«Таърихи Байҳақ» дигар асту «Таърихи Байҳақӣ» дигар

Яке аз бахшҳои таърихнигории мо тоҷикон, ки дар асрҳои миёна рушди бесобиқа доштааст, таърихнигории маҳаллӣ ба шумор меравад. Ин навъи таърихнависӣ дар асрҳои IX-XIII хеле рушд кардааст. Тарғибгари таълифу тадвини таърихҳои маҳаллӣ бештар намояндагони ҳукуматгари силсилаҳои маҳаллӣ будаанд, ки дар шаҳру вилояти гуногун ҳукм меронданд. Ба иборати дигар таърихи маҳаллӣ навъе шаҳршиносӣ дар илми таърихнигории миллӣ аст, ки иттилооти ҷомеъе дар бораи шаҳрҳо, сокинони он, мардони номовару чеҳраҳои дурахшони илму адабу ҳунар ва ҷуғрофияро дар бар мегирад. Мафҳуми таърихи маҳаллӣ дар миёни мардуми Аврупо низ маъмул буда, он бо вожаи Local history  баён мешавад. 

 

Ҳамин тавр шаҳру вилоятҳои асримиёнагии тоҷикнишин аз қабили Самарқанд, Бухоро, Ҳирот, Марв, Балх, Рай, Нишопур, Хоразм, Табаристон ва ғайра соҳиби таърихномаҳо гаштанд, ки ҳар кадом аҳамияти муҳими илмӣ дорштанд. Аммо на ҳамаи ин китобҳо аз ҷабри таъриху айёми пурошубу ноором амон монда, аз баъзе танҳо ном боқӣ мондаасту бас. То кунун таърихномаҳои маҳаллии ба Бухоро, Нишопур, Ҳирот бахшидашуда дар дастраси мо қарор дошта, осори ба шаҳру вилоятҳои дигар ихтисосёфт аз байн рафтаанд. Яке аз минтақаҳои маъруфу таърихии сарзамини Хуросон Байҳақ ном дошт, ки дар байни роҳи Нишопур ва Рай қарор дошт. Ин вилоятро ҷуғрофидонҳои асри Х борҳо ёдовар шудаанд. Пас аз давраи Темуриён номи Байҳақ дигар аз байн рафта, номи Сабзавор ки яке аз шаҳрҳои ин вилоят буд ба ҷои Байҳақ истифода мегардад. Афроде ки аз ин ноҳия бархостаанд ба номи ин вилоят машҳур гашта, маъруфтарин чеҳраҳои ин вилоят донишманди муҳаддис Абубакр Аҳмад ибни Ҳусайни Байҳақӣ (9994-1066) ва муаррихи забардаст Абулфазли Байҳақӣ (995-1077) ба шумор мераванд.

 

Шахсияти донишманду мумтози дигаре бо номи Заҳируддин Абулҳасан Алӣ ибни Абулқосим Зайди Байҳақӣ (1100-1169) мебошад, ки дар таърих ҳамчун адибу фақеҳ ва донандаи алми ансоб машҳур гашта, номи дигари ӯ Ибни Фундуқ мебошад. Аммо аз миёни осори таълифкардаи ӯ танҳо китобе ки ба замони мо расидааст, китобе бо номи «Таърихи Байҳақ» мебошад. Ин китоб дар соли 1150 таълиф шуда, каме баъдтар иловаҳое низ бар он афзуда шудааст. Ин китоб матолиби арзишманде дар бораи ҷуғрофия, таърих, фарҳанг ва номоварони ин хиттаро дар бар дорад. Ахборе дар ин китоб фароҳам оварда шудааст, ки дар ягон китобу рисолаи дигар дучор намешавад. Аз ин рӯ, онро донишмандон барҳаққ як манбаи нотакрору мунҳасир ба фард номидаанд. 

 

Яке аз фазилатҳои дигари «Таърихи Байҳақ» он аст, ки муаллифи китоб ба баъзе китобҳое дастрасӣ доштааст, ки ин китобҳо дар давраҳои минбаъда аз байн рафта, арзиши сарчашмаро бештар менамояд. Ибни Фундуқ таъкид мекунад, ки таърих илме судманд аст ва афроди огоҳу хирадманд боястӣ онро фаро гиранд. Муаллиф нисбати зодгоҳаш Байҳақ муҳаббати беандоза дошта, фазилатҳои ин вилоятро баршумурдааст. Чунин равишро мо дар «Таърихи Систон» низ метавонем мушоҳида кунем. Муаллифи «Таърихи Байҳақ» фасле ҷудогонаро ба мазору мақбараҳои ин вилоят ва хонадонҳои содот, яъне афроде ки насабашон ба пайғамбари ислом мерасад ихтисос додааст. 

 

Дар қисмате дигар «Таърихи Байҳақ» роҷеъ ба сарнавишти ин вилоят дар аҳди хонадонҳои тоҳирӣ, саффорӣ, сомонӣ, ғазнавӣ ва салҷуқӣ маълумот додааст, ки он низ барои такмили таърихи ин силсилаҳо муфид мебошад.  Қисмати хеле муҳими асари Ибни Фундуқ ба зикри донишмандону шоирон ва дигар риҷоли машҳури Байҳақ бахшида шудааст. Ин гуна иттилооти асар низ беназир буда, дар бораи баъзе шахсиятҳои таърихӣ мо аз ҳамин китоб маълумот ба даст меоварем. Аз ҷумла, перомуни хонадони вазири маъруфи Салҷуқиён Хоҷа Низомулмулки Тусӣ ва фарзандону бастагони ӯ ва сарнавишти баъзе аз онҳо маълумот медиҳад. Сабки нигориши китоб ба равиши муаллифони асри XII, аз ҷумла «Чаҳор мақола»-и Арӯзии Самарқандӣ ва «Тазкирату-л-авлиё»-и Аттор монандӣ дорад. 

 

Бархе аз ноогоҳон «Таърихи Байҳақ»-ро ба «Таърихи Байҳақӣ», ки як аср қабл навишта шуда, роҷеъ ба салтанати Масъуди ғазнавист, як китоб медонанд, ки чунин нест. Хондани ин китоби арзишмандро ба ҳамаи дӯстдорони таъриху тамаддуни тоҷик тавсия мекунем.

 

Шуъбаи пажӯҳиши маъхазҳои исломӣ 

Яндекс.Метрика