Мақола

Озодии инсон дар андешаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Карл Ясперс (Ба муносибати 815 – солаги Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ)

Озодихоҳӣ андешаест, ки инсонро аз ҳар қайду банд, ки монеи рушд ва саодати ӯ мегардад, раҳо месозад. Зимни омӯзиши аҳамияти озодӣ дар осор ва андешаҳои Мавлоно ва Ясперс  баъзе шабоҳатҳо ва тазодҳои андешаҳои Мавлоно ва Ясперс баррасӣ шудааст. Дар андешаҳои онҳо нисбат ба озодӣ ҳамон тазодҳои фарҳангии Шарқу Ғарб ба назар мерасад. Мавлоно ҳамчун як орифи бузург инсонро бузургтарин маҷуди ҳастӣ шуморида, ба таври табиӣ ва фитрӣ хоҳони озодии ӯст. Ясперс файласуфест, ки инсонро мавҷуде ношинохтанӣ медонад ва пайваста ба боло ҳаракат дорад, ки ба ҳастӣ даст ёбад, то озодии худро дарк кунад.

ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ - ҲИЗБИ ТЕРРОРИСТИСТ

Ҳизби наҳзати ислом дар замоне ташкил шуд, ки макфураи мардумро як хало пур карда буд. Ин ҳизб бо суханҳои бардурӯғи худ мардумро мафтун намуда, ҳадафҳои нопокӣ худро пиёда намудан гирифт. Оқибати кор ба он ҷо расид, ки кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон барои барқарор намудани сулҳу оромӣ дар Вазорати адлия онҳоро ба қайд гирифта, ба аъзоёни ин ҳизб имкониятҳои зиёд дода буд, ҳатто дар мансабҳои баланди давлатӣ ба онҳо вазифа ва дар парлумон курсӣ ҷудо намуда, ба онҳо ичозат дода шуд, ки дар интихоботҳои парлумонӣ ва президентӣ иштирок намоянд.

БАЪЗЕ ҶИҲАТҲОИ МУҲИМИ ТЕРРОРИСТӢ ЭЪЛОН ШУДАНИ «ҲНИТ» ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

Билохира ҳукумати Федеретсияи Россия дар асоси як қарори Суди олии худ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ташкилоти террористӣ эълон намуда, фаъолияти онро дар ҳудуди Федератсияи Россия манъ кард.

Ин иқдом аз чанд ҷиҳат мухим буд:

1 Дар доираи шартномаҳои тарафайн феҳисти ягонаи ташкилоти террористӣ тасдик шудаанд, сатҳи мубориза бо онҳоро ба як раванд медарорад

2. Кишвари Россия дақиқан дарк намуд, ки таъсис ва таблиғи андешаҳои ҳизби динї барои давлати дунявӣ чӣ хатарҳо эҷод мекунад.

Муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон бар пайвандҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 14 январи соли 1993 барқарор гаштаанд.

Равобити Тоҷикистону Қирғизистон бар пайвандҳои бисёрсолаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд.

Тамосҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд байни ду кишвар сурат гирифта буд. Роҳбарони ду давлат борҳо аз кишварҳои якдигар боздидҳои расмӣ ва корӣ анҷом дода буданд.

Тахриби масҷид дар дунё хорӣ ва дар охират азоби бузург аст!

Яке аз маконҳои муқаддас ва муҳим дар дини ислом масҷид аст. Масҷид ба унвони хонаи Худо на танҳо аз мартабаи хосе бархурдор аст, балки аз ҳайси сиёсӣ низ бисёр мавриди таваҷҷӯҳ аст. Ба тавре, ки дар аввалҳои пайдоиши дини мубини ислом маркази муҳими гирифтани тасмимҳои муҳиме будааст. 

Ҷуз аҳдшикан туро чи гўянд?

Аз ҳодисаҳои рўзҳои ахир, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба амал омадааст, тибқи маълумотҳо аён мегардад, ки роҳбарияти ҷумҳурии ҳамҷавори мо Қирғизистон на танҳо ба аҳдшикании ошкоро даст задаанд, балки вазъи аҳолии наздисарҳадиро мураккаб сохта, дар расонаҳои хабарӣмаълумотҳои бардурўғва туҳматангезро интишор карда, дар тухми нифоқкоштану кинаю адоват андохтан дар дили ду ҷамъият асос гардидаанд.
 

Зинда бод сулҳу дўстии халқҳо ва миллатҳо!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфтаанд: «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд».

Мардуми қирғиз гуноҳро ба гардан мегиранд, аммо…

Задухурдҳои мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Қиргизистон ва омӯзишу таҳлили маълумотҳо доир ба рафти ҷанг ва оқибатҳои он шахсро ба чунин хулоса меорад, ки дар эҷоди ҷанг гурӯҳи сеюм даст дорад. 

Маҳз ҳамин гурӯҳ дар Қирғизистон баъзе ашхоси ҷиноятпешаро ба сари қудрат оварда, онро барои иҷрои ҳадафҳои муғризона истифода мебарад. Маълум мегардад, ки ҳамаи ҷангҳое, ки дар тӯли солҳои охир дар сарҳади ду кишвар сурат мегирифтанд ва имрӯз низ рух дода истодаанд, бо иғвои ашхоси мазкур рух дода истодаанд. 

Страницы

Яндекс.Метрика