ГУЛШАНИ АДАБ

Панди имрӯз

Соҳибдиле рӯзе ба писараш гуфт: Фарзандам, биё бо ҳам ба боғ меравем то каме сайр кунем.

Писар бо хушҳолӣ пазируфт ва онҳо сӯи боғ равон шуданд.

Дар роҳ падар даст бар ҷайб бурд ва якчанд сиккаи тилло берун овард ва гуфт: Писарам, мехоҳӣ туро панде диҳам, ки умре ба корат ояд ва ё ин сиккаҳоро диҳам, то мушкиле аз мушкилоти зиндагиатро рафъ кунӣ?

Писар гуфт: Сиккаҳоро намехоҳам падар, ба ман пандро биомӯз, ки умре ба корам ояд.

Луқмон ба писараш насиҳат кард:

Ду чизро фаромӯш накун:

Ёди Худо ва ёди маргро!!!

Ду чизро фаромӯш кун:

Бадии дигарон дар ҳаққи ту;
Хубии ту дар ҳаққи дигарон!!!

Бознашр аз Хазинаи маърифат

Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Писари Гандӣ мегӯяд:

Падарам ҷаласаи як рӯзае дар шаҳр дошт, аз ман хост ӯро ба шаҳр бирасонам, вақте ӯро расондам гуфт:
-соати 5 ҳаминҷо мунтазират ҳастам, то бо ҳам баргардем.
Ман аз фурсат истифода кардам ва барои хона аз бозор харид кардам, мошинро ба таъмиргоҳ бурдам, баъд аз он ба синамо рафтам, соати 5,30 дақиқа буд, ки ёдам омад ба дунболи падарам биравам.
Вақте расидам соати 6,00 шуда буд!
Падар бо нигаронӣ пурсид: чаро дер кардӣ?
Бо шармандагӣ дурӯғ гуфтам: мошин ҳозир набуд, маҷбур шудам мунтазир бимонам!

ҲИКМАТҲОИ ШАЙХ АЗИЗ НАСАФӢ

ҲИКМАТҲОИ ШАЙХ АЗИЗ НАСАФӢ

* Ҳар чизе ки дар олам буду ҳаст ва хоҳад буд.

* Дар роҳ мондан мумкин аст, аммо аз мақоми аввали худ даргузаштан мумкин нест.

* Камоли ҳар як он аст, ки саъй кунанд ва ҷидду ҷаҳд кунанд то ба аввали мақоми худ бираванд ва бирасанд ва дар роҳ намонанд.

* Имкон надорад, ки барге бар дарахте биҷунбад ё касе чизе дар дил гузаронад бе илм ва иродаи Ҳаққ.

* Кори одамӣ он аст, ки доим дар иқтибоси улум ва иқтибоси анвор бошад.

* Ҳар киро истеъдод зиёдат бошад ва саъйу кӯшиш бештар бошад мақоми вай олитар бувад.

Ман агар некам, агар бад, ту бирав, худро бош!

ҒАЗАЛ

Ҳотами Асам мегӯяд:

Ҳотами Асам мегӯяд: Мардумро дидам, ки ба якдигар ҳасад мекунанд, пас дар ин қавли Худованд назар кардам, ки мегӯяд: "Мо ризқ ва рӯзии эшонро миёнашон қисмат кардем". Пас ҳасадро тарк кардам. Зеро ҳасад, эътироз бар қисмати Худованд аст.

Бознашр аз саҳифаи Хазинаи
маърифат

Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст...

Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст,
Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро.
Дар кӯйи некномӣ моро гузар надоданд,
Гар ту намеписандӣ, тағйир деҳ қазоро.

Ҳофизи Шерозӣ

Саъдӣ дар баёни ҳикояте мегӯяд:

Мӯсо алайҳи салом, дарвешеро дид аз бараҳнагӣ ба рег андар шуда. Гуфт: Эй Мӯсо! Дуо кун то Худованди азза ва ҷалла маро кафофе диҳад, ки аз бетоқатӣ ба ҷон омадам. Мӯсо дуо кард ва бирафт. Пас аз чанд рӯз, ки аз муноҷот боз омад, мардро дид гирифтор ва халқе анбӯҳ бар у гирд омада. Гуфт: ин чи ҳолат аст? Гуфтанд хамр хурда ва арбада карда ва касеро кушта. Акнун ба қисос фармудаанд...

Страницы

Яндекс.Метрика