ГУЛШАНИ АДАБ

Ин ҷаҳону он ҷаҳон як гавҳар аст!

Ошиқонро ҷустуҷӯ аз хеш нест,
Дар ҷаҳон ҷӯянда ҷуз ӯ беш нест!
Ин ҷаҳону он ҷаҳон як гавҳар аст,
Дар ҳақиқат, куфру дину кеш нест!
Ай дамат Исо, дам аз дурӣ мазан,
Ман ғуломи он, ки дурандеш нест!
Гар бигӯйӣ пас равам, не, пас мара,
В-ар бигуйӣ пеш не, раҳ пеш нест!
Даст бикшо, домани худро бигир,
Марҳами ин реш ҷуз ин реш нест!
Ҷузви дарвешанд ҷумла неку бад,
Ҳар ки набвад ӯ чунин, дарвеш нест!
Ҳар ки аз ҷо рафт, ҷойи ӯ дил аст,
Ҳамчу дил андар ҷаҳон ҷойеш нест!
✍️ Мавлоно Балхӣ-Румӣ.

ИМОМИ МАСҶИД ВА АМИР

Рӯзе Амир дар оқиби имоме намоз гузошт, ки он имом қироъатро баъди сураи Фотиҳа тӯлонӣ кард, пас амир дар назди мардум ба имом гуфт; Эй имом! Дар ҳар ракати намоз аз як оят зиёд қироъат накун!.
Пас Амир дар оқиби ҳамон имом намози Шомро хонд, ки имом баъди хондани сураи Фотиҳа ин ояти каримаро қироъат кард; (Ва мегӯянд: «Парвардигоро! Мо аз сарон ва бузургони худ итоат кардем ва моро гумроҳ сохтанд). Сураи Аҳзоб-67.

Мадон ганҷе беҳ аз ганҷи қаноат!

❗Мадон ганҷе беҳ аз ганҷи қаноат,
Ғаниҳол аст марди ин бизоат.
Ҳамегуям ман, инро чорае нест,
Ки чун ман дар ҷаҳон бечорае нест.
Чи будӣ, гар гурез асти зи махлуқ,
Сари хилватнишин буди ба Айюқ.
Дареғ аст ин, ки баҳри як дирам зар
Гуҳар бо хок бояд кард ҳамсар.
Агар дарвеш, агар шоҳу амир аст,
Ба гетӣ аз кафофе ногузир аст.
Маро камтар хуриш будиву пушиш,
Ба мадҳи кас накардам ҷаҳду кушиш.
Умедам ҳаст ҳамроҳии мардон,
Аз ин уммед навмедам магардон.
Шабе кунҷам будиву мавзеи хоб,

Бошад, ки аз баҳри Худо сӯи ғарибон бингарӣ!

❗Эй чеҳраи зебои ту рашки бутони озарӣ,
Ҳарчанд васфат мекунам, дар ҳусн аз он болотарӣ.
Ҳаргиз наёяд дар назар, нақше зи рӯят хубтар,
Шамси надонам ё қамар, ҳурри надонам ё парӣ?
Офоқро гардидаам, меҳри бутон варзидаам,
Бисёр хубон дидаам, аммо ту чизи дигарӣ.
Олам ҳама яғмои ту, халқе ҳама шайдои ту,
Он наргиси шаҳлои ту оварда расми кофарӣ.
Эй роҳату ороми ҷон, бо қадди чун сарви равон,
З-ин сон марав доманкашон, к-ороми ҷонам мебарӣ.
Азми тамошо кардаӣ, оҳанги саҳро кардаӣ,
Ҷону дили мо бурдаӣ, ин аст расми дилбарӣ?

Пурсишу посӯх...

Савол: Зане, ки аз шавҳараш ҷудо шуда бошад, бе вакил ва бидуни иҷозати волидонаш метавонад, ки бо марди хостгораш издивоҷ кунад?

Ҷавоб: Аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ зани шавҳардида метавонад, ки бе иҷозати волидони худ издивоҷ кунад. Вале барои бобаракат шудани никоҳ ва хушбахт шудан ризояти волидон ва дуои хайри онҳо лозим аст. Набояд фаромӯш кард, ки барои дуруст шудани никоҳ ҳузури шоҳидон зарурӣ ва ҳатмӣ мебошад.

Раёсати фатвои Маркази исломӣ

Таҳиякунанд:
Абдуллоҳи Қодирӣ - корманди шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Дунё маталаб, чоҳ маҷӯ, ишва махар!

❗Эй нафс ки бастаи ҳавои ҳавасӣ,
Биштоб, ки дар ҳимояти як нафасӣ.
Дунё маталаб, чоҳ маҷӯ, ишва махар,
К-аз дӯст бароиву ба душман бирасӣ!

‼️ҶОН АЗ ОН ЛАБҲО ҲИКОЯТ МЕКУНАД‼️

❗Ҷон аз он лабҳо ҳикоят мекунад,
Тӯтӣ аз шаккар ривоят мекунад.
Ҳар кӣ мегӯяд ҳадиси салсабил,
3-он лаби нӯшин киноят мекунад.
Аз рақибон мекунад паҳлӯ тиҳӣ,
Ҷониби моро риоят мекунад.
Чашми шӯхаш мекашад теғи ҷафо,
Лаъли ҷонбахшаш ҳимоят мекунад.
Дур аз он лаб ҷон яке нолон най аст,
«Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад»,
3-он лаби ҳамчун шакар монда ҷудо,
«Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад».
Қатли Ҷомиро чӣ ҳоҷат захми теғ,
Ғамзае ӯро кифоят мекунад!
А.Ҷомӣ
Шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Поён нишастан аз адаб аст!

Гарчи боло нишастан аз насаб аст,
Лек поён нишастан аз адаб аст.
Гар фурутан нишаст Хоқонӣ,
Не маро айбу не туро адаб аст.
Қул ҳуваллоҳ бин, ки дар Қуръон,
Зери Таббат яда Абилаҳаб аст!
✍️Ҳоқонии Шервонӣ.

Страницы

Яндекс.Метрика