Мақола

ХУДСОЛОРИИ ФИКРӢ – ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ

Аз ба даст овардани Истиқлоли кишвари азизамон Тоҷикистон 31 сол сипарӣ мешавад. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мо ба натиҷаҳои бузург ноил шудем. Кишвари маҳбуби мо аз нигоҳи сиёсӣ мустақил гашта, роҳи ояндаи худро мустақилона муайян мекунад. Соҳибназарон истиқлолро ба навъҳои гуногун, ба монанди истиқлоли сиёсӣ, фарҳангӣ, фикрӣ ва ғайра ҷудо намудаанд. Донишмандон бар он назаранд, ки барои пурра нигоҳ доштани истиқлоли сиёсӣ, истиқлоли фикрӣ ва фарҳангии ҷомеа метавонад заминаи муҳим бошад. 

 

Танзими ҳуқуқии анъанаву маросимҳо омили рафъи таассуб ва хурофот (қисми I)

Таърих гувоҳ аст, ки пешрафту тараққиёти ҳама халқу миллатҳо маҳз тавассути ба танзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ имкон пазируфтааст. Танзим ва идора кардани муносибатҳои ҷамъиятӣаз принсипҳои асосии пойдорӣва мустаҳкамнамоии пояҳои давлатдорӣ маҳсуб гардида, аз қадим то имрўз чандин марҳилаҳоро паси сар намудааст. Маҳз танзими ҳуқуқӣва риояи меъёрҳои қонун омили пешрафти ҳама соҳаҳои ҳаёт гардида, барои риояи адолати иҷтимоӣ замина мегузорад.

Шаклҳои соҳибихтиёрӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқукбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. (Конститутсияи ҶТ, моддаи 1). 

Истилоҳи «Соҳибихтиёрӣ» дар ҳуқуқи давлатӣ бори аввал дар асри 16 аз тарафи олими фаронсавӣ Ж. Боден истифода шудааст. 

Ҳамаи шаклҳои соҳибихтиёрӣ - миллӣ, давлатӣ ва халқӣ бо ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҳамоҳангӣ сурат мегиранд. Моҳият ва мазмуни ниҳоии онҳо татбиқи ҳуқуқ ва озодӣ, ифодаи манфиатҳо ва беҳбудию некўаҳволии одамон мебошад.

Суистифода аз ҳассосияти динӣ

Яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир, ки хатари минтақавию байналмиллалиро ба бор овардааст, ин суръатёбии раванди даҳшатафканӣ (терроризм) дар ҷаҳон мебошад ва айни ҳол, амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли амиқравӣ ва паҳншавиро дорад, ки аксаран  зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои худсохтаи бебунёди динӣ сурат мегирад. Хусусиятҳои терроризм ва афзудани шумораи одамони ба ин гурӯҳҳои номатлуб бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд.

 

Истиқлолияти давлатӣ сутуни заррини давлату миллат аст!

Ҳар фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ сутунҳои зарине мебошанд, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин п

Исрофкорӣ амали зишт

"Эй фарзандони Одам, наздики ҳар намоз зинат (яъне, либос) - и худро бигиред ва бихўреду биошомед ва исроф макунед, ба дурустӣ, ки Худо исрофкунандагонро дўст намедорад" (Сураи Аъроф: 31); "Ва ба соҳиби қаробат ҳаққи вайро бидеҳ ва (низ) ба дарвеш ва роҳгузар ва исроф макун исроф карданӣ.

ИСТИҚЛОЛИЯТ ТАНТАНАИ АДОЛАТИ ТАЪРИХИСТ!

Истиқлолият ҳаммаънои озодӣ ва ба даст гирифтани сарнавишти хеш мебошад.

Ба қавли Иқболи Лоҳурӣ:

Худо он миллатеро сарвари дод,
Ки такдираш ба дасти хеш бинвишт.
Бадон миллат сару коре надорад,
Ки дехконаш барои дигарон кишт.

Оре, Истиқлолият барои мо асоси давлатсозӣ, кору пайкорҳои созанда ва азму талошҳои фидокоронаи расидан ба ваҳдату осоиштагист.

Истиқлолият – эҳёи муқаддасоти миллӣ

Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодпарасту озодихоҳ буданд. Солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогирии сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90- уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Страницы

Яндекс.Метрика