
Дар баробари пайдоиши меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои иҷтимоӣ худшиносии инфиродӣ нақши меҳварӣ касб кардааст. Вале дар ҷомеаи мусулмонӣ худшиносии инфиродӣ ҳамчун падидаи бегона ба таври зарурӣ ташаккул наёфт ва то ҳол ҳам таҷдиди назар нашудааст. Ин дар ҳолест, ки вазифаи ҳар як дин, аз ҷумла дини ислом берун овардан аз торикӣ ба равшанӣ, ислоҳи шуури фард, ислоҳи муносибати ӯ бо Худо ва тарбияи худи инсонҳо ифода меёбад. Мутаассифона, бо умеди ташаккули уммати исломӣ ҳамчун низоми идеологӣ-сиёсӣ тарбияи фард - инсони оқил канора шуд. Дар ниҳоят уммати исломӣ ба бӯҳрони маънавии дохилӣ дучор шуд, ки он то имрӯз идома дорад.
Бояд иқрор шуд, ки дар шарқи мусулмононӣ давлатдорӣ ва миллатсозиро бо омадани ислом як медонанд, ки ин фаҳмиши хатост. Зеро мусулмононе мисли тоҷику форс қабл аз ислом ҳам миллат буданд ва ҳам давлат доштанд. “Фаромӯш набояд кард, ки тоҷикон таърихи исботшудаи беш аз панчҳазорсола дошта, ҳанӯз пеш аз зуҳури ислом соҳиби фарҳанги асил ва анъанаҳои қадимаи давлатдорӣ буданд” (Эмомалӣ Раҳмон). Давлатдории то исломии мо дорои мероси фарҳангии фарохтар ва ғанитар аз давраи исломӣ мебошад, чун он давраи то панҷҳазорсоларо дарбар мегирад. Барои ин халқҳо дини ислом ҳамчун маҷмӯи меъёрҳои ахлоқӣ ва диёнатӣ-эътиқодӣ гардид. Вале ба ҳамчун мактаби сиёсӣ бояд таҷлили назар шавад. Зеро низоми сиёсии империя аз лиҳози сохтори сиёсӣ нисбат ба низоми динӣ ташакулёфта буд. Вале бо сӯистифода аз эътиқоди динии мардум минбаъд ҳама гуна низоми сиёсӣ, давлатҳои сулолавӣ, хилофатҳои қавмӣ ва империяҳои ташкилшуда худро ҳомии ислом муаррифӣ мекарданд.
Маҳрам Анварзод