ҲИКМАТҲОИ ШАЙХ АЗИЗ НАСАФӢ

ҲИКМАТҲОИ ШАЙХ АЗИЗ НАСАФӢ

* Ҳар чизе ки дар олам буду ҳаст ва хоҳад буд.

* Дар роҳ мондан мумкин аст, аммо аз мақоми аввали худ даргузаштан мумкин нест.

* Камоли ҳар як он аст, ки саъй кунанд ва ҷидду ҷаҳд кунанд то ба аввали мақоми худ бираванд ва бирасанд ва дар роҳ намонанд.

* Имкон надорад, ки барге бар дарахте биҷунбад ё касе чизе дар дил гузаронад бе илм ва иродаи Ҳаққ.

* Кори одамӣ он аст, ки доим дар иқтибоси улум ва иқтибоси анвор бошад.

* Ҳар киро истеъдод зиёдат бошад ва саъйу кӯшиш бештар бошад мақоми вай олитар бувад.

Бознашр аз китоби “Зубдат ул - ҳақоиқ”.

Саҳифаи Хазинаи маърифат

Яндекс.Метрика