Вожаи «Истиқлол» муқаддас аст ва аз калимаҳои муҳимтарини ҳаёти мост.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид месозанд, ки Истиқлол чароғи афрӯзандаи имрӯзу ояндаи ҷомеаи мост, ки бидуни он наметавонем бузургтарин ормонҳои миллии худро пиёда созем ва Тоҷикистони азизи худро ба тараққиву пешрафтҳои беназир расонем.
Ин ҳама оғозҳои нек аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ шуруъ мешавад. Шоир мефармояд: «Ваҳдат аз домони модар мешавад оғоз» ва мо ҳам умед мебандем, ки бунёди хонаводаҳо мустаҳкаму қавӣ бошад ва Истиқлолияти миллӣ ҳамеша ҷовидона бегазанд бимонад.




