ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ АЗ ХУДШИНОСИИ ФАРДӢ САРЧАШМА МЕГИРАД

 Зи сад анҷом як оғоз беҳтар,

 Зи сад хомӯшӣ як овоз беҳтар.

 Худоро мешиносӣ, хамдулиллоҳ

Агар худро шиносӣ, боз беҳтар .

               Лоиқ Шералӣ

 Чи тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои  муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад». 

                                Кӣ бошам ман? Маро аз ман хабар кун,

                                Чӣ маьни дорад, андар худ сафар кун.

 

Худшиносии миллӣ аз худшиносии фарди сарчашма мегирад , ва он дар шаклгирии худшиносии миллӣ саҳми азим дорад. Худшиносии фарди ин яъне ҷавоб ёфтан ба пурсишҳое мебошад, назири: «ман кистам?», «асли ману ҷавҳари ман чист?», «миллатам чист?», «аз куҷо омадаам ва ба куҷо хоҳам рафт?», «роҳи ман кадом аст?», «рисолатам чист?» ва ғ. Вақте ки инсон ба ин гуна пурсишҳо посухҳои аниқу комил ё наздик ба он дарёфт менамояд, шурӯъ ба бунёди зиндагии солиму комил менамояд Ва ниҳоятан худшиносии миллӣ ва худшиносии фарди ҳар яке такомулбахшандаи дигаре мегардад. Худшиносии миллӣ авҷи баланди худшиносии фардӣ дар шакли густурдаву расмии он мебошад, ки дар бархурд бо худшиносии қавму миллатҳои дигар баҳри ҳимояву нигоҳ доштани ҳуввият ва арзишҳои касбкардаи хеш ҷаҳду талошҳои зиёде ба харҷ хоҳад дод.

Худшиносии миллӣ ин донистани таърих, фарҳанг, забон, расму оин ва дарк намудани вазъи имрӯзаи миллат мебошад.

        Худшиносӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Бинобар ин, бояд баҳри мустаҳкам гардонидани мактаби миллӣ, ки ҷузъҳои асосии он ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худшиносӣ мебошад, чораҳои зарурӣ андешид. 

        Тоҷикистон дар тули таърих ба дастовардҳои моддию маънавӣ, фитрати фарҳангофарин ва маърифатбунёди худ дар ҷаҳони муосир бо дарёфти мақому манзалат ифтихорангез ноил гардидаанд. Ифтихор аз таърихи куҳанбунёди хеш вақте пайдо мешавад, ки аз он огоҳ бошӣ, онро мояи омӯзиш, ибрат ва шукуҳмандӣ бидонӣ, зеро ки надонистани таърихи фарҳангу тамадун, забон, адаб, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ заъфу сањлангориро дар ин чода  ба бор оварда, пояњои худшиносии миллиро ноустувор мегардонад. 

            Ҳар як шахрванди кишвар бояд ҳисси миллӣ дошта, аз зинаҳои ташаккулёбӣ ва нақши он дар ҷомеаи имрӯза огаҳ бошад, ки ин яке аз самти асосии тарбия намудани ҷавонон ба хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ, мебошад.

               Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китобашон «Тоҷикон дар оинаи таърих» таърихро хотираи инсоният меноманд. Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдоду мероси бойи фарҳангӣ ва расму оини ниёгон дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои қавму қабоили хеш огоҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди барӯманди замони хеш шуда  наметавонад. Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии милли ваҳдату ягонаги ва рушди тафакури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад».

           Дар интињо , масоили дар боло зикргардида, ҳар як шахсро ҳушдор медиҳад, ки худшиносии миллӣ ва ватанпарастиро шиори доимии хеш қарор дода, баҳри ободию устувории давлати cоҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро гузорад. Нагузорад, ки ягон қувваи носолиму ғаразнок теша ба решаи пойдории ваҳдати миллию рушди иқтисодии давлати мо зананд. 

 

                                                                                                           НАБОТОВ М.

Яндекс.Метрика