нодуруст тақсим шудааст. Бузургтарин фоҷиа вуҷуди заминдории феодалӣ дар Миср мебошад. Ибтидои шикасти мусулмонон аз давраи хилофати аббосиён гӯё шурӯъ мешавад. Зеро, ки аббосиҳо дар давлатдорӣ ба эрониҳо ва туркҳо такя карданд. Руҳи арабӣ шикаста шуд, зеро дар он давра маҳз арабҳо метавонистан омили руҳияи воқеии арабӣ бошанд. Маълум аст, ки ин нуқтаи назар фақат ба арабгароии ихвониҳо ва хусусан худи ал-Банно тааллуқ дорад. Зеро, дар амал маҳз дар ҳамин давра фарҳангу тамаддун дар ислом бо кӯшиши аббосиҳо, хусусан бо талошҳои халифа Маъмун, хеле рушд ёфт. Ва ҳамаи муҳаққиқон чи арабу ва чӣ ғайриараб ин давраро давраи тиллоии рушди тамаддун дар хилофати араб медонанд. Вале назари ал-Банно фақат ба шикасти арабгароии хилофати умавиҳо метавонад таалуқ дошта бошад, ки байни арабу аҷам мубориза давом дошт. Ва ҳаракатҳои зиёди миллатгароӣ сурат гирифтьа буданд. Арабҳо мардуми ғайри арабро, аз ҷумла эрониёнро мардуми пасттар аз араб дониста, худро ба онҳо афзал медонистанд ва ҳаракати шуубияю асабия хилофатро фаро гирифта буд. Арабҳо ба мардлуми ғайри араб ки дар ҳадди маволӣ онҳо мешинохтанд ба назари таҳқир менигаристанд. Маҳз ҳамин андеша дар таълимоти ал-Банно роҳ ёфтааст ва рӯхӣ миллатгароии ӯро ифода мекунад ва ин миллатгароӣ бо исломгароӣ зиҷ алоқаманд шудааст. Ӯ ислому миллатро айният медиҳад. Аз ҳамин мавқеи исломгароӣ ӯ зидди ҳаракати миллӣ дар Миср баромад мекунад, зеро миллатгароён ба арзишҳои миллӣ эътибор дода, исломро чандон ба назар намегирифтанд. Азбаски миллатгароён ба миллат такя доштанд, умумияти миллиро аз умумияти исломӣ ҷудо мекарданд. Хасан ал-Банно инро дассисаи мустамликадорон дониста чунин мешуморад, ки бо ин роҳ мустамликадорон мусулмононро аз ҳам ҷудо сохта, барои ҳукумронии худ шароити мусоид фароҳам месозанд. Вале бояд гуфт, ки бо пайдоишу рушди миллатҳо умумияти исломӣ дар ин давра заиф гашта буд. Ва ҳодисаҳои охири Миср нишон доданд, ки маҳз ҳаракатҳои миллӣ ба истиқлолияти давлатӣ оварда метавонад. Аммо Ҳасан ал-Банно панисломизмро гарави пешравии давлатҳои исломӣ медонад ва иттиҳоди мусулмоноро асос мешуморад. Вобаста ба ин Ҳасан ал-Банно пешниҳод дошт, ки бояд кишварҳои исломӣ дар муқобили ғарбиҳо сиёсати ягонаи худро дар асоси шариати исломӣ бино созанд. Соли 1950 ба ихвониҳо иҷозат дода шуд, ки озодона фаъолият намоянд. Шоҳ ҳатто пешниҳод кард, ки пешвои нави «ихвон –ул муслимин» пас аз марги Ҳасан ал-Банно Ҳасан ал- Ҳудейбӣ шавад. Дар соли 1945-1952 онҳо китобҳои зиёде нашр карданд, ки аз байни онҳо китоби М.Ғаззолӣ «Аз онҷо, ки мо медонем» мавриди баҳс қарор мегирад. дар ин асараш М.Ғаззолӣ дар ҷавоб ба Холед, ки давлати исломиро дар шароити имрӯза номумкин мешуморид, баръакс даъво мекунад, ки роҳи ягона бунёди давлати исломӣ аст. Ӯ давлати исломиро ҳаматарафа, танҳо аз мавқеи майдабуржуазӣ ва дар шакли хаёлӣ асоснок карда, дар он давлат демократия, баробарӣ адли иҷтимоиро имконпазир мешуморад.
Муракабшавии вазъи сиёсӣ ояндаи номуайяну торик, зиндагии душвори майдабуржуазӣ, бенавоӣ онҳоро водор месохт, ки роҳи наҷотро аз ин вазъияти мушкилу ногувор пайдо кунанд ва ин роҳро онҳо ба сабаби диндориашон дар дин медиданд. Ва чунин роҳро ихвониҳо дар бунёдидавлати исломӣ медиданд, давлати теократии хаёлӣ, ки ихвониҳои пешниҳод мекарданд ба онҳо умед мебахшид. Дар асл давлати пениҳоднамудаи ихвониҳо ба ҷуз давлати феодалии теократӣ чизи дигаре набуд. Идеяи М. Ғаззолӣ доир ба давлат мисли рисолаи Ҳасан ал-Банно идеяи эклектикӣ ва хаёлӣ буд. Даъватҳои Ғаззолӣ ба ҷиҳод ихвониҳо ва пайравони онҳоро ба фаъолияти бештар даъват мекард. Дар натиҷа ба мисли пештара ихвониҳо ба намоишҳо, террор, амалиётҳои гуногуни террористӣ бештар машғул шуданд, аз ҷумла кӯштори Аҳмад Моҳир -сарвазири онвақтаи Миср, сардори полиси Қоҳира ва ғайра. Дар ибтидои солҳои 50-уми асри гузашта нуфузи созмони «афсарони озод» дар баробари ихвониҳо хеле зиёд шуд. «Афсарони озод» барномаи мушаххас: сарнагун кардани ҳукумати шоҳигарӣ, хориҷ кардани англисҳо аз Миср, аз байн бурдани порахӯрӣ, коррупсия, истифодаи боигариҳои кишвар ба нафъи миллат доштанд, ки таваҷҷуҳи мардуми зиёдеро ба худ ҷалб мекард. Ин ҳадафҳо қисман бо шиорҳои ихвониҳо мувофиқ меомад. Бинобарин дар байни онҳо ҳамкорӣ ба вуҷуд омад. Соли 1950 ба ин гурӯх потполковник Ҷамол Абдуносир роҳбарӣ мекард. Вале ҳамкории «афсарони озод» ва ихвониҳо чандон мустаҳкам набуд ва бисёр вақт ихвониҳо шартномаи бастаашонро риоя намекарданд. Масалан, дар мавриди якҷоя бар зидди шоҳ Форуқ бархостан ихвониҳо отрядҳои худро аз иштирок дар ин чорабинӣ манъ карданд ва нақшаи сарнагунии шоҳигарӣ, ки афсарони озод кашида буданд, амалӣ нашуд. Дар соли 1951-1952 ҳаракати миллиозодихоҳӣ дар Миср хеле авҷ гирифт. Мавҷи муборизаҳо хеле боло рафт, ҳатто дар канали Суетс заду хурди неруҳои Миср бо англисҳо ба вуҷуд омад. 26-уми январи соли 1952 сӯхтори Қоҳира ба вуқуъ пайваст, ки бисёриҳо ин амалро амали дасти ихвониҳо медонистанд. Баъди ин ҳодиса «афсарони озод» ба корҳои омодагӣ ба табодуллот машғул шуданд. Роҳбарони «афсарони озод» бо роҳбари ихвониҳо барои фаъолияти якҷоя ба як қарор омаданд. Вале баъдтар роҳбарияти «афсарони озод» аз амалиёти якҷоя даст кашид ва моҳи июли 1952 ҳукумати подшоҳии Миср сарнагун карда шуд. Сари қудрат «афсарони озод» омаданд, ки роҳи бунёди ҷумхурии дунявӣ ва демократиро пеш гирифтанд ва ба тақсими ҳукумат ва аз ҳамкори бо ихвониҳо даст кашиданд. Вале вазъияти буҳронӣ ва ҷангҳое, ки Миср ба онҳо кашида шуд, азҷумла ҳуҷуми Англия, Франсия ба Миср соли 1956, ҷанги Яман, ҳуҷуми Исроил ба Миср боиси он гардид, ки вазъияти иҷтимоии мамлакат мураккабтар шуд ва диндории омма хеле боло рафт ва таъсири омили миллӣ дар Миср афзуд. Ба гуфти В.И.Ленин ҷанг ҳолати муқарарии психикии хобрафтаро халалдор сохта, эҳсоси қавиро ба ваҳму ноумедӣ ба вуҷуд меоварад. Аз ин ҷо дин бештар қувват мегирад. Илова бар ин «афсарони озод», ки аз табақаи майдабуржуазӣ буданд, ҷаҳонбинии асосиашон ҷаҳонбинии динӣ буд. Роҳбарони ин ҳаракат мисли Анвар Содот, Абдулҳаким Амир, Абдурауф Абдулатиф ва ғайра пайрави назҳати милли-динӣ буданд. Онҳо дину миллатро ба ҳам пайваста хаёл доштанд, ки ба воситаи дин ҳаракати умумимиллиро барои пешрафти демократикунонии кишвар ба вуҷуд биёранд. Чуноне ки фактҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ин ақида ақидаи ғалат будааст. Масалан, инқилоби Эрон, табадуллоти солҳои 80-уми Афғонистон, ҳодисаҳои Ироқ ва ғайра. Ислом ва миллат ду мафҳуми аз ҳам буда, пайванди онҳо натиҷае ба бор намеоварад. Аз эҳсоси динии мардум ба нафъи миллат истифода кардан дар марҳилаи аввали ҳаракати миллӣ шояд оммаҳои васеъро ба ин ҳаракат ҷалб кунад, аммо баъди ба сари қудрат омадани ин ҳаракат он бояд худро то ҳадде аз дингароён дур гирад. Ба ҳамин маънӣ К. Маркс гуфта буд, ки Кромвел ва англисҳо барои инқилоби буржуазии худ замоне иллюзияро, ки аз аҳди қадим гирифта буданд, истифода карданд.
Давом дорад.
Саидов Аҳмад - д.и.ф.