Шаклҳои соҳибихтиёрӣ

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқукбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. (Конститутсияи ҶТ, моддаи 1). 

Истилоҳи «Соҳибихтиёрӣ» дар ҳуқуқи давлатӣ бори аввал дар асри 16 аз тарафи олими фаронсавӣ Ж. Боден истифода шудааст. 

Ҳамаи шаклҳои соҳибихтиёрӣ - миллӣ, давлатӣ ва халқӣ бо ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҳамоҳангӣ сурат мегиранд. Моҳият ва мазмуни ниҳоии онҳо татбиқи ҳуқуқ ва озодӣ, ифодаи манфиатҳо ва беҳбудию некўаҳволии одамон мебошад.

Мавзўи мазкур аз ду ҷиҳат аҳамиятнок аст. Аввалан, давлатҳо ва миллатҳо тавассути амалӣ намудани соҳибихтиёрӣ, ба истиқлолияти миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ ноил мегарданд. Аз ин рў, қадр ва мазаллати онро ҳифз кардан, устувории онро таъмин намудан ва ноил гаштан ба рушди он ҳадафи ниҳоии ҳар як миллату давлат аст. Сониян, муборизаи халқҳо ба худмуайянкунӣ ва барпо кардани давлатӣ миллӣ самти байналмилалӣ дорад. 

Соҳибихтиёрӣ ҳамчун падидаи ҳуқуқии конститутсионӣ, ки бо ҳастию вуҷуди миллат, халқ ва давлат пайваста аст, охири охирон дар ҳаҷм, мазмун ва таъиноти вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд ифода меёбад. 

Ҳамаи шаклҳои соҳибихтиёрӣ - миллӣ, давлатӣ ва халқӣ бо ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҳамоҳангӣ сурат мегиранд. 

Таърихи ноилгардии миллату халқҳо ба соҳибихтиёрӣ тавассути муборизаҳои шадид, ва ҳамчунин шароиту ҳодисаҳои мусоидаткунанда ва майлу рағбати халқу миллатҳо сурат мегирад.

Аз ҷумла, дар Эъломияи соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 августи с.1990 қабул гардида ва бо тағйиру иловаҳо аз 9 сентябри с.1991 тасдиқ шуда, ба тарзи хеле мухтасар ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд нишон дода шудаанд.

Чи тавре, ки давлатшиносӣ тоҷик Маҷидзода Ҷ.З. қайд мекунад: «Соҳибихтиёрии халқӣ дар ифодаи иродаи халқ ҳамчун манбаи ҳокимияти давлатӣ зоҳир меёбад. Яъне, халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатист. Барои соҳибихтиёрии халқӣ демократия ва ниҳодҳои демократӣ, қонуният ва низоми интихоботи озод, пинҳонӣ ва шаффоф хизмат мекунад. Ба як маънӣ халқ дар муайян намудани тарзи зиндагӣ, шакли идора ва низоми иқтисодию иҷтимоӣ соҳибихтиёр аст". 

Соҳибихтиёрии давлат шакли асосии зуҳуроти соҳибихтиёрии миллат ва халқ аст. Моҳияти давлат дар шакл ва мазмуни фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, ҳадафи асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, интихоби самтҳои рушди демократӣ ва таъмини воқеии ҳокимиятдории халқ таҷассум меёбад. 

 

Олими намоёни ҳуқуқшинос Холиқзода А.Ғ. роҷеъ ба таъсири истиқлолият ба ҳуқуқ ва озодии инсон мегуяд, ки «Истиқлолияти давлатӣ, ки дар симои соҳибихтиёрии давлатӣ ва соҳибихтиёрии халқӣ зоҳир мегардад, идомаи инъикоси симои рўҳи озодӣ ҳар инсон ва иродаи мафкуравии ҳастии ўст. Мисли оне, ки инсон бо доштани ирода ва зоҳирёбии озоди он, ҳастӣ ва озодии худро тавассути иродааш собит менамояд, халқу миллатҳо низ ҳамчун ҳодисаи мураккаби иҷтимоӣ мавҷудият, эътироф ва озодии рўҳии худро дар доштани соҳибихтиёр ва истиқлолияти давлатӣ касб менамоянд» .

Воқеан падидаи соҳибихтиёрӣ ҳар як шаҳрвандро водор месозад, ки бояд ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии онро вазифаи муқаддаси худ дониста, дар рўҳи ватанпарастӣ ва худшиносии миллӣ ба ватану миллати худ софдилона хидмат намояд. 

 

Мудири шуъбаи пажуҳиши ҳуқуқи исломӣ      Наботов М.А.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Яндекс.Метрика