Мазҳаби ҳанафӣ ва интишори он ( қисми сеюм)

Ҳақиқат аз нигоҳи мо он аст, ки ёрони Абўҳанифа аз ҷумлаи муҷтаҳидони мустақил буданд ва ҳар яке аз онҳо соҳиби андешаи хосе буд, ки ба раъйи устодаш наздик меомад ё дур мешуд, агарчи усули ҳама ба ҳам наздик буд.

 

Вақте, ки китобҳои Абўҳанифаро мехонӣ, дар бисёре аз андешаҳо хилофро мушоҳида мекунӣ, агарчӣ ин хилоф дар асосҳо нест, лекин дар ҳалли бисёр масоил вуҷуд дорад.Чунин хилофро дар китобҳои Имом Муҳаммад низ ёфтан мумкин аст ва ин кори пайраве нест, ки чизеро аз андешаҳои устодаш ихтиёр кунаду аз он дарнагузарад, то нисбат додани афкор ба ў аз рўи маҷоз бошад.

 

Агар ту китобҳои фиқҳиро пайгирӣ кунӣ ва ба масъалаҳои фиқҳии умдае, ки дар он хилоф машҳургаштааст, мисли лозим шудани вақф, манъи сафиҳ (бехирад), манъи қарздор ва дигар масоил руҷуъ кунӣ, дар он ихтилофи нигоҳро равшан дармеёбӣ, ҳатто ин ихтилоф қариб аст дар ин масоил ихтилофи манҳаҷӣ бошад. Пас салб кардани шахсияти эшон барои фано гаштани он дар шахсияти Имом ҳуҷуми сахте ба ҳақ хоҳад буд.

 

Сабаби омехтасозии суханони устодашон бо суханонашон дар китобҳои худ ин ҳарисии онон барои огоҳ намудани донишҷўёни фиқҳ аз нуқтаҳои назари муаллиф дар масоил ва, чи хеле, ки баён кардем, дар умум ягонагии асосҳо мебошад. Инчунин таваҷҷўҳи фақиҳони Ироқ аз замони Абўҳанифа ё пештар нисбат ба омўхтани фиқҳ мебошад, то омўзандаи фиқҳ тавонад андешаҳояшро бо донистани андешаҳои муқобил омўзад. Ҳатто Абўҳанифа (р) чунин гуфтааст: “Донотарини мардум он аст, ки аз ихтилофи мардум огоҳтар бошад”.

 

Танҳо ақволи ҳамнишинони Абўҳанифа (р) бо суханони ў омехта нагаштааст, балки пас аз эшон нафароне омаданд ва ақволеро, ки аз ў ва ёронаш ривоят нагаштааст, изофа намуданд. Баъзе аз ин андешаҳо ба мазҳаби ҳанафӣ нисбат дода мешавад ва баъзеи дигар ба ин мазҳаб иртиботе надорад. Бархе аз онҳо баъзе андешаҳоро бар андешаҳои дигар бартарӣ дода, дар натиҷа хилофи зиёде ба вуҷуд овард ва бартариятдиҳӣ авҷ гирифтааст. Ҳамин тарз мазҳаб густариш ёфт ва доманаи ў барои рўйдодҳои замона ва муносибат бо ҳама ҳолатҳо вусъат пайдо намуд.

 

Мо метавонем омилҳои интишори мазҳабро дар се чиз хулоса намоем, ки дар якҷоягӣ сабаби густариши мазҳаб гаштанд.

 

Ин се омил инҳоянд: муҷтаҳидон ва баёнкунандагони фатвоҳо, бисёрии ақволи аз имом ва ёронаш ривоятгашта ва осони бароварди масоил дар мазҳаб ва эътибори суханони фатво баророн. 

 

 

Идома дорад...

 

Исоев Н. -  мутахассиси пешбари шўъбаи пажўҳиши маъхазҳои исломӣ

 

 

 

 

 

Яндекс.Метрика