ПАНДУ НАСИҲАТҲО БА ФАРЗАНД АНДАР ШИНОХТАНИ ҲАҚҚИ МОДАРУ ПАДАР АЗ «ҚОБУСНОМА»-И УНСУРУЛМАОЛИИ КАЙКОВУС

Бидон, эй писар, ки Офаридгор чун хост, ки ҷаҳон обод монад, асбоби насл падид кард дар шаҳвати ҷонвар ва падару модарро сабаби кавни (ҳастии) фарзанд кард. Пас ҳамедун аз муҷиби хирад бар фарзанд аст худро ҳурмат доштан ва тааҳҳуд (нигоҳубин) кардан ва низ воҷиб аст асли худро тааҳҳуд кардан ва ҳурмат доштан ва асли ӯ ҳам падару модар аст. То нагӯйӣ, ки падару модарро бар ман чӣ ҳақ аст, ки эшонро ғараз шаҳват буд на мақсуд ман будам. Ҳарчанд ғараз шаҳват буд, музоифи шаафи (хурсандии аз ҳад зиёд) занон аст, ки аз баҳри ту хештанро ба куштан диҳанд. Ва камтар ҳурмати модару падар он аст, ки ҳар ду воситаанд миёни ту ва Офаридгори ту. Пас чандон ки Офаридгори худро ва худро ҳурмат дорӣ, воситаро низ дархӯри ӯ бибояд дошт. Ва он фарзандро, ки мудом хирад раҳнамуни ӯ бувад, аз ҳаққу меҳри падару модар холӣ набошад. Ва Худои таоло ҳамегӯяд дар каломи маҷиди хеш, ки «Атиъуллоҳа ва атиъу а-р-расула ва улул-амри минкум» (порае аз сураи «Нисо»-и Қуръони карим, ки тарҷумааш ин аст: «Фармон баред Худойро ва фармон баред пайғамбарро ва худовандони фармон аз шумо» [1, С. 223]). Ин оятро тафсир кардаанд аз чанд рӯй. Ва як ривоят чунин хондаам, ки «Улул-амр модару падаранд». Зеро ки «амр» ба тозӣ дӯст ё кор аст ё фармон ва «улул-амр» он бувад, ки ӯро ҳам фармон бувад ва ҳам тавон. Ва падару модарро ҳам тавон аст ва ҳам фармон. Аммо тавон аст ба парвардани ту ва фармон аст ба хубӣ омӯхтан.

 

Ва зинҳор, эй писар, ки ранҷи падару модар хор надорӣ, ки Офаридгор ба ранҷи дили модару падар бисёр уқубат кунад ва Худои таоло ҳамегӯяд: «Фало тақул лаҳумо уффин ва ло танҳарҳумо ва қул лаҳумо қавлан кариман» (порае аз ояти 23-и сураи «Исро»-и Қуръон, ки тарҷумааш чунин аст: «Ва ба дуруштӣ хитоб макун ва бо онон ба икром сухан бигӯй» [1, С. 223-224]).

 

Ва дар хабар аст, ки амирулмуъминин Алиро ризаяллоҳ анҳуро пурсиданд, ки ҳаққи падару модар чанд асту чист бар фарзанд, гуфт: «Ин адаб Худои таоло дар марги падару модари пайғамбар (а) бинамуд, ки агар эшон рӯзгори пайғамбарро (а) дарёфтандӣ, воҷиб будӣ эшонро бартари хештан доштан ва ҳаққи эшон бишинохтан ва дар эшон тавозӯи кеҳтариву фарзандӣ намудан. Он гаҳ ин сухан заъиф омадӣ, ки гуфт: «Ано саййиду авлоди одам ва ло афхар» («Ман сарвари фарзанди Одамам, вале фахр намекунам» [1, С. 224])». Пас, ҳаққи модару падар агар аз рӯйи дин нанигарӣ, аз рӯйи хираду мардумӣ бингар, ки падару модар манбати некиву асли парвариши нафси туанд. Чун ту дар ҳаққи эшон муқассир (гунаҳгор, кутоҳӣ) бошӣ, чунон бувад, ки ту сазои ҳеҷ некӣ набошӣ ва он кас, ки вай ҳақшиноси некии асл набошад, некии фарзро ҳам қадр надонад. Бо носипосон некӣ кардан аз хирагӣ бошад ва ту низ хирагии худ маҷӯй ва бо падару модари худ чунон бош, ки аз фарзандони худ тамаъ дорӣ, ки бо ту бошанд. Зеро ки он ки аз ту зояд, ҳамон тамаъ дорад, ки ту аз падар дорӣ, ки ба масал одамӣ ҳамчун мева аст ва модару падар ҳамчун дарахт. Ҳарчанд дарахтро тааҳҳуд беш кунӣ, мева аз вай накутару беҳтар ёбӣ. Ва чун падару модарро ҳурмату озарм беш дорӣ, дуову офарини эшон дар ту асари бештар кунад ва мустаобтар бувад ва ба хушнудии Ҳақ таоло наздиктар бошӣ ва ба хушнудии эшон наздиктар бошӣ. Ва зинҳор, ки аз баҳри мерос марги падару модар нахоҳӣ, ки бе марги падару модар он чӣ рӯзии ту бошад, ба ту бирасад, ки рӯзӣ мақсум аст бар ҳама кас ва ба ҳар касе он расад, ки қисмати ӯ кардаанд. Ва аз баҳри рӯзӣ ранҷи бисёр бар худ манеҳ, ки ба кӯшииш рӯзӣ афзун нагардад, чи гуфтаанд: Масал: «Иш биҷиддин ло бикаддин», яъне, «Ба бахт зӣ, на ба кӯшиш» [1, С. 27].

 

Ва агар хоҳӣ, ки аз баҳри рӯзи аз Худои таоло хушнуд бошӣ, ба касе манигар, ки ҳоли ӯ беҳтар аз ҳоли ту бошад, ба кас нигар, ки ҳоли ӯ аз ҳоли ту бадтар бошад, то доим аз Худованд хушнуд бошӣ. Ва агар ба мол дарвеш гардӣ, ҷаҳд кун, то ба хирад тавонгар бошӣ, ки тавонгарии хирад аз тавонгарии мол беҳтар бошад ва ба хирад мол тавон ҳосил кард ва ба мол хирад ҳосил натавон кард. Ва ҷоҳил аз мол зуд дарвеш гардад ва хирадро дузд натавонад бурдан ва обу оташ ҳалок натавонад кардан. Пас, агар хирад дорӣ, бо хирад ҳунар омӯз, ки хирад бе ҳунар чун тане бошад бе ҷома ва шахсе бувад бе сурат, ки гуфтаанд: «Ал-адабу сурату-л-ақли» («Адаб нишонаи хирад аст» [1, С. 224]) [1, С. 25-27].

 

Адабиёт:

1.Унсурулмаолии Кайковус. Қобуснома. Таҳия, пешгуфтор ва тавзеҳоти Мирзо Муллоаҳмад ва Меҳрӣ Шарофова.– Душанбе: Маориф, 2016. – 240 с.

 

Шоев Фируз Маҳмадаминович,

сармутахассиси шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии

муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ»

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Яндекс.Метрика