Мақола

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ГУСТАРИШИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАВСИФИ УМУМИИ ГУСТАРИШИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР НИЗОМИ УМУМИИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ

Андешаҳои давлатмеҳвари Имоми Аъзам дар масири таърих

Мазҳаби таҳаммулпазири Имоми Аъзам, ки ташвиқкунандаи арзишҳои меҳварии дини мубини ислом аст, дар таҳкими низоми ҷомеа, суботу амният, ғановатманд гардонидани ҷаҳони маънавӣ ва ахлоқии башарият нақши судманду муассир мегузорад. Инчунин дар такя ба арзишҳои аслии инсонӣ, ҳуқуқ ва адолати иҷтимоӣ, озодии фикр ва даъват ба сулҳу амнияти халқҳо метавонад мусоидат намояд.
Абдуллоҳи Қодирӣ - шуъбаи пажӯҳиши исломи муосир

Андешаҳои маърифатии Имоми Аъзам дар бораи ваҳдат, амният ва ҳувияти миллӣ

Андешаҳои ахлоқии Имоми Аъзам ба ҳамбастагии мафҳумҳои сегона амният, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ далолат мекунанд. Аз он ҷумла, ӯ фармудааст: “Худои азза ва ҷалла расули худро ба инсоният ҳамчун раҳнамо барои рафъи тафриқа ва афзудани дӯстӣ ва на барои тафриқаю ихтилофи гуфтор ва шӯронидани одамон бар зидди ҳамдигар фиристодааст”.

Имоми Аъзам фароҳам оварандаи заминаҳои ваҳдати умумибашарӣ, ҳувияти миллӣ, ҳифзи амнияту суботи ҷомеа ва нигоҳ дорандаи асолату арзишҳои таърихии миллати тоҷик аст!!

Миллати тоҷик дар ҷаҳон соҳиби тамаддуни бисёр қадима буда, дар арсаи илму фарҳанг донишмандони зиёдеро барои оламиён тақдим намудааст. Фарзандони фарзонаи миллати мо аксаран дар осори бебаҳояшон асосҳои илму фарҳанги замони хешро гузошта, тамаддуни ҷаҳониро ба сатҳи баланд расонидаанд ва худ ба мояи ифтихори башар табдил ёфтаанд.

Дар ҳамин радиф, мо тоҷикон аз кору пайкори бунёдгузори бузургтарин ва бонуфузтарин мазҳаб дар дини мубини ислом, фарзанди арҷманди миллати тоҷик Имом Абўҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо унвони Имоми Аъзам маъруф гардидааст, ифтихори хоса дорем.

НАҚШИ БУЗУРГИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ НБО-И «РОҒУН» ВА АҲАММИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИН ИНШООТИ АСР. Андешаҳои доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода

«Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 98 фоизи неруи барқ бо истифода аз захираҳои об истеҳсол мегардад ва Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» мамлакати шашуми пешсафи сайёра мебошад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки баъди ба таври пурра ба истифода додани НБО-и «Роғун» нуфузу эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд хоҳад шуд».
Ин матлабро 13 июли соли 2022 Пешвои миллат зимни мулоқот бо сохтмончиёни НБО-и «Роғун» вобаста ба истифодаи мақсадноки об- ин неъмати бузург бо назардошти вазъи феълии тағйирёбии иқлим изҳори доштанд.

Саҳми андешаҳои Имоми Аъзам дар ҳифзи ваҳдат, ҳувияти миллӣ ва амнияту суботи ҷомеа

Бояд қайд намуд, ки саҳми маънавии мактаби Имоми Аъзам дар ҳифзи ваҳдат, ҳувият ва амнияти миллӣ дар мақолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври мӯҷаз чунин баён гаштааст: “Мазҳаби ҳанафӣ дар тўли чандин садсолаи таърих дар фароҳам овардани заминаҳои ваҳдати умумибашарӣ, ҳувияти миллӣ, ҳифзи амнияту суботи ҷомеа ва нигоҳ доштани асолату арзишҳои таърихӣ нақши ниҳоят бузург бозидааст ва ин нақши худро имрўз низ адо карда истодааст”.

 

Таъсири андешаҳои Мавлоно Румӣ дар афкори Муҳаммад Иқболи Лоҳӯрӣ

Ҷаҳонро бояд ба чашми хирад  нигарист, то аз ҳақиқату каромати он хубтар огаҳӣ пайдо кард. Ин буд, ки донишманд ва муфаккири аср Муҳаммад Иқбол авваллин маротиба дар замони таълимоташ дар  Англия ва Олмон аз чашмаи сафои забони фораму ширини тоҷикӣ-форсӣ  нуши ҷон карда, аз ҳақиқату воқеияти ҳаёти башар огаҳӣ паёдо  кард, ки  акнун метавонад андешаҳояшро озоду ободу ором ба шунавадагонаш расонад.

"Хона нахар, хамсоя хар"!

Аз давраҳои қадим як мақола ҳаст:"Хона нахар, ҳамсоя хар"!

“Одамӣ аз замоне ба тамаддун расид, худро ва Худоро бишнохт, ба фарқу қадри суду зиён , неку бад, сиёҳу сафед расид, аз олами вуҳуш гусаста, ба олами инсонӣ пайваст, ҳамеша ниёз ба ҳамсуҳбат, ҳамдил, ҳамдард, ҳамраъй, ҳамнишин, ҳамроз доштасту дорад.

Страницы

Яндекс.Метрика