ГУЛШАНИ АДАБ

Гум шудам дар худ...

❗Гум шудам дар худ чунон, к-аз хеш нопайдо шудам,
Шабнаме будам зи дарё, ғарқа дар дарё шудам.
Сояе будам зи аввал, бар замин афтода хор,
Рост, к-он хуршед пайдо гашт, нопайдо шудам.
З-омадан бас бенишону аз шудан бас бехабар,
Гӯиё як дам баромад, к-омадам ман, ё шудам.
На! Мапурс аз ман сухан, зеро ки чун парвонае
Дар фурӯғи шамъи рӯи дӯст нопарво шудам.
Дар раҳи ишқаш қадам дарнеҳ, агар бо донишӣ,
Лоҷарам, дар ишқ ҳам нодону ҳам доно шудам.
Чун ҳама тан дида мебоист буду кӯр гашт,

Ҳар марди шутурдор, Увайси қаранӣ нест!

❗Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест,
Мо таҷриба кардем, касе ёри касе нест.
Ҳар марди шутурдор, Увайси қаранӣ нест,
Ҳар шишаи гулранг, ақиқи яманӣ нест.
Ҳар сангу гиле гавҳари ноёб нагардад,
Ҳар Аҳмаду Маҳмуд расули маданӣ нест.
Бар мурдадилон панд мадеҳ хеш маёзор,
Зеро, ки Абӯҷаҳл мусалмон шуданӣ нест.
Бо марди Худо панҷа маяфкан чу Намруд,
Ин ҷисми Халил аст, ки оташ заданӣ нест.
Хушнуд машав душман агар кард муҳаббат,
Хандидани ҷаллод зи ширинсуханӣ нест.
Ҷое, ки бародар ба бародар накунад раҳм,

ЗАБОНИ МОДАРӢ

Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳарчӣ ӯ аз моли дунё дошт, дод,
Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод.
Суннати волою девон дошт, дод,
Тахти Сомон дошт, дод.

Душмани донишгадояш «Дониш»-и Сино гирифт,
Душмани бесуннаташ девони Мавлоно гирифт,
Душмани санъатфурӯшаш санъати Беҳзод бурд
Душмани бехонааш дар хонаи ӯ ҷо гирифт.

Дод ӯ аз даст гурзи Рустаму Сӯҳробро,
Барбарони нотавонеро тавоно кард ӯ.
Номи худро ҳамчу гӯри Рӯдакӣ аз ёд бурд,
Қотилони хешро машҳури дунё кард ӯ.

МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ

Бахшида ба солгарди Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ тахминан соли 1207 дар шаҳри Балх ё дар Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ном Аҳмад Ҷалолуддин тахаллусаш ба Мавлавӣ машҳур аст. Падараш аз олимони Балх буд. Дар ибтидои ҳуҷуми муғулҳо ӯ бо волидайни худ аз Вахш ба Балху Самарқанд ва Нишопур сафар кардааст. Баъдан оилаи онҳо аз Нишопур ба Ҳиҷоз мекӯчанд.

Соли 1232 дар Қуния, назди Сайид Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ илми тасаввуфро азхуд мекунад. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ соли 1273 дар Қунияи Рум (Туркия) вафот кардааст.

Абулқосим Фирдавсӣ

Агар дар ҷаҳон наб-вад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

✍️✍️Абулқосим Фирдавсӣ

Ривоят

Рӯзе як мард, аз назди хонае мегузашт, ки он ҷо дарахтеро дид. Он дарахт қариб, ки пурра латтапеч буд, зеро мардуми он маҳалла ба навдаҳои он латтаеро мебастанд ва аз ӯ талаби хоҳишҳои худро мекарданд. Муттаассифона ингуна дарахтон ва мазорҳо дар баъзе аз маҳаллаҳои мо низ вуҷуд доранд.
Он мард, ки хело марди боимону баномус буд, баъд аз он ки дарахтро дид ният кард, ки ҳозир ба хона меравам ва табарро гирифта ин дарахтро решакан мекунам, зеро вай мардумро гумроҳ карда истодааст.

Биё, то қадри яқдигар бидонем!

Биё, то қадри яқдигар бидонем,
Ки то ногаҳ зи якдигар намонем.
Чу мўъмин оинаи мўъмин яқин шуд,
Чаро бо оина мо рўгаронем?
Каримон ҷон фидои дўст карданд,
Сагӣ бигзор, мо ҳам мардумонем.
Фусуни «қул аъузу қул ҳуваллоҳ»
Чаро дар ишқи ҳамдигар нахонем.
Ғаразҳо тира дорад дўстиро,
Ғаразҳоро чаро аз дил наронем.
Гаҳе хушдил шавӣ аз ман, ки мирам,
Чаро мурдапарасту хасми ҷонем?
Чу баъд аз марг хоҳӣ оштӣ кард,
Ҳама умр аз ғамат дар имтиҳонем.
Кунун пиндор: мурдам, оштӣ кун,

Манам тоҷик мехоҳам, ки сулҳ андар Ватан бошад!

Манам тоҷик мехоҳам, ки сулҳ андар Ватан бошад,
Намехоҳам, ки ноамни даме бо халқи ман бошад.
Чи лозим ҷангу хунрези, дар ин бӯстонсаро охир,
Ки бустон ҷойи булбул аст, на ҷойи ту на ман бошад.
Ту Қиргиз, чун бародар бош, ту Пашту ҳам чу додар бош,
Намехоҳам шаҳидони Ватан-ро бекафан бошад.
Бихон таърих ниёгонро шинос фарҳанг намо эҳё,
Ки бефарҳанг дар ин дунё дар оташдони ғам бошад.
Масузон модари хешро ту! Эй Қирғиз зи андӯҳ бас!
Бимон шоди даме андар лаби соҳибватан бошад.
Ҳама тоҷиктаборони Ватан дар саф пайи ҳам бош! К

Страницы

Яндекс.Метрика