Рӯзе Амир дар оқиби имоме намоз гузошт, ки он имом қироъатро баъди сураи Фотиҳа тӯлонӣ кард, пас амир дар назди мардум ба имом гуфт; Эй имом! Дар ҳар ракати намоз аз як оят зиёд қироъат накун!.
Пас Амир дар оқиби ҳамон имом намози Шомро хонд, ки имом баъди хондани сураи Фотиҳа ин ояти каримаро қироъат кард; (Ва мегӯянд: «Парвардигоро! Мо аз сарон ва бузургони худ итоат кардем ва моро гумроҳ сохтанд). Сураи Аҳзоб-67.
Ва дар ракати дуввум баъди хондани сураи Фотиҳа ин ояти каримаро қироъат кард; (Парвардигоро! Ононро аз азоб, ду чандон деҳ ва онҳоро лаъни бузурге намо!). Сураи Аҳзоб-68.
Пас Амир баъди намоз ба имом гуфт: Эй имом! Намозро чӣ қадар тавонӣ тӯлонӣ бихон ва ба ғайри ин ду оят аз куҷои Қуръон бихоҳӣ қироъат бикун!. (?)
Аз саҳифаи беҳтарин қиссаҳо