ГУЛШАНИ АДАБ

Тақвои Имом Абӯҳанифа

Рӯзе Имом Абӯҳанифа (р) ба яке аз зердастонаш чанд порча тикка дод то дар бозор бифрӯшад ва барояш гӯшзад кард , ки яке аз ин тиккаҳо айб дорад ва ҳангоми фурӯхтан , ба харидор айбашро бигӯӣ. Аммо у фаромӯш кард, ки айбашро ошкор кунад. Замоне, ки Имом Абӯҳанифа аз ин мавзӯъ огоҳ шуд, ҳамаи пули бадастомада аз ҳамон тиккаро садақа дод ва гуфт: тарҷиҳ медиҳам аз ташнагӣ бимирам аммо оберо нахӯрам, ки намедонам аз роҳи ҳалол бадаст омада ё ҳаром...!

Бемураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан...

❗Нафси саркашро мусаххар ақли пуртадбир кард,
Саг чу шуд девона, ӯро метавон занҷир кард.
Бемураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.
Бо бузургони ҷаҳон густох будан хуб нест,
Охир ин беиззатӣ бар Кӯҳкан таъсир кард.
Беибо натвон ба базми тундхӯён по ниҳод,
Бемуҳобо такя натвон бар дами шамшер кард.
То ба пои хум нарафтам соғарам ёрӣ надод,
Дастгирӣ бо мани афтода, рӯҳи пир кард.
Мераванд, аҳли тамаъ дар базмҳо девонавор,
Метавон дарҳои меҳмонхонаро занҷир кард.

Ҷумла хашм аз кибр хезад, аз такаббур пок шав

Ҷумла хашм аз кибр хезад, аз такаббур пок шав,
Гар нахоҳӣ кибрро, рав, бе такаббур хок шав!

Хашм ҳаргиз барнахезад ҷуз зи кибру мову ман,
Ҳар дуро чун нардбон зер ору бар афлок шав!

Ҳар куҷо ту хашм дидӣ, кибрро дар хашм ҷӯ,
Гар хушӣ бо ин ду морат, худ бирав, Заҳҳок шав!

Гар зи кибру хашм безорӣ, бирав кунҷе бихусб,
В-ар зи кибру хашм дилшодӣ, бирав, ғамнок шав!

Хашми сагсорон раҳо кун, хашм аз шерон бибин,
Хашм аз шерон чу дидӣ, сар биниҳ, шишок шав!

Ҳусни маънӣ хоҳӣ, аз касбу ҳунар ғофил мабош!

❗Ҳусни маънӣ хоҳӣ, аз касбу ҳунар ғофил мабош,
Абруи бемӯ бувад, теғе, ки ӯ беҷавҳар аст.
Аз ҳаё магзар, ки дар номусгоҳи эътибор,
Шарм мардонро виқор асту занонро зевар аст.
Гар ризои Ҳақ тамаъ дорӣ, ба нафъи халқ кӯш,
Ҳар ғизо к-афтад мувофиқ бо бадан, ҷонпарвар аст.
Чун дуруштӣ аз табиат рафт, роҳат фарш ҳаст,
Хоби махмалро ҳамон вазъи мулоим бистар аст.
Ҳирс гирди хеш мегардад ба завқи ҷамъи мол,
Маркази паргори ин гирдоб фикри гавҳар аст.
Эътибороти бузургони ҷаҳон ҳеч асту пуч,

Шери Худову Рустами дастонам орзуст!

❗Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст,
Бикшой лаб, ки қанди фаровонам орзуст.
Эй офтоби ҳусн, бурун о даме зи абр,
К-он чеҳраи мушаъшаи тобонам орзуст.
Бишнидам аз ҳавои ту овози табл боз,
Боз омадам, ки соъиди султонам орзуст.
Гуфтй зи ноз: «Беш маранӌон маро, бирав»,
Он гуфтанат, ки «беш маранӌонам», орзуст.
В-он дафъ гуфтанат, ки бирав шаҳ ба хона нест,
В-он нозу бозу тундии дармонам орзуст.
Дар дасти ҳар кй ҳаст зи хубй қурозаҳост,
Он маъдани малоҳату он конам орзуст.
Ин нону оби чарх чу селест бевафо,

Нишонаҳои оқил, нимаоқил ва ғофил аз дидгоҳи Мавлоно

مثنوی مولوی حکایت آن آبگیر و صیادان و سه ماهی عاقل و نیم عاقل و مغرور

Паёми сулҳ

Бошад ҳамеша ҳамсафари ман каломи сулҳ,
Хоҳем рӯдбори хуши мустадоми сулҳ.

Ҳар субҳидам ба нағмаи ҷонсӯзи ошиқӣ,
Булбул ба шоха мерасад баҳри саломи субҳ.

Дар зери Парчами Ватан тифлони мо хушанд,
Воло шуморам аз зару сим эҳтироми сулҳ.

Гардад димоғ тозаю гул медамад ба боғ,
Ояд ба гӯши ҷон агар умре паёми сулҳ.

Эй кош, ҷои ҷангҳо дар курраи замин,
Нӯшем бодаи тараб,ёрон, зи ҷоми сулҳ.

Нуринисо
Душанбе

پیام صلح .

باشد همیشه هم صفای من کلام صلح
خواهیم رود بار خوش مستدام صلح

Андеша намекунӣ ту аз рӯзи гарон!

Эй гашта шабу рӯз ба дунё нигарон,
Андеша намекунӣ ту аз рӯзи гарон.
Охир нафасе бубину бозой ба худ,
К-айём чӣ гуна мекунад бо дигарон.

Бознашр аз Хазинаи маърифат

Страницы

Яндекс.Метрика