Таърих гувоҳ аст, ки пешрафту тараққиёти ҳама халқу миллатҳо маҳз тавассути ба танзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ имкон пазируфтааст. Танзим ва идора кардани муносибатҳои ҷамъиятӣаз принсипҳои асосии пойдорӣва мустаҳкамнамоии пояҳои давлатдорӣ маҳсуб гардида, аз қадим то имрўз чандин марҳилаҳоро паси сар намудааст. Маҳз танзими ҳуқуқӣва риояи меъёрҳои қонун омили пешрафти ҳама соҳаҳои ҳаёт гардида, барои риояи адолати иҷтимоӣ замина мегузорад. Агар ба саҳифаҳои таърихи фарҳанги ҳуқуқии халқи тоҷик назар кунем, решаҳои онро ҳанўз аз даврони империяи Ҳахоманишиниён дар катибаҳо ва сангнависҳо, "Эъломияи Куруши Кабир", "Катибаҳои Куруши дуввум", "Катибаҳои Доро", "Катибаҳои нақши Рустам", "Катибаҳои тахти Ҷамшед", "Авасто", "Динкард", "Бундаҳишн", "Менуи хирад", "Матикони ҳазор додистон" ва ғ. мебинем, ки ҳамагӣба рияои меъёрҳои иҷтимоӣва танзимнамоии муносибатҳои ҷамъиятӣ равона гардидаанд. Зикр кардан ба маврид аст, ки аз рўи таҳқиқи сарчашмаҳои таърихӣмардуми форсу тоҷик аз аввалин халқҳое ба ҳисоб мераванд, ки дар амалисозӣ ва заминагузории фарҳанги ҳуқуқии халқҳои дигар нақш дошта, ин соҳаи муҳими ҳаётро рўи кор баровардаанд. Маҳз мардуми форсу тоҷик идеяҳои ҳуқуқиро дар таърихи тамаддуни башар асос гузошта, минбаъд ташаккул доданд.
Бояд қайд кард, ки танзим ва риояи ҳамагуна рафтору кирдор ҳатмӣ буда, меъёрҳои муайяни ҳуқуқиро бояд доро бошанд. Тоҷикон, ки аз қадимтарин замонҳо соҳибдину соҳибтамаддунанд, арзишҳои динӣва миллии худро дар доираи меъёрҳои шариат ва арзишҳои умумиинсонӣ омезиш дода, ба қабули қонуну қарорҳо даст задаанд. Сухане, ки бо итминон метавон гуфт, ин аст, ки ин халқи соҳибоин ҳамеша бо бовариҳои худ нисбат ба дин, ки ба назари бархе аз муҳаққиқон падидаи отифӣва эҳсоси дарунии инсон аст, кору пайкори худро рўи кор баровардаанд. Омезишёбии муқаррароти динӣбо урфу анъаноти миллӣ дар доираи меъёрҳои муайяни ҳуқуқӣҳам дар китоби муқаддаси дини Зардуштӣ"Авесто" ва ҳам дар китоби муқаддаси мусулмонон "Қуръони карим" ба назар мерасад. Агар ба умқи динҳои тавҳидӣназарем кунем, ҳамагӣ ба арзишҳои умумиинсонӣ нигаронида шудаанд ва агар ба арзишҳои умумиинсонӣ масъалапардозӣ кунем, асли он дар риояи ҳамагуна меъёрҳои иҷтимоӣ вобаста мегардад.
Ҳама гуна урфу одат ва анъанаву маросим меъёрҳои иҷтимоиро дар бар доранд. Аммо тавре, ки худ мушоҳида мекунем, бенизомӣдар тарзи амалисозии анъанаву маросим ба бетартибии ҷомеа ва ё ба зиёдаравию бегонапарстӣбурда мерасонад. Ин аст, ки дилхоҳ давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд барои пойдорӣва пешрафту тараққиёти худ бо қабули қонуну қарорҳо ҷомеаро идора мекунад. Ин ҷо сухан аз танзимнамоии анъанаҳое, ки ҷомеа онро пайравӣмекунанд, меравад, ки дар вуҷуд надоштани қонун дар дилхоҳ самти ҳаёт ҷомеаро метавонад ба бетартибию бе низомӣ бурда расонад. Ҳамонгуна, ки зикр карда шуд, идоракунии муносибатҳои ҷамъиятӣ танҳо бо вуҷуди қонуну қарорҳо имконпазир гардидааст. Маврид ба зикр аст, ки падидоии динҳои тавҳидӣ ва фиристодани паёмбарон аз як тараф барои парастиши Худои ягона бошад, ҷанбаи дигари ин масъала дар риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва ба танзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ инъикос мегардад.
Таърихи тамаддуни башарӣ исбот кардааст, ки дар ҳама давру замон маҳз зиёдаравӣ ва зоҳирпарастӣбоиси ба вуҷудоии ҳаргуна мушкилот ва аз байн рафтани ҳаргуна қавму миллат ва давлат гаштааст ва мусаллам аст, ки дар заминаи аз байн рафтани давлату миллат урфу одатҳо ва ё арзишҳои миллию динӣниз аз байн мераванд. Мисоли равшани тасдиқкунандаи ин гуфтаҳо суқути империяи Сосониён дар паёмади он аз маснади дини расмӣва ҳукмрон маъзул шудани Зардуштия ва беэътибор шудани аҳкоми шаръии дини мазкур дар ҳаёти моддӣва маънавии мардуми ориёитабор шуда метавонад. Ба ин гуна ҳодисот метавон баъзе анъанаҳои хонаводагии мардуми эронитабор ва маросимҳои дини Зардушӣва анъанаҳои баъдисиломии халқи тоҷикро мисол овард. Бешак вуҷуди таассубу хурофот аст, ки арзишҳои динӣпоймол ва ё ба ҳарзагўиҳои баъзе аз афрод сабаб мешавад. Ҷунин вазъиятро дар ҷомеаи асримиёнагии Аврупо низ мушоҳида кардан мумкин аст.
Таассубу хурофот ва динситезии руҳониёни Аврупо сабаби сарзадани инқилоби буржуазии Фаронса ва инқилобҳои дигари ин қитъа гардид. Дар чунин шароит донишмандону файласуфони Аврупо ҷаҳонбинии динии калисоро рад карда, идоракунии муносибатҳои ҷамъиятиро ба танқид кашиданд. Маҳз, ошкор сохтани хурофотпарастию бебунёдии ҷаҳонбинии динӣдар Аврупо ба ҷомеаи он имкон дод, ки танзими умури ҷамъиятӣдар асоси арзишҳои умумиинсонӣба роҳ монда шавад. Дар умум, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣаз асоситарин рукни ҳаёти инсонӣбуда, барои бунёди ҷомеаи солим ва таъмини адолати иҷтимоӣдаст медиҳад.
Дар ҷомеаи муосир масъалаи танзимнамоии ҳуқуқии анъанаву маросимҳо, ба хусус дар ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистон аз масъалаҳои калидӣба ҳисоб меравад. Тавре, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, пайравӣаз анъанаву маросимҳои мардумӣбе шак, ба зиёдаравию исрофкорӣва таассубу хурофотпарастӣ оварда расонд.
Агарчанд Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи зиёда аз 70 соли ҳукумати Шўравӣ ба чандин пешравиҳо, чун таъсиси макотиби олӣ, идораҳои давлатї, бунёди корхонаҳои саноатї, рушди илму фарҳанг ва ѓ. ноил гашта буд, вале дар самти танзими ҳуқуқии баъзе аз масъалаҳо ва риояи меъёрҳои динї-ҳуқуқӣкамбудиҳо ба назар мерасид. Ин ҷо ба таври ҳатмӣбояд таъкид дошт, ки низоми ҳуқуқии замони Шўравӣдар заминагузории қонунгузории миллӣнақши калон гузоштааст. Бояд қайд кард, ки баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣва ба даст овардани истиқлолу озодӣҶумҳурии Тоҷикистон тавонист давлати миллии худро бунёд ва дар доираи қонун танзими муносибатҳои иҷтимоиро бо дар назардошти арзишҳои миллию динӣба роҳ монад. Аз он ҷо, ки мавзўи таҳқиқӣба масъалаи танзими ҳуқуқии анъанаву маросимҳо ҳамчун омили рафъи таассуб ва хурофот равона гардидааст, мо таҳлили мавзўи мазкурро аз шарҳу тавсифи ду санади меъёрї-ҳуқуқї, ки маҳз барои ҳалли амалии ин мушкилот, яъне ба низом даровардани раванди баргузории анъанаву маросимҳо ва рафъи таассубу хурофот қабул шуда буданд, оѓоз мекунем. Ин санадҳо яке Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳои мардумӣдар Ҷумҳурии Тоҷикистон" мебошад, ки соли 1999 содир шуда буд ва дуввум, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" мебошад, соли 2007 қабул шудааст. Дар партави ин ду санади муҳим дар Тоҷикистон маъракаи пурҷушу хурўши танзими анъанаву маросимҳои миллӣва динӣоѓоз гардид, ки дар зарфи 15-соли охир файзу баракат ва пайомадҳои хуби молиявию иқтисодї, иҷтимоию фарҳангиро барои мардуми шарифи кишвар ба бор овард.
Одинаева Ш. - сармутахассиси шуъбаи пажўҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ