
Нақши маориф дар мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм
Имрӯз дар кафедраи “равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон”-и факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмӣ- назариявӣ таҳти унвони “Нақши маориф дар мубориза бар зидди экстремизми сиёсӣ ва терроризм” баргузор гардид. Дар конфронс бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ. Х. баромад намуда, то чӣ андоза масъалаи ҳассос ва актуалӣ будани мавзӯи конфронсро таъкид намуданд. Ӯ зимни суханронӣ аз иштирокчиёну баромадкунандагон хоҳиш намуд, ки вобаста ба вазъияти имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа, масоили хатарзои ҷомеаро аз нигоҳи илмӣ таҳлилу барррасӣ намоянд. Ҳамчунин барои пешгирии паҳншавии ҳар гуна зуҳуротҳои манфӣ ва хатарнок барои ҷомеаи мо бо пешниҳодҳои мушаххас баромад намоянд.
Дар кори конфронс олимону мутахассисони соҳавӣ ва устодони фанҳои ҷомеашиносӣ дар мавзӯҳои маориф ва илм –сарчашмаи муҳими муқовимат бар зидди терроризм, психолоогияи шахси экстремист ва террорист, нақши маориф ва оила дар раванди ташаккули ҷаҳонбинии наврасон ва ҷавонон, фазои динӣ- сиёсии ҷомеа дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ, маориф воситаи муҳим дар мубориза бар зидди экстремизми сиёсӣ, терроризм ҳамчун омили ноором намудани муҳити иҷтимоӣ- равонии ҷомеа, нақши худшиносии миллӣ дар роҳи мубориза бар зидди экстремизми сиёсӣ ва терроризм, нақши институти маориф дар пешгирии низои динӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ва ғайра, дар маҷму бо 40 маърузаи илмӣ дар бахшҳои ифтитоҳӣ ва ду бахши тахассусӣ баромад намуданд.
Аз ҷумла сардори шӯъбаи пажуҳиши исломи муосир Баҳромбеков В.А. дар мавзӯи “Фазои динӣ – сиёсии ҷомеа дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ (дар асоси тадқиқотҳои сотсиологӣ) суханронӣ намуд. Эшон қайд карданд, ки дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои нигаронкунанда ин пурзур гардидани ҳаракатҳои радикалию экстремистӣ мебошад, ки ғояҳои ин гуна ҳаракату равияҳо ба тафаккури шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон роҳ ёфта, рафтору андешаҳои онҳоро тағйир медиҳад. Мутаассифона, Тоҷикистон низ аз таъсири ин гуна зуҳуротҳо, махсусан экстремизм ва шаклҳои гуногуни он дар канор намондааст. Баҳромбеков В. дар асоси натиҷаҳои якчанд тадқиқоти сотсиологӣ хосияти динӣ доштани экстремизм ва терроризмро ҳамчун зуҳуроти манфӣ ва хатарзо ҳисобида,таъкид намуд, ки ин раванд ба ташаккули давлатдории миллӣ на фақат садди роҳ мегардад, балки хатари фоҷиабор низ дорад.