Ҳусни маънӣ хоҳӣ, аз касбу ҳунар ғофил мабош!

❗Ҳусни маънӣ хоҳӣ, аз касбу ҳунар ғофил мабош,
Абруи бемӯ бувад, теғе, ки ӯ беҷавҳар аст.
Аз ҳаё магзар, ки дар номусгоҳи эътибор,
Шарм мардонро виқор асту занонро зевар аст.
Гар ризои Ҳақ тамаъ дорӣ, ба нафъи халқ кӯш,
Ҳар ғизо к-афтад мувофиқ бо бадан, ҷонпарвар аст.
Чун дуруштӣ аз табиат рафт, роҳат фарш ҳаст,
Хоби махмалро ҳамон вазъи мулоим бистар аст.
Ҳирс гирди хеш мегардад ба завқи ҷамъи мол,
Маркази паргори ин гирдоб фикри гавҳар аст.
Эътибороти бузургони ҷаҳон ҳеч асту пуч,
Чун ҳубоб ин ҷо сари бемағз соҳибафсар аст...
Бе такаллуф касби ҳуше кун, ки дар девони роз
Андаке фаҳмидан аз бисёр гуфтан хуштар аст!

Бознашр аз саҳифаи
Марвориди форсу тоҷик

Яндекс.Метрика