Мақола

Сада дар гузаштаи тоҷикон

Мувофиқи ривояти «Шоҳнома» Ҳушанг шоҳи пешдодиён ин ҷашнро асос гузоштааст.Гӯё Ҳушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ҳушанг сӯйи мор санг меандозад. Санг бар санги дигар бархӯрда аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила оташ кашф мегардад. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта ба он саҷда мекарданд.

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.  Унсурӣ

Ҳасад пеш аз ҳама соҳиби худро нобуд месозад

Ҳасад ё ҳасодат одати бадест, ки дар луғат ба маънои орзӯи аз байн рафтани неъматҳо ва пешравиҳои дигарон аст. Шахси ҳасуд касест, ки дар дарунаш як ҳиссе нисбат ба атрофиён дорад, пешравиҳои онҳоро намехоҳад ва пайваста дар орзӯи он аст, ки инсонҳо шикаст бихуранд ва агар тавонои дошта бошад, монеи пешравиҳои атрофиён мешавад. 

НАЗАРИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВА РЕШАҲОИ ТАЪРИХИИ ОН ДАР ФАРҲАНГИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН (Дар партави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон»)

Қисми дуюм. Аз ин рӯ, дар раванди ташаккули мафкураи шӯравӣ чунин идеяҳо матраҳ ва дар ҳаёт ҷорӣ карда шуданд, ки бояд дар ниҳояти кор ба барпо намудани ҷамъияти ҳақиқии коммунистӣ – ҷамъияте, ки дар тибқи таълимоти марксистӣ-ленинӣ, нобаробарии миллӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва моддӣ вуҷуд надорад, бурда мерасониданд. Ба ин гуна идеяҳо диктатураи пролетариат, иттифоқи коргарон ва дехҳқонон, интеллигенсияи шӯравӣ, иқтисодиёти сотсиалистӣ, эстафетаи коргарӣ, ватандӯстии шӯравӣ (фаромиллӣ) ва ғайра дохил мешуданд.

Китоби “Осор”- и Юсуф фарзанди Абӯюсуф ҳамчун сарчашмаи баланди илмӣ

Китоби “Осор”-ро Юсуф фарзанди Абӯюсуф аз падараш, аз Абӯҳанифа (р) ривоят кардааст. Санади ривоятҳои ин китоб ба Расул (с) ё саҳобӣ ё тобеӣ, ки Имом раъйи ӯро писандидааст мерасад. Бинобар ин, китоби мазкур, дар ҳоле, ки иснод ба Абӯҳанифа (р) дода шудааст, маҷмӯае аз фатвоҳоест, ки Имом аз гуфтаҳои фуқаҳои Куфа ихтиёр намуда, ё мухолифати онҳо бо овардани далили он кардааст. Ин китоб ба унвонҳои фиқҳӣ тартиб дода шуда, аз се назар арзиши баланди илмӣ дорад:

РОҶЕЪ БА МАФҲУМИ «ВАН ДАО» ДАР ТАЪЛИМОТИ КОНФУТСИЙ (Қисми дуввум)

Истилоҳи «Ван Дао» (хитоӣ: «роҳи ҳокими комил», «роҳи шоҳи ҳақиқӣ») мафҳуми афкори сиёсии анъанавии чинӣ, асосан хоси таълимоти Конфутсий буда, идеали идоракунии давлатиро ифода мекунад. Бори аввал дар «Шу изид» зикр шудааст. Иероглифи «Ван», ки ба биноми «Ван Дао» дохил шудааст, унвони ҳокими олиро дар Чини қадим (то охири асри III пеш аз милод) ифода мекунад.

Тарбияи ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунеро қабул кард, ки барои имрӯзу фардои кишвари азизамон аҳамияти муҳим дорад. Қонун дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз 21 боб иборат буда, дар моддаи дуюми он таъкид мешавад, ки он ба мақсади «ташаккул додани айнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ» дар ниҳоди шаҳрвандон қабул шудааст. Ҳанӯз сӣ сол муқаддам назарияпардозону сиёсатмадори аврупоӣ пешбинӣ карда буданд, ки ҷомеаҳои кишварҳои пасошӯравӣ гирифтори буҳрони ҳувият гашта, ба мушкили ҷиддӣ мунҷар мегардад.

Роҳҳо пайвандгари қалбҳо

(Бардошт аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

Ватандӯстӣ - қарзи ҳар як шаҳрванд аст!

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода дар мақолаи худ «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамчун омили асосӣ ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа», ки дар заминаи Паёми имсолаи Пешвои миллат таълиф гардидааст, бори дигар ба масъалаи хеле муҳим ва зарурии ҷомеа-тарбияи ватандӯстии аҳли ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намудааст, ки ин бесабаб нест.

Страницы

Яндекс.Метрика