«САФАРНОМА»-И АҲМАДИ ФАЗЛОН САРЧАШМАИ МУҲИМИ ИСЛОМӢ

Сафарноманависӣ собиқаи дерина дар миёни миллали ҷаҳон, аз ҷумла мусулмонон дорад. Кашишу ҷозибаи дарунии инсонҳо ононро ба сафар кардану ҷаҳонгардӣ водошта, ангезаҳои дигаре чун тиҷорат, сиёсат, дину мазҳаб низ дар ин амр муассир будаанд.  Тавассути сафарномаҳо мардумони он замон аз рӯзгору осори кишварҳои дигар огоҳӣ пайдо мекарданд. Агар бозаргонону сафирони расмӣ танҳо ба гурӯҳи маҳдуд қиссаҳои сафари худро бозгу кунанд, пас афроди донишманду огоҳ бо нигориши хотироту сафаргуфтаҳо донишу басирати ҳамзамонону ояндагонро нисбат ба ҷавомеи инсонӣ фарохтар намудаанд. Ингуна осор бо гузаштани ҳазорҳо сол аҳамияти худро гум накардааст, зеро бештари ин навиштаҳо аз дидаҳову мушоҳидаҳо буда, сухани норосту кажжӣ дар он ба нудрат дида мешавад. 

Яке аз осори мондагору арзишманд дар заминаи сафарномаҳо асари Ибни Фазлон аст, ки онро «Рисола»-и Аҳмади Фазлон ё «ар-Риҳла» ва инчунин «Сафарнома» номидаанд.  Номи комили ӯ Аҳмад ибни Фазлон ибни Аббос ибни Рашиди Бағдодӣ буда, санаи дақиқи таваллуд ва марги ӯ маълум нест. Ӯ дар замони хилофати Муқтадир (908-932), ки аз ҷумлаи бекифояттарини хулафои аббосӣ ба шумор меояд, ба самти Осиёи Миёна, Хазар, соҳилии Волга ва Рус сафаре анҷом дода, хотироташро нигоштааст. Соли 921 дар ҷавоб ба сафорати фармонравои Булғор ба дарбори халифаи аббосӣ гурӯҳе сафарбар карда мешаванд. 

Сафорат аз шаҳри Бағдод шуруъ гашта, аз муҳимтарин шаҳрҳои Ироқу Эрону Осиёи Марказӣ мегузарад. Сафирони халифаи аббосӣ ба тартиб аз шаҳрҳои Наҳравон, Даскара, Ҳулвон (Ироқ), Ҳамадон, Сова, Рай, Симнон, Домғон, Нишопур, Сарахс (Эрон), Омул, Пайканд, Пайканд, Бухоро, Хоразм, Бошғирд ва Хазар гузар карда, аз вазъи ин минтақаҳо хабар медиҳанд. 

Сафорат ҳадафи сиёсӣ ва динӣ дошт. Ангезаи сиёсии ин сафорат ҷорӣ кардани хутба ба номи Аббосиён дар қаламрави славянҳо буда, инчунин ҷорӣ карлани дини ислом низ дар назар дошта мешуд. Сафорат аз чаҳор нафар иборат буд. Аҳмади Фазлон ба ҳайси котиби ин сафорат интихоб мегардад. Ӯ пас аз анҷоми маъмурияти хеш дар соли 922 дидаҳову шунидаҳояшро бо забони арабӣ бар рӯйи коғаз сабт мекунад.  

Рисолаи Аҳмади Фазлон дар асрҳои миёна маълум буд. Ёқути Ҳамавӣ (асри XIII)  ва Аҳмад Амини Розӣ (асри XVII) аз ин китоб ва муаллифи он ёдовар шудаанд. Китоб бо чандин забонҳои дунё, аз ҷумла форсӣ ва русӣ низ тарҷума ва нашр шудааст. Мутарҷими форсии рисолаи Аҳмади Фазлон Абулфаҳли Таботабоӣ ба шумор меравад. Тарҷумаи русии асар, ки тавассути Ковалевский А.П. сурат гирифта, бо шарҳу тавзеҳи мукаммал ҳамроҳ буда, яке аз мукаммалтарин таҳқиқот роҷеъ ба ин асар маҳсуб мегардад. 

Чанд имтиёзи ин рисола ба тартиб иборатанд аз мавориди зерин:

1.Сафарномаи Аҳмади Фазлон, ки аз ҳудуди Ироқ то кишвари феълии Русияро фаро гирифтааст, дорои маълумоти муфиди ҷуғрофӣ мебошад. Аз ҷумла, ғайр аз масофаи шаҳру деҳот, ки барои ҷаҳонгардон як чизи маъмулӣ мебошад, дар хусуси корвонсарою работҳои масири ҳаракати худ ахбори дақиқ медиҳад. Инчунин муаллиф дар хусуси иқлиму гармиву сардии баъзе минтақаҳо ҳикоятҳои ҷолиб дорад. Аз ҷумла, сардии Хоразм ва яхбандии дарёи Омуро тавсиф кардааст. 

2. Рисола дар бораи вазъи сиёсӣ ва байналмиллаии он замон ахори фаровон медиҳад. Мо аз муҳтавои ин сарчашма перомуни вазъи сиёсии он замон огоҳ мегардем. Назари ин муаллиф тақрибан бо назари дарбори халифаи Бағдод якест, ки он ҳам густариши қаламрави сиёсии ин хонадон мебошад. Аз амири хеле ҷавони сомонӣ Наср ибни Аҳмад, ки ба қавли муаллиф «ноболиғ» аст ёдовар мешавад.  

3. Навиштаи Аҳмади Фазлон аз маълумоти фаровони динӣ ва русуму эътиқоди аҳолии он замон бархурдор аст. Зеро яке аз ҳадафҳои ин сафорат густариши ислом дар миёни мардуми славян ва соҳили Волга буд. Муаллифи рисола аз гаравишҳои динии мардум ва таассубу хурофоти баъзе қавму қабилаҳо ҳикоят мекунад, ки аҳамияти муҳими илмӣ дорад. Аҳмади Фазлон аз эътиқоди русҳо ва баъзе қабилаҳои номусулмони турк ёдовар мешавад, ки барои илм ҷолиб мебошад.  

4. Дар асари Аҳмади Фазлон ахбори зиёд дар хусуси вазъи иқтисодӣ ва равобити тиҷоратии милалли он рӯз низ мавҷуд аст, ки аҳамияти муҳими илмӣ дорад. Рафту омади корвонҳои тиҷоратӣ, гардиши пулҳои гуногун ва арзиши онҳо аз мадди назари ин муаллиф берун намондааст. Дирҳамҳои машҳури қаламрави сомониро, ки ғитрифӣ номида мешуданд, зикр карда, менависад, ки мардумони маҳри занони худро бо он пардохт мекарданд.  

Ҳамин тавр, рисолаи арзишманди Аҳмади Фазлон аҳамияти муҳими таърихӣ ва фарҳангӣ дошта, ахбори он донишҳои ҷуғрофӣ, таърихӣ ва фарҳангии мо дар бораи гузаштаро такмил месозад. 

 

 

Сайфуллоҳи Муллоҷон

 

http://ensani.ir/fa/article/45729/%D9%85%D8%B9%D8%B1%D9%81%D9%89-%D9%88-...

Яндекс.Метрика