Мақола

ТАЪСИРИ АНДЕШАҲОИ ХОҶА ҲОФИЗ БА АЛЛОМА ИҚБОЛИ ЛОҲУРӢ

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ аз маъруфтарин адибону мутафаккирони поёни асри XlX ва аввали асри XX -и Машриқзамин, бахусус Шибҳқора (Ҳинду Покистон), ба шумор рафта, бо осори илмию адабии рӯҳбахш, муассир ва сергунҷоишу пурмазмуни худ дар таърихи тамаддуни башарӣ сазовори манзалати баланд мебошад. Мавсуф бо истеъдоди бесобиқа ва осори гаронбаҳояш дар тамаддуну фарҳанги  Шарқи исломӣ нақши бориз ва мақому маҳбубияти поянда дорад. Қарни сипаришудаи тамаддуни бузурги форситаборон бе ном, назми шевои инқилобӣ ва андешаву афкори созандаи ӯ ғайри тасаввур аст.

Роҳи хирад - беҳтарин роҳ!

Таҳлили раванди ҳодисаҳои таърихӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳама гуна ҷангу ҷидол ахиран бо сулҳ ба анҷом мерасад. Аммо ин сулҳ дар баъзе ҳолатҳо  баъд аз ҷангҳои хунин, қурбон гардидани ҳазорҳо ҷавонони аз зиндагӣ умеддошта, ҷигархун гардидани ҳазорҳо модарони фарзандгумкарда даст медиҳаду дар баъзе ҳолатҳо бидуни хисороти ҷонию молӣ ва дилозурдагии сокинон бо розигию хушнудии тарафайн танинандоз мегардад.

Зинда бод сулҳу дўстии миллатҳо!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфтаанд: «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд».

 

«Таърихи Байҳақ» дигар асту «Таърихи Байҳақӣ» дигар

Яке аз бахшҳои таърихнигории мо тоҷикон, ки дар асрҳои миёна рушди бесобиқа доштааст, таърихнигории маҳаллӣ ба шумор меравад. Ин навъи таърихнависӣ дар асрҳои IX-XIII хеле рушд кардааст. Тарғибгари таълифу тадвини таърихҳои маҳаллӣ бештар намояндагони ҳукуматгари силсилаҳои маҳаллӣ будаанд, ки дар шаҳру вилояти гуногун ҳукм меронданд. Ба иборати дигар таърихи маҳаллӣ навъе шаҳршиносӣ дар илми таърихнигории миллӣ аст, ки иттилооти ҷомеъе дар бораи шаҳрҳо, сокинони он, мардони номовару чеҳраҳои дурахшони илму адабу ҳунар ва ҷуғрофияро дар бар мегирад.

Мазҳаби ҳанафӣ ва интишори он ( қисми сеюм)

Ҳақиқат аз нигоҳи мо он аст, ки ёрони Абўҳанифа аз ҷумлаи муҷтаҳидони мустақил буданд ва ҳар яке аз онҳо соҳиби андешаи хосе буд, ки ба раъйи устодаш наздик меомад ё дур мешуд, агарчи усули ҳама ба ҳам наздик буд.

 

Вақте, ки китобҳои Абўҳанифаро мехонӣ, дар бисёре аз андешаҳо хилофро мушоҳида мекунӣ, агарчӣ ин хилоф дар асосҳо нест, лекин дар ҳалли бисёр масоил вуҷуд дорад.Чунин хилофро дар китобҳои Имом Муҳаммад низ ёфтан мумкин аст ва ин кори пайраве нест, ки чизеро аз андешаҳои устодаш ихтиёр кунаду аз он дарнагузарад, то нисбат додани афкор ба ў аз рўи маҷоз бошад.

НЕДРУЖЕСТВЕННЫЕ И НЕОБДУМАННЫЕ ДЕЙСТВИЯ СОСЕДЕЙ

Дифференцировать национальную и этническую принадлежность того или иного народа к этическим категориям добра и зла недопустимо. Ибо нет абсолютно добрых или абсолютно злых народов и наций. Доброе и злое в действии поведение появляется и устанавливается с течением времени в зависимости от личных или групповых интересов. Люди, народы в психологическом и наследственном отношении не однородны, и, порой доброе для одних противоположно для других и наоборот. 

 

АБУМАНСУР АЛ-МОТУРИДИИ САМАРҚАНДӢ КИ БУД?

Сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон ба ҷаҳониён як силсила донишмандону мутафаккиронро ато кардааст, ки бо таҳқиқот ва ковишҳои худ дар улуми мухталиф, мисли табиатшиносӣ, мантиқ, дину фалсафа ва ғайра дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштаанд. Абумансури Мотуридӣ аз ҷумлаи онҳост, ки тамоми умри хешро ба  таҳқиқу тадбиқи масоили илоҳиёт, ҳуқуқи исломӣ (фиқҳ), шариат, калома бахшидааст. Имом Мотуридӣ дар таърихи фарҳанги исломӣ бештар ба унвони яке аз бузургтарин донандагони илми калом эътироф гардида, ҳамчун бунёнгузори мактаби каломи Мовароуннахрӣ шинохта мешавад.

ЗАН КИСТ?

-Ӯ ҳамонест, ки агар гиёҳе офарида мешуд, гул буд. Агар парандае офарида мешуд, товус буд. Агар ҳайвоне офарида мешуд, оҳу буд. Аммо ӯ инсон офарида шуд, дӯст, ҳамсар, бузургтарин неъмати ҳастии рӯи замин. Агар зан чизи боҳашамате намебуд, Худованд ӯро ҳуре дар биҳишт намегардонид. Агар офариниши бузурге намебуд, Паёмбараш биҳиштро зери пойи ӯ қарор намедод. Ӯ ҳамон касест, ки бо додани гуле хушнуд ва бо шунидани сухани хуш, лабханд мезанад. Туфулаташ дарвозае барои биҳишти падарон аст. Сипас ӯ ҷавонест, ки дини ҳамсарро пурра мекунад. Сипас модарест, ки ҷаннат зери пойи ӯст.

Страницы

Яндекс.Метрика