ГУЛШАНИ АДАБ

Достони пирамард ва устои телефон...

Пирамарде телефони мобилиашро барои таъмир назди усто бурд.

Баъд аз муддате усто ба назди пирамард омаду гуфт: падарҷон, телефони мобилии шумо солим аст ва ҳеҷ мушкилие надорад.
Пирамард бо садои ғамгин оҳ кашиду гуфт:
Пас, чаро ҳеҷкадоме аз бачаҳоям занг намезанад?

Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Ҷумла хашм аз кибр хезад, аз такаббур пок шав❗

Ҷумла хашм аз кибр хезад, аз такаббур пок шав,
Гар нахоҳӣ кибрро, рав, бе такаббур хок шав!
Хашм ҳаргиз барнахезад ҷуз зи кибру мову ман,
Ҳар дуро чун нардбон зер ору бар афлок шав!
Ҳар куҷо ту хашм дидӣ, кибрро дар хашм ҷӯ,
Гар хушӣ бо ин ду морат, худ бирав, Заҳҳок шав!
Гар зи кибру хашм безорӣ, бирав кунҷе бихусб,
В-ар зи кибру хашм дилшодӣ, бирав, ғамнок шав!
Хашми сагсорон раҳо кун, хашм аз шерон бибин,
Хашм аз шерон чу дидӣ, сар биниҳ, шишок шав!
Луқмаи ширин, ки аз вай хашм ангезад, махур,

Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест❗

❗Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест,
Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест.
Ҳосил аз фарзанд гардад коми мард,
Зинда аз фарзанд монад номи мард!
✍️Абдураҳмони Ҷомӣ.

Бе мураббӣ зери гардун мўътабар натвон шудан!

❗Нафси саркашро мусаххар ақли пуртадбир кард,
Саг чу шуд девона ўро метавон занҷир кард.
Бе мураббӣ зери гардун мўътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.
Бо бузургони ҷаҳон густох будан хуб нест,
Охир ин беиззатӣ бар Кўҳкан таъсир кард.
Беибо натвон ба базми тундхўён по ниҳод,
Бе муҳобо такя натвон бар дами шамшер кард.
То ба пойи хум нарафтам соғарам ёрӣ надод,
Дастгирӣ бо мани афтода рўҳи пир кардч
Мераванд аҳли тамаъ дар базмҳо девонавор,
Метавон дарҳои меҳмонхонаро занҷир кард.

ПАНДУ НАСИҲАТҲО БА ФАРЗАНД АНДАР ЗАН ХОСТАН АЗ «ҚОБУСНОМА»-И УНСУРУЛМАОЛИИ КАЙКОВУС

Эй писар, чун зан хостӣ, ҳурмати худро неку дор. Агарчанд чиз азиз аст, аз зану фарзанд азизтар нест ва чизе худ аз зану фарзанд дареғ мадор, аммо аз зани басалоҳ ва фарзанди фармонбардору меҳрубон. Ва ин корест, ки ба дасти туст, чунон ки ман дар байте гӯям:

Байт:

Фарзанд чу парвариву зан чун дорӣ,

Бояд, ки ба гуфти оқилон гӯш орӣ.

 

Ҳикояе аз Аз «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ

Ҳикоя

Шахсеро ҳамсояе буд. Дид, ки ўро ҷамъияти вофир ва ҳузуру фароғати мутакосир пайдо шуд. Пурсид, ки:

Фалонӣ, аҳвол ва авзои ту маълум буд, ин молу манол туро аз куҷо ҳосил шуд?

Ҳикояе дар бораи Ҳорунаррашид

Оварданд. ки вақте Ҳорунаррашид хобе дида буд,ки дандонҳои Ӯ рехта буд ва аз даҳон берун афтода. Аз муъаббирс пурсид. 

Гуфт: «Зиндагии амиралмўъминин дароз бод, ки ақрабои ту бимиранд». Ҳорун бағоят биранҷид ва бифармуд, ки Ӯро сад чўб бизананд ва муъаббири дигар ҳозир оваранд ва аз вай пурсид. 

Ў гуфт: «Далел кунад, ки амиралмўъмининро умр дароз хоҳад буд ва дар давлат ва хилофат беш аз ақрабо зиндаги ёбад».

Ҳорунаррашид хушдил шуд, гуфт: «Ҳамон чиз ҳақ аст, ки ӯ гуфт, валекин ин адаб нигоҳ дошт. Ва ба иборае хуб гуфт».

ПАНДУ НАСИҲАТҲО БА ФАРЗАНД АНДАР ШИНОХТАНИ ҲАҚҚИ МОДАРУ ПАДАР АЗ «ҚОБУСНОМА»-И УНСУРУЛМАОЛИИ КАЙКОВУС

Бидон, эй писар, ки Офаридгор чун хост, ки ҷаҳон обод монад, асбоби насл падид кард дар шаҳвати ҷонвар ва падару модарро сабаби кавни (ҳастии) фарзанд кард. Пас ҳамедун аз муҷиби хирад бар фарзанд аст худро ҳурмат доштан ва тааҳҳуд (нигоҳубин) кардан ва низ воҷиб аст асли худро тааҳҳуд кардан ва ҳурмат доштан ва асли ӯ ҳам падару модар аст. То нагӯйӣ, ки падару модарро бар ман чӣ ҳақ аст, ки эшонро ғараз шаҳват буд на мақсуд ман будам. Ҳарчанд ғараз шаҳват буд, музоифи шаафи (хурсандии аз ҳад зиёд) занон аст, ки аз баҳри ту хештанро ба куштан диҳанд.

Страницы

Яндекс.Метрика