Мақола

Мартабаи китобҳои фикҳи ҳанафӣ

Мувофиқи маълумотҳои маъхазу сарчашмаҳо ва манбаҳо аён мегардад, ки китобҳои ривоятшудаи фиқҳи ҳанафӣ дар мартаба аз ҷиҳати қувваи ривоят дар як дараҷаю сатҳ  нестанд. Агар ба китобҳои ривоятшуда изофаҳои мутаахирин аз фатво ва тахриҷи фиқҳӣ аз имомоне, ки мазҳабро бино кардаанд, илова шавад, дар ин ҳолат китобҳои фиқҳи ҳанафӣ ба се табақа тақсим мешаванд:

Аввал «Усул» тавре гуфтем, онҳоро «Зоҳир ар-ривоя» мегўянд. Ин китобҳо шомили ақволи Абўҳанифа (р), Абўюсуф ва Муҳаммад мебошанд, ки онҳоро Имом Муҳаммад дар шаш китоби худ ҷамъоварӣ намудааст.

 

Навъҳои таҳаммулпазирӣ

Таҳаммулпазирӣ, чӣ хеле ки худи мафҳум ба он ишора менамояд, маънои нисбат ба андеша, ғоя, муносибат, мавқеъ ва нигоҳи шахси дигар босабру ботаҳаммул буданро ифода менамояд. Яъне, агарчанде андеша, муносибат, мавқеъ ё нигоҳи шахси дигар доир ба дилҳоҳ масъалаи ҳаётӣ барои мо қобили қабул набошад ҳам, агар онҳо ба саломатӣ, ҳаёт ва озодии инсон зарар надошта бошанд, мо бояд онҳоро бардошт намоем ва дар нисбати онҳо хусумат наварзем.

«САФАРНОМА»-И АҲМАДИ ФАЗЛОН САРЧАШМАИ МУҲИМИ ИСЛОМӢ

Сафарноманависӣ собиқаи дерина дар миёни миллали ҷаҳон, аз ҷумла мусулмонон дорад. Кашишу ҷозибаи дарунии инсонҳо ононро ба сафар кардану ҷаҳонгардӣ водошта, ангезаҳои дигаре чун тиҷорат, сиёсат, дину мазҳаб низ дар ин амр муассир будаанд.  Тавассути сафарномаҳо мардумони он замон аз рӯзгору осори кишварҳои дигар огоҳӣ пайдо мекарданд. Агар бозаргонону сафирони расмӣ танҳо ба гурӯҳи маҳдуд қиссаҳои сафари худро бозгу кунанд, пас афроди донишманду огоҳ бо нигориши хотироту сафаргуфтаҳо донишу басирати ҳамзамонону ояндагонро нисбат ба ҷавомеи инсонӣ фарохтар намудаанд.

Ғурури миллиро бояд ҳифз кард!

Ба андешаи аксари муҳаққиқони илмҳои ҷомеашиносӣ, бегонопарастӣ ҳамчун зуҳуроти манфӣ решаҳои таърихӣ дорад. Агар ба таърихи миллати мо нигоҳ намоем, пас саҳифаҳои қаҳрамонию далерӣ, инсондўстию хоксорӣ ва меҳмоннавозӣ аз зумраи сифатҳои зотии миллати мо будаанд. Дуруст аст, ки таърих нисбат ба халқи мо беадолатиҳои зиёдро раво дидааст ва дар байни фарзандони миллати мо баъзе аз бегонапарастию хидматгузории бегонагон мушоҳида шудааст, вале ин ба ҳеҷ сурат аз унсурҳои миллии мо набуда, балки дигар хислатҳои ҳамидаи тоҷикро ҳамеша дар маркази муносибатҳои илмию адабӣ қарор додааст. 

БАЪЗЕ КАЛИМАҲОИ ТОҶИКӢ ДАР ҚУРЪОНИ КАРИМ

Забони тоҷикӣ дар густариши тамаддуни исломӣ ҷойгоҳи хос дошта, дар тамоми сарчашмаҳои исломӣ аз китоби Худою аҳодиси паёмбари Ислом то осори гаронарзиши динию фалсафӣ калимоту ибороти тоҷикӣ ба чашм мехӯран. Баъзан матни пурраи ин осор бо забони тоҷикӣ китобат шудаанд. Аз аввалин сарчашмаҳои муътамади исломӣ, ки дар он вожаҳои тоҷикӣ ба чашм мерасад, ин Қуръони карим аст, ки дар пояи он дигар маохизи динӣ ва баъзе осори адабӣ, аз қабили "Маснавии маънавӣ"-и Ҷалолиддини Балхӣ, таърихӣ "Таърихи Табарӣ"-и Муҳаммад Ҷарири Табарӣ ва ғайраҳо ба таълиф расидаанд.

Мавқеи пуртаноқузи бунёдгари ифротӣ Абу Муҳаммади Маданӣ

Хеле тааҷҷубовар аст, ки ҳомиёни ифротии дини ислом аз дини ислом дифоъ карданӣ шуда, худ ба чандин иштибоҳ роҳ медиҳанд. Андеша бар аҳкоми онҳо аз он далолат менамояд, ки онҳо бо истифода аз Қуръону Суннат дини исломро яктарафа, муғризона ва дар шакли эҷоднамудаи худ пешкаши мардум менамоянд, ноогоҳ аз он ки дар ин самт худ ба ҳолати пурихтилоф дучор гардидаанд. Яке аз ин ифротиён Абу Муҳаммади Маданӣ аст, ки тибқи нигоҳи ӯ танҳо ӯ мусалмон асту дигарон ҳама кофир. Номбурда дар рисолааш «Омӯзиши Ла илаха иллаллаҳ», саҳ.

Каломи ҳанафӣ – яъне чӣ?

Масъалаи ба илми калом машғул шудани Имоми Аъзам (р)  як амри воқеӣ бошад ҳам, муҳаққиқоне ҳастанд, ки ин амрро зери шубҳа мегузоранд. Махсусан, мӯътазилиён чунин даъво пеш гузоштанд, ки Абӯҳанифа (р) дар илми калом асаре эҷод накардааст ва кутуби каломӣ, мисли «Фиқҳи Акбар», «Олим ва мутааллим» ба ӯ нисбате надоранд. Ин шубҳаҳоро инчунин муносибати баъзе аз фуқаҳо ва мазоҳиби исломӣ ба илми калом қувват додаанд. Масалан, Имом Молик (р) илми каломро  аз усули динӣ берун дониста, онро равиши ботил медонад (Шарҳи суннат, ҷ. 1, с. 217).

Ахлоқи тиббӣ дар “ал-Қонун фи-т-тиб”-и Абӯалӣ Ибни Сино

Ибни Сино яке аз энсиклопедистони машриқзамин дар илмҳои фалсафа, тиб ва дигар илмҳо буда, “ал-Қонун фи-т-тиб”-и ӯ то ҳол мавриди омӯзиши донишмандони фалсафа, ахлоқ, тиб ва дигар соҳаҳо қарор гирифтааст. Дар мақолаи зер доир ба этикаи табобати инсон аз нигоҳи Ибни Сино дар асоси “ал-Қонун фи-т-тиб”-и ӯ маълумот додаем. Аслан ӯ ахлоқи тиббиро аз ду нигоҳ-пажӯҳишҳои тиббӣ ва фалсафӣ-динӣ баррасӣ намудааст. Ӯ касби духтуриро муқаддас ва инсонро махлуқи баргузида меҳисобад.

Страницы

Яндекс.Метрика