ГУЛШАНИ АДАБ

Шамси Табрезӣ

Чӣ тадбир, ай мусалмонон, ки ман худро намедонам,
На тарсову яҳудиям, на габрам, на мусалмонам.

На шарқиям, на ғарбиям, на барриям, на баҳриям,
На аркони табииям, на аз афлоки гардонам.

На аз хокам, на аз бодам, на аз обам, на аз оташ,
На аз аршам, на аз фаршам, на аз кавнам, на аз конам.

На аз Ҳиндам, на аз Чинам, на аз Булғору Сақсинам,
На аз мулки Ироқинам, на аз хоки Хуросонам.

На аз дунё, на аз уқбо, на аз ҷаннат, на аз дӯзах,
На аз Одам, на аз Ҳавво, на аз фирдавси ризвонам.

ЗАБОНГУМКАРДАРО МОДАР НАБАХШАД...‼️

❗"Забонгумкардаро модар набахшад,
Хиёнатпешаро кишвар набахшад".
Забонгумкарда охир хор гардад,
Хиёнатпеша зери дор гардад.
Забонгумкардаро кӯтаҳ забон аст,
Хиёнатпеша расвои ҷаҳон аст.
Забонгумкарда гум созад Ватанро,
Гул ар гардад, намояд гум чаманро.
Ҳар он кӣ бар забон созад хиёнат,
Набошад дар дилаш ҳаргиз диёнат.
Фаромӯш ар намоӣ лафзи модар,
Ба меҳраш зор гардӣ, эй бародар!
Биё, эй дӯст, лафзи модар омӯз,
Аз он пас худ забони дигар омӯз.
Агар хоҳӣ, ки бошӣ сарбаланде,

ЁЗДАҲ ҲИКМАТИ БУЗУРГОН АЗ «БАҲОРИСТОН»-И АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ – РОҲНАМОИ БУЗУРГИЮ ХИРАДМАНДӢ

ҲИКМАТИ ЯКУМ.Афридун (Фаридун, яке аз подшоҳони асотирии «Шоҳнома»), ки дар замини шафқат ҷуз тухми насиҳат накишт, ба фарзандони худ ин тавқеъ (фармон) навишт, ки сафаҳоти айём сафҳаи эъмор (бино кардан, эҷод намудан) аст, дар он манависед ҷуз он чӣ беҳтарини аъмол ва осор аст.
Қитъа
Сафҳаи даҳр бувад дафтари умри ҳама халқ,
Инчунин гуфт хирадманд, чу андеша гумошт.
Хуррам он кас, ки бар ин дафтари пок аз ҳама ҳарф,
Рақами хайр кашиду асари хайр гузошгт [1, С. 47].
 

Ҷумла хашм аз кибр хезад, аз такаббур пок шав!

❗Ҷумла хашм аз кибр хезад, аз такаббур пок шав,
Гар нахоҳӣ кибрро, рав, бе такаббур хок шав!
Хашм ҳаргиз барнахезад ҷуз зи кибру мову ман,
Ҳар дуро чун нардбон зер ору бар афлок шав!
Ҳар куҷо ту хашм дидӣ, кибрро дар хашм ҷӯ,
Гар хушӣ бо ин ду морат, худ бирав, Заҳҳок шав!
Гар зи кибру хашм безорӣ, бирав кунҷе бихусб,
В-ар зи кибру хашм дилшодӣ, бирав, ғамнок шав!
Хашми сагсорон раҳо кун, хашм аз шерон бибин,
Хашм аз шерон чу дидӣ, сар биниҳ, шишок шав!
Луқмаи ширин, ки аз вай хашм ангезад, махур,

ЧАНДЕ АЗ ҲИКОЯТҲОИ ПАНДОМЕЗ БА ВОЛИДАЙН ДАР ТАЪСИРИ ТАРБИЯТИ ФАРЗАНД АЗ «ГУЛИСТОН»-И САЪДИИ ШЕРОЗӢ

Ҳикоят. Яке аз вузароро писаре кавдан (кундзеҳн) буд. Пеши яке аз донишмандон фиристод, ки мар инро тарбияте мекун, магар оқил шавад. Рӯзгоре таълим кардашу муассир набуд. Пеши падараш кас фиристод, ки ин писар оқил намешавад ва наздик аст, ки маро девона кунад.

Чун бувад асли гавҳаре қобил,

Тарбиятро дар ӯ асар бошад.

Ҳеҷ сайқал накӯ наёрад кард,

Оҳанеро, ки бадгуҳар бошад.

Саг ба дарёи ҳафтгона машӯй,

Ки чу тар шуд, палидтар бошад.

Хари Исо гараш ба Макка баранд,

Чун биёяд, ҳанӯз хар бошад.

 

Бо мардуми беғам натавон гуфт ғами дил

Зоҳир накунам пеши рақибон алами дил,
Бо мардуми беғам натавон гуфт ғами дил.

Ҷо кун ба дилу дида, ки гайр аз ту нашояд
Султони саропардаи чашму ҳарами дил.

Эй сабр,' куҷой, ки зи ҳад мегузарад боз
Бар дил ситами он маҳу бар ман ситами дил.

Пойи дилам афгор шуд аз хори раҳи ишқ,
Эй кош, дар ин раҳ нарасидӣ қадами дил.

Дар ишқи ту расвои ҷаҳон аст Ҳилолй,
Гоҳ аз гами бисёру гаҳ аз сабри ками дил.

ПАНДУ НАСИҲАТҲО БА ВОЛИДАЙН АНДАР ФАРЗАНД ПАРВАРИДАН ВА ОИНИ ОН АЗ «ҚОБУСНОМА»-И УНСУРУЛМАОЛИИ КАЙКОВУС

Бидон, эй азизи ман, ки агар Худой туро писаре диҳад, аввал номи хуш бар вай неҳ, ки аз ҷумлаи ҳақҳои падарон яке ин аст. Дувум он, ки ба доягони меҳрубон супор ва ба вақти хатна кардан суннат ба ҷой овар ва ба ҳасби тоқати хеш шодӣ кун. Ва он гоҳ Қуръон биёмузон, чунон ки ҳофизи Қуръон шавад. Чун бузург шавад, агар раият бошӣ, вайро пешае биёмузӣ ва агар аҳли силоҳ бошӣ, ба илми силоҳаш диҳӣ, то савориву силаҳшӯрӣ биёмузад ва бидонад, ки ба ҳар силоҳ чӣ бояд кард. Ва чун аз силоҳ омӯхтан фориғ гардӣ, бояд ки фарзандро шино биёмӯзӣ.

Аввали субҳ аст, хез, к-охири дунё фаност.

❗Сабр кун, эй дил, ки сабр сирати аҳли сафост,
Чораи ишқ эҳтимол шарти муҳаббатвафост.
Молики радду қабул ҳар чӣ кунад, подшост,
Гар бизанад, ҳоким аст, в-ар бинавозад, равост.
Гарчи бихонад, ҳанӯз дасти ҷазаъ3 бар дуост,
В-арчи биронад, ҳанӯз рӯи умед аз қафост.
Барқи ямонӣ биҷаст, боди баҳорӣ бихост,
Тоқати Маҷнун бирафт, хаймаи Лайлӣ куҷост?
Ғафлат аз айёми ишқ пеши муҳаққиқ хатост,
Аввали субҳ аст, хез, к-охири дунё фаност.
Суҳбати ёри азиз ҳосили даври бақост,
Якдама дидори дӯст ҳарду ҷаҳонаш баҳост.

Страницы

Яндекс.Метрика