
Санаи 7-уми апрели соли 2022 дар доираи нақша-чорабиниҳои муштараки Маркази исломшиносӣ бо Вазорати маоириф ва илми ҶТ Директори муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ” дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода А.Ғ. бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар мавзӯи мазмуну муҳтавои Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вохӯрӣ анҷом дод.
Дар ибтидои вохӯрӣ директори филиали Донишгоҳ Ғаниев Рустам Ғафурович чорабиниро ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ намуд. Баъдан сухан ба директори Маркази исломшиносӣ Холиқзода Абдураҳим Ғаффор дода шуд. А.Ғ. Холиқзода зимни суханронии худ иброз намуданд, ки иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қабули қонунии мазкур ҳамчун оғози ислоҳоти бузурги маънавӣ барои имрӯз ва фардои Тоҷикистон аҳамияти бузурги амалиро дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва маданияти маъракаороӣ доро аст.
Қабули Қонун ҷиҳати танзими одилонаи ҷашну маросим ва ба низом даровардани расму оинҳои милливу динӣ хизмати арзанда карда, манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолиро дифоъ намуд. Сазовор ба ёдоварист, ки қонун ҳамчун нахустин қонуни миллӣ дар беҳтар намудани риояи урфу одат ва анъанаҳои миллӣ аз назари ахлоқи миллӣ ва башарӣ мутобиқ ба санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар низоми қонунгузорӣ ва мустаҳкам намудани рияои дигар санадҳои қонунгузорӣ аз ҳар ҷиҳат мусоидат кард.