❗Эй чеҳраи зебои ту рашки бутони озарӣ,
Ҳарчанд васфат мекунам, дар ҳусн аз он болотарӣ.
Ҳаргиз наёяд дар назар, нақше зи рӯят хубтар,
Шамси надонам ё қамар, ҳурри надонам ё парӣ?
Офоқро гардидаам, меҳри бутон варзидаам,
Бисёр хубон дидаам, аммо ту чизи дигарӣ.
Олам ҳама яғмои ту, халқе ҳама шайдои ту,
Он наргиси шаҳлои ту оварда расми кофарӣ.
Эй роҳату ороми ҷон, бо қадди чун сарви равон,
З-ин сон марав доманкашон, к-ороми ҷонам мебарӣ.
Азми тамошо кардаӣ, оҳанги саҳро кардаӣ,
Ҷону дили мо бурдаӣ, ин аст расми дилбарӣ?
Хусрав ғариб асту гадо, афтода дар мулки шумо,
Бошад, ки аз баҳри Худо сӯи ғарибон бингарӣ!
Амир Хусрави Деҳлавӣ