Чанд андеша дар ҳошияи «Паёми шодбошии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон»

Тавре ҳамагон огоҳ ҳастем, мову шумо дар моҳи мубораки Рамазон қарор дорем. Моҳи шарифи Рамазон ба худ фазилату раҳмати зиёд дорад. Дар баробари раҳматаш аз мо масъулияти баландро низ талаб менамояд. Ҳар як бандаи мусулмон, дар баробари худдорӣ кардан аз хӯрдану ошомидан, ба корҳои хайру савоб, мисли додани садақа, дастгирии оилаҳои ниёзманд, аёдати беморон ва амсоли инҳо масъул гардидааст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ҷиҳати ба оини зиндагӣ табдил додани ин амалҳои хайру савоб бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 сол муқаддам аввалин қонуни миллӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Қонуни мазкур мардуми кишварро ба сарфаву сариштакорӣ, худдорӣ аз исрофкорӣ ва анҷом додани амалҳои хайр даъват мекунад.

Ҳамон тавре, ки ҳамаи мо огоҳӣ дорем, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии худ вобаста ба фарорасии моҳи Шарифи Рамазон, ки 1 апрели соли 2022 ба мардуми шарифи Тоҷикистон ироа намуданд, таъкид карданд, ки мо бояд дар моҳи шарифи Рамазон ва рӯзҳои дигар, ки ҷаҳонро буҳронҳои шадиди иқтисодӣ ва сиёсӣ фаро гирифтааст, ба зиёдаравию исрофкорӣ роҳ надиҳем. Сарфакор бошему ба амлҳои хайру савоб, ба монанди дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва ниёзмандону беморон машғул шавем. 

Ҷаноби Олӣ дар идомаи суҳбат оиди он, ки моҳи шарифи Рамазон ба рӯзҳои баҳорӣ ва айни кишту кор рост омадааст, таъкид карданд, ки мо бояд ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода намоем, кишти такрориро фаромуш накунем, ба ҳамин васила ҳам ризқу рӯзии худро пайдо намоем ва ҳам барои пур кардани бозори истеъмолӣ саҳм гирем.

Моҳи мубораки Рамазон моҳи иҷобати дуо ва фурсати муносиби анҷоми амалҳои хайру савоб аст. Мо бояд  садақа ва ё кумакро ба шахсони ниёзманду нодор, пирони барҷомондаву бесаробон, маъюбону мусофирон расонем, то ин ки савоби бештаре ба даст биёрем.   

Ҳамасола дар моҳи шарифи Рамазон ва махсусан дар арафаи идҳои Рамазон ва Қурбон болоравии нарху наво дар бозори истеъмолии кишвар бараъло ба мушоҳида мерасад. Воқеъбинона бояд иқрор намоем, ки то андозае сабаби он худи мо истеъмолгарони бозор ҳастем. Аз меъёр зиёд хариди маводи хӯрока дар арфаи идҳо дар саросари кишвар ба мушоҳида мерасад, ки ин хилофи фармудаҳои шариати ислом ва ҳам муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» мебошад. Дар моддаи 7 банди 4-и қонуни зикршуда ба шаҳрвандон оиди дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон оростани хони маънавӣ ва дурӣ ҷустан аз исроф ва зиёдаравӣ дастур дода шудааст, шариати ислом бошад сареҳан исрофкоронро бародаронии шайтон меҳисобад, аммо мутаасифона то ҳол ҳам аз ҷониби як теъдод ҳамватанон ин амали носавоб ба мушоҳида мерасад.    

Дар боло оиди дастархони маънавӣ ишора шуд, ин ба он маъно аст, ки дар рӯзҳои ид мардуми кишвар бештар ба аёдати шахсоне мераванд, ки онҳо азодоранд. Як андеша бояд кард, ки мо бо нияти  ибрози тасаллият ва ҳамдардӣ ташриф мебарем на барои таом хӯрдан. Агар ҳамин хел бошад, дастархони пурнозу неъмат ба хотирӣ чист ва чӣ маънӣ дорад? Пас бояд дастархон соддаву оддӣ ва бо маҳсулоти ватанӣ ороста шуда бошад, то ба мантиқи амали мо ҷавобгӯй гардад.

Матлабро бо таманиёти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми шодбошиашон ба муносибати фарорасии моҳи Шарифи Рамазон, иброз доштанд;

«Итминони комил дорам, ки моҳи Шарифи Рамазон барои мардуми сарбаланду заҳматқарини кишвари соҳибихтиёрамон  айёми такмили ахлоқу фазилатҳои неки инсонӣ, давраи фаъолияти созанда ба хотири пешрафти давлат, ободии Ватан, осоиши ҳар як хонадон, таҳкими боз ҳам бештари сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар сарзамини бостонии тоҷикон мегардад», ҳусни анҷом мебахшам ва боқӣ ба ҳамаи Шумо тани сиҳату хотири ҷамъ  таманно менамоям.

 

                                                  Мирзозода Азизуло Файз

Яндекс.Метрика