Роҳи хирад - беҳтарин роҳ!

Таҳлили раванди ҳодисаҳои таърихӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳама гуна ҷангу ҷидол ахиран бо сулҳ ба анҷом мерасад. Аммо ин сулҳ дар баъзе ҳолатҳо  баъд аз ҷангҳои хунин, қурбон гардидани ҳазорҳо ҷавонони аз зиндагӣ умеддошта, ҷигархун гардидани ҳазорҳо модарони фарзандгумкарда даст медиҳаду дар баъзе ҳолатҳо бидуни хисороти ҷонию молӣ ва дилозурдагии сокинон бо розигию хушнудии тарафайн танинандоз мегардад.

Ҷойи шубҳае нест, ки роҳи якум роҳест, ки онро нафси пурғазаби саркаш интихоб намудааст. Чун онро нафс интихоб намудааст, вай оқилона нест ва аз ин рӯ, натиҷаи хуб ҳам ба бор намеоварад. Роҳи дуюм роҳи ақлу хирад аст. Хирад ҳама корро дар тарозуи некию бадӣ месанҷад ва баъдан барои қабули қарор тасмим мегирад. Ҷои шубҳае нест,  ки роҳи дуюм роҳи интихобнамудаи шахси хирадманд аст ва вай аз роҳи интихобнамудаааш пушаймон нест. Баръакс аз он ки вай роҳи дурустро интихоб намуд, меболаду дар самои орзую ҳавасҳои нек парвоз мекунад. Дар ҳолате, ки роҳи интихобнамудаи нафс аз  аввал то охир пушаймонист.

Бидуни тардид ҳолате, ки имрӯз мардуми қирғиз ва тоҷик доранд, ба ҳолати фавқуззикр пурра шабоҳат дорад. Мардум ё ҷангро интихоб намуда, бандаи нафс мегарданд ва баъди  талафоти ҷонию молии зиёд  пушаймон гардида, ба сулҳ мерасанд ва ё хирадро роҳбару роҳнамо гирифта, нафсро зери по месозанд ва бо ҳидояти хирад нуқтаи созишу муросоро дарк намуда, ба дили ҳамдигар роҳ меёбанд ва сулҳу оромиро беҳтарин арзиши инсонӣ ба қалам дода, дӯстонаю хурсандона зиндагӣ менамоянд. 

Аз тарафи дигар, ҳодисаҳои мудҳише, ки имрӯз дар  минтақаҳои даргири ҷаҳон рух медиҳанд, барои кур асо мебошанд. Аз ин даргириҳо нерӯҳои манфиатдор мушкилоти иқтисодию сиёсии худро ҳал менамоянд, аммо мардуми оддӣ хун мегиряд. Аз ин рӯ, бидуни шак роҳи ягонаи ҳалли мушкилоти байни мардуми қирғизу тоҷик роҳи ақлу ҳирад аст. Аз оғози ҳаёт то ба имрӯз хирад ҳеҷ шахсро ноумед накардааст.

Мардуми тоҷик аз қадимулайём танҳо роҳи хирадро роҳнамои худ сохта, бо тамоми халқияту миллатҳои минтақа дӯстона зиндагӣ намудааст. Ҳамин роҳро Фирдавсии бузургвор дар «Шоҳнома»-и безаволи худ аз номи Рустами ҷаҳонпаҳлавон ба таври зер нишон додааст:

Таҳамтан бад-ӯ гуфт, к-эй шаҳриёр,

Дилатро бад-ин кор ғамгин мадор.

Касе к-ӯ оштӣ ҷӯяду суру базм, 

На некӯ бувад пеш рафтан ба разм.    

Гумон мекунам,  ки мардуми қирғиз низ чун тоҷикон роҳи хирадро раҳнамуи хеш сохта, аз роҳи ҷанг ҳазар менамоянд ва бо ҳамсоягони деринаи худ чун дар солҳои замони шӯравӣ дар зери парчами болафшони сулҳу сафо ҳамкориҳои бародаронаю дӯстонаро ба роҳ монда, аз зиндагии кӯтоҳу пурғановат баҳравар  мегарданд. Боварии комил дорам, ки иродаи мардуми бохиради ҳар ду миллат кофист то ба таҳрикдиҳандагони ҷанг аз берун ҳарфи «НЕ!»-ро аз замири қалби худ бо овози баланд бурун кунанд.Зеро ҳам тоҷикону ҳам қирғизҳо аз сулҳу оромӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба сахт манфиатдор мебошанд.

 

Абдухалилзоода К.А.

Яндекс.Метрика