Дар Гундишопур, дар замони Шопури 1, бисёр китобҳои юнонӣ ба забони паҳлавӣ тарҷума шудаанд. Дар замони ҳукмронии Хусрави 1 (Анушервони одил), пас аз он ки император Юстиниан дар соли 527 мактаби фалсафии Афинаро баст, бисёр намояндагони ин мактаб империяи Византияро тарк карданд, ба Эрон омаданд ва як муддате дар Гундишопур боқӣ монданд. Сипас, онҳо дубора ба ватан баргаштанд ва ин сабаби мубодилаи фарҳангӣ байни Гундишопур ва марказҳои илмии юнонӣ гардид.
Яке аз хусусиятҳои муҳими маркази илмии Гундишопур он буд, ки дар ин ҷо бо забонҳои гуногун тадқиқоти илмӣ гузаронида мешуд. Масалан, дар Донишгоҳи тиббии Гундишопур тибби Гиппократ (Буқрот)-ро таълим медоданд. Ин фанро олими юнонӣ, табиб Теодориус ба забони юнонӣ таълим медод, ки ҳамзамон ҳамчун табиби дарбории Шопури II хизмат мекард. Баъзе илмҳо ба забони санскрит низ таълим дода мешуданд, зеро дар Гундишопур ба ғайр аз олимони суриягӣ, юнонӣ, эронӣ ва зардуштӣ, олимони Ҳиндустон низ ба фаъолияти илмӣ машғул буданд. Дар ин шаҳр чанд донишманди тибби ҳиндӣ зиндагӣ мекарданд, ки чанд рисолаи тиббии Ҳиндустонро ба забони паҳлавӣ тарҷума мекарданд ва баъдтар ин тарҷумаҳо дубора ба арабӣ тарҷума шуданд. Вуруди тибби ҳиндӣ ба Гундишопур тавассути роҳи Марв ва тибби Юнони қадим тавассути Ҳаррон сурат гирифтааст. Дар замони ҳукмронии Хусрави I, аз номи ӯ, ҳакими эронӣ Барзу ҳамроҳ бо чанд донишманди ҳиндӣ барои харидани китобҳои арзишманд ба Ҳиндустон рафтаанд. Онҳо аз он ҷо ба Гундишопур "Калила ва Димна", бисёр китобҳои дигари арзишмандро оварданд, ки бо фармони шоҳи форс ба забони форсии миёна (паҳлавӣ) тарҷума шудаанд.
Баъдтар, дар давраи ислом, Гундишопур ҳамчун намунаи муҳим барои таъсиси марказҳои илмӣ бо биноҳои илмию таълимии тиббӣ, расадхонаҳо ва ташкили тадқиқоти илмӣ дар соҳаҳои гуногуни илмӣ хизмат мекард. Маркази илмии Гундишопур бузургӣ ва нуфузи худро то асри VIII нигоҳ дошт. Дар байни арабҳое, ки ҳатто пеш аз ислом дар Донишгоҳи тиббии Гундишопур таҳсил мекарданд ва пас аз хатми ин донишгоҳ ба ватан баргаштанд, Ҳорис ибни Қалодаи Сақафӣ ва писари ӯ Наср ибни Ҳорисро зикр кардан мумкин аст. Пас аз бозгашт ба Арабистон, онҳо ба кори тиббӣ ва табобати бемориҳое машғул буданд, ки мусулмонони насли аввал ба онҳо мубтало буданд.
Пас, аз суқути давлати Сосониён ва таъсиси давлати исломӣ, ҳайати илмии Гундишопур ба хидмати ислом ва халифаҳои исломӣ ворид шуда, дар бунёди марказҳои тиббӣ ва дигар марказҳои илмию таълимӣ, дар таълиму тарбияи аввалин насли мутахассисони илмии мусулмон дар соҳаҳои гуногуни илм бевосита иштирок карданд. Баъдан, тарҷумаҳои мероси паҳлавӣ, суриёнӣ, юнонӣ ва ҳиндии Гундишопур ба забонҳои нави форсӣ ва арабӣ ба шукуфоии илм дар ҷаҳони ислом таъсири хеле созанда гузоштанд. Мероси тиббии Гундишопур барои бисёре аз олимони машҳури форсу тоҷик дар асрҳои миёна, ба мисли Мосуя, Ҳунайн Хузистонӣ, Алӣ ибни Табарӣ, Закариёи Розӣ, Алӣ ибни Аббос Маҷуси Аҳвазӣ, Ибн Сино, Берунӣ, Исмоил Ҷӯзҷонӣ, Хайём ва дигарон манбаи муҳими назариявӣ маҳсуб мешуд. Ҳар яке аз олимони дар боло зикршуда табиби моҳир, фармакологи ботаҷриба ва файласуф-мутафаккири тавоно буданд. Онҳо илмҳои эронӣ ва исломиро бо дастовардҳои нави илмӣ пур карданд ва ҳамаи ин ганҷи бепоёнро ба хидмати башарият пешкаш карданд. Гундишопур ҳатто ба қисмати ғарбии ҷаҳони ислом низ таъсир расондааст. Дар он ҷо Зуҳар Заҳравӣ, Мусо ибни Маймун, Ибни Рушд ва дигар олимони бузург анъанаҳои ин маркази илмии Эронро идома додаанд ва паҳн кардаанд. Бо таъсири ин падида қисмати ғарбии ҷаҳони ислом ба мисли Гундишопур ба як маркази муҳими илмӣ табдил ёфта буд.
Дар бораи таъсири анъанаҳои илмии Гундишопур ба ҷаҳони ислом сухан ронда, махсусан қайд кардан лозим аст, ки олимони тибби Гундишопур дар баробари хуб донистани тибби назариявӣ ва амалӣ, инчунин фалсафа ва адабиётро хуб медонистанд. Дар Гундишопур инчунин як мактаби расадхона мавҷуд буд, ки дар он, ба қавли Ричард Фрай, дар соли 184 ҳ. Аҳмад Наҳавандӣ ба донишҷӯён астрономияро таълим медод.
Тавре зикр гардид, пас аз ташаккули давлатдории исломӣ кадрҳои илмии Гундишопур ба хидмати ислом ворид шуданд. Пас аз он ки Бағдод пойтахти халифаҳои исломӣ шуд, охиринҳо кӯшиш карданд, ки ин шаҳрро ба маркази бузурги фарҳангии давлати худ табдил диҳанд. Бо ин максад дар шахр биноҳои илмию таълимї, расадхона, беморхона, китобхона ва дигар иншоотҳои маданї сохта шуданд. Дар натиҷа, дар Бағдод беҳтарин шароити моддӣ фароҳам оварда шуд, то ин шаҳр мавқеи Гундишопурро танг кунад ва аввалину бузургтарин маркази илмии ҷаҳони ислом шавад.
Ҳаёти шукуфои фарҳангӣ ва илмӣ дар Бағдод олимон ва толибони донишро аз тамоми гӯшаҳои ҷаҳони ислом ҷалб намуд. Аз ин рӯ, бисёре аз донишмандони Гундишопур ё бо даъват, ё бо ихтиёр ва ташаббуси шахсии худ Гундишопурро тадриҷан тарк карда, ба Бағдод расиданд, ки дар он ҷо шароити беҳтаре барои зиндагӣ ва фаъолияти илмӣ вуҷуд дошт. Пас аз он ки аксарияти олимони Гундишопур ин маркази илмиро тарк карданд, китобхонаи машҳури он ғорат карда шуд. Бо вуҷуди ин, як гурӯҳи муайяни ҳакимон, математикҳо ва ситорашиносон шаҳрро тарк накарданд ва ҳаёти илмии ин шаҳр то андозае то охири асрҳои IX ва ибтидои асрҳои X идома ёфт.
Аввалин китобхона дар ҷаҳони ислом, ки дар Бағдод сохта шудааст, «Байт-ул-ҳикма» ном дошт. Сохтмони ин китобхона бо фармони Ҳорун оғоз шудааст, гарчанде ки Маъмун асосгузори он ҳисобида мешавад. Ҳатто пеш аз ин, халифаи Аббосӣ Мансур ба вазирони худ фармон дода буд, ки китобҳои пурарзиши илмиро аз забонҳои дигар ба арабӣ тарҷума кунанд. Сипас, ҳамон китобҳое, ки ба забони арабӣ тарҷума шудаанд, ганҷи асосии китобхонаи машҳури Бағдодро ташкил доданд. Яҳё ибни Холид Бармакӣ, сарвазири Ҳорун, ба ӯ маслиҳат дод, ки барои ҷамъоварӣ ва нигоҳдории китобҳои арзишманд бинои махсусе созад. Ин вазири дорои маълумоти олӣ, анъанаи пешгузаштагони сосониашро идома дода, мардуми худро ба ҳама марказҳои маъруфи илмӣ ва минтақаҳои мутамаддин барои даъват кардани олимон ба Бағдод ва овардани китобҳои арзишманд фиристод. Аз ҷумла, сафирони худро ба Ҳиндустон фиристод. Онҳо бо чанд донишманди ҳиндӣ баргаштанд ва чандин китобҳои пурарзиши илмиро бо худ оварданд. Ба ҳамин тариқ, баъдтар гурӯҳҳои дигари олимон аз Хуросон, Рай, Балх, Марв ба Бағдод омаданд, ки бо фармоиши Ҷаъфар Бармакӣ ба тарҷумаи мероси риёзӣ, астрономӣ ва тиббӣ аз паҳлавӣ ва забонҳои дигар ба арабӣ шурӯъ карданд.
Шоев Зиёвиддин - сардори шуъбаи пажўҳиши анъанаву маросим ва диншиносии муқоисавӣ