Писари Гандӣ мегӯяд:

Падарам ҷаласаи як рӯзае дар шаҳр дошт, аз ман хост ӯро ба шаҳр бирасонам, вақте ӯро расондам гуфт:
-соати 5 ҳаминҷо мунтазират ҳастам, то бо ҳам баргардем.
Ман аз фурсат истифода кардам ва барои хона аз бозор харид кардам, мошинро ба таъмиргоҳ бурдам, баъд аз он ба синамо рафтам, соати 5,30 дақиқа буд, ки ёдам омад ба дунболи падарам биравам.
Вақте расидам соати 6,00 шуда буд!
Падар бо нигаронӣ пурсид: чаро дер кардӣ?
Бо шармандагӣ дурӯғ гуфтам: мошин ҳозир набуд, маҷбур шудам мунтазир бимонам!
Падарам, ки қаблан ба таъмиргоҳ занг зада буд гуфт: “дар равиши тарбияти ман ҳатман нуқсе вуҷуд дошта аст, ки ба ту эътимод ба нафси лозимро надодааст, ки ба ман рост бигӯӣ. Барои ин, ки бифаҳмам нуқси кори ман куҷост? Ин ҳаҷдаҳ моилро то хона пиёда бармегардам, то дар ин бора фикр кунам!
Муддати панҷ соату ним пушти сараш мошинро мерондам ва падарамро, ки ба хотири дурӯғи аҳмақонае, ки гуфта будам, ғарқ дар нороҳатӣ ва андуҳ буд, нигоҳ мекардам!
Ҳамонҷо буд, ки тасмим гирифтам, дигар ҳаргиз дурӯғ нагӯям!!!
Ин амали падарам, ки бидуни ҷанг ва даъво буд, онқадар нерӯманд буд, ки баъд аз гузашти 80 сол аз зиндагиам ҳануз ба он фикр мекунам!

Дар ҷаҳон танҳо як роҳ аст ва он “роҳи ростӣ” аст!!!

Бознашр аз саҳифаи
Хазинаи маърифат

Яндекс.Метрика