Худшиносии миллӣ ва риояи талаботи қонунҳои миллӣ

Имрӯз 11 уми апрел тибқи нақша-чорабиниҳои Маркази исломшиносӣ бо Кумитаи кор бо занон роҷеъ ба мавзӯи худшиносии миллӣ ва риояи талаботи қонунҳои миллӣ ҳамчун гарави рушди маънавии давлатдории миллӣ директори Марказ Холиқзода А.Ғ. бо устодон, шогирдон ва раисони маҳалли атрофи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохўрӣ анҷом доданд. Дар вохӯрӣ Холиқзода А. ба масъалаҳои зарурат ва аҳамияти риояи қонунҳои миллӣ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,” “Оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ, пешгирии ифротгароӣ ва бегонапарастӣ изҳори назар намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар шароити ноороми ҷаҳони муосир атрофи сиёсати созандаи Пешвои миллат муттаҳид шуда, баҳри ободии кишвар саъю талош намоем.

Яндекс.Метрика