ГУЛШАНИ АДАБ

Андешаҳои Абуҳанифа дар масоили сиёсӣ (қисми 3)

Дар китоби “Осор”-и Абўюсуф чунин омадааст:“Абўюсуф аз Абўҳанифа (р) аз Абўҷаъфар Муҳаммад ибни Алӣ ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) баъд аз намози хуфтан то намози бомдод ҳашт ракаат намоз ва се ракаат витр ва ду ракаат суннати бомдод мегузорид” . Дида мешавад, ки Абўҳанифа (р) ҳадисеро, ки санадаш танҳо ба Абўҷаъфар мерасад, ривоят кардааст, дар ҳоле ки чунин ҳадиси мунқатеъро танҳо аз касоне мепазирад, ки ба он шахс итминони комил дошта бошад. Ривоят намудан аз Абўҷаъфар танҳо ривоят набуда, балки баҳраварии илмӣмебошад”.

АДАБ БО ПАДАРУ МОДАР‼️

❗Агар пурсанд, ки адаб бо падару модар кадом аст, бигўй:
• ҳурмати ононро ҳамеша нигоҳ дорад;
• барои моли дунё ва чизу чора нисбати онҳо сахтӣ накунад;
• барои ҳурмат ва хидмате, ки бо падару модар мекунад, миннат накунад;
• ба рўйи онҳо сахт нанигарад;
• чун бихонандаш, зуд ҳозир шавад;
• дар вақти суҳбати онҳо рўй турш накунад;
• ҳар чӣ фармоянд, агар дар он гуноҳе набошад, ба ҷой орад;
• дар сухан гуфтан бо онҳо ва ё бо дигаре дар назди онҳо овоз баланд накунад;
• бе маслиҳати падару модар ба сафар наравад;

Ҷавонмардиву ростӣ пеша кун, Ҳама некӯӣ андар андеша кун!

❗Ҷавонмардиву ростӣ пеша кун,
Ҳама некӯӣ андар андеша кун!

❗Бибахшу бихӯр то тавонӣ дирам,
Ки ҷуз ин дигар ҷумла дардасту ғам!

❗Яқин дон, ки коре, ки дорад давом,
Баландӣ пазирад аз он кор ном!

❗Ту коре, ки дорӣ набурда ба сар,
Чаро даст ёзӣ ба кори дигар!

❗Ба ранҷ андар ори танатро равост,
Ки худ ранҷ бурдан ба дониш сазост!

❗Ба ранҷ андар аст, эй хирадманд, ганҷ,
Наёбад касе ганҷ нобурда ранҷ!

❗Ҳамон ганҷу динору кохии баланд,
Нахоҳад будан мар туро судманд!

Андешаҳои ахлоқии Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ дар бораи таълиму тарбият

Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ дар китоби Кашфул Асрор ё ҳамон тафсири ирфонии Қуръон мефармоянд:
" Ҳаркас бандаеро аз торикию нодонӣ ба равшаноию дониш раҳбарӣ кунад, ҷони мурдаашро зинда намуда ва гӯӣ ҳамаи инсонҳоро зиндадил кардааст... ва агар касе фардеро гумроҳ кунад ва уро ба нобудӣ кашад , гӯӣ ҳамаи инсонрҳоро гумроҳ кардааст".

Акс: зиндаёд орифи бузурги муосир Ҳасан пири Бастомӣ

Бознашр аз саҳифаи Адаб ва Ирфон

Достони қабзи рӯҳи Мӯсои Калимуллоҳ...

Овардаанд , ки чун Азроил хост Мӯсои Калимуллоҳ ро қабзи рӯҳ кунад, Мӯсо гуфт: Эй Азроил нахуст ин пайғоми маро ба Ҳақ бирасон ва бигӯ ҳеҷ дидӣ, ки дӯст аз дӯсти худ ҷон биситонад???
Азроил пайғом бигзорд. Посӯх омад ки : Эй Мӯсо ҳеҷ дӯсте дидӣ, ки дидори дӯсти худ нахоҳад???

Кашфул Асрор: Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ

Ҷавоне, ки забони ҳайвонотро медонист

Гуфт Мусоро яке марди ҷавон,

Ки биёмўзам забони ҷонварон.

То бувад, к-аз бонги ҳайвоноту дад, 

Ибрате ҳосил кунам дар дини х(в)ад.

Марди ҷавон назди Мусо алайҳиссалом омад ва аз ў хост то забони ҳайвонотро ба ў ёд диҳад.

Мусо:- Забони ҳайвонот ба чӣ корат меояд? 

Ҷавон:-Забонҳои мардум ҳама дар роҳи касби обу нон ва фиреби дигарон аст ва суде барои дини ман надорад: шояд аз забони ҳайвонот барои дину имонам ибрате ҳосил кунаму панде гирам.

Мусо:-Аз ин ҳавас даст бардор, ки бисёр пурхатар аст.Аз Худо бихоҳ, то дилатро бедор кунад:

❗Тарсам, ки ашк дар ғами мо пардадар шавад...

❗Тарсам, ки ашк дар ғами мо пардадар шавад
В-ин рози сар ба мӯҳр ба олам самар шавад.
Гӯянд санг лаъл шавад дар мақоми сабр,
Оре, шавад, валек ба хуни ҷигар шавад.
Хоҳам шудан ба майкада гирёну додхоҳ,
К-аз дасти ғам ҳалоси ман он ҷо магар шавад.
Аз ҳар карона тири дуо кардаам равон,
Бошад, к-аз он миёна, яке коргар шавад.
Эй ҷон, ҳадиси мо бари дилдор бозгӯ,
Лекин чунон магӯ, ки саборо хабар шавад.
Аз кимиёи меҳри ту зар гашт рӯи ман,
Оре, ба юмни лутфи шумо хок зар шавад.
Дар тангнои ҳайратам аз наҳвати рақиб,

Аз Ҳасани Басрӣ пурсиданд: Мусулмон кист ва мусулмонӣ чист?

Аз Ҳасани Басрӣ пурсиданд:

Мусулмон кист ва мусулмонӣ чист?
Гуфт: Мусулмон дар зери хок аст ва мусулмонӣ дар китоб...

Тазкиратул авлиё: Аттор

از حسن بصری پرسیدند : مسلمان کیست و مسلمانی چیست ؟
گفت : مسلمان در زیر خاک است و مسلمانی در کتاب

...

تذکره الاولیا : عطار

Страницы

Яндекс.Метрика